Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дарёфти кӯмак аз хориҷ камбуди будҷаро рафъ мекунад?


Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба хотири пур кардани будҷаи кишвар дар садад аст аз Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёи Рушд дар маҷмӯъ 80 миллион доллар кӯмак дарёфт кунад.

Ин вазорат ҳоло бо ин ду бонк дар ҳоли гуфтушунид аст ва дар сурати тасдиқ шудани барномаи кӯмак ба будҷаи Тоҷикистон аз сӯи онҳо, қарор аст Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион ва Бонки Осиёии Рушд 50 миллион доллар ба Тоҷикистон бидиҳанд.

Аз Вазорати молия Тоҷикистон рӯзи 13-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар сурати ҷудо шудани ин кӯмакҳо ба Тоҷикистон, камбуду норасоиҳои будҷаи кишвар бартараф карда мешаванд.”

Барои пур кардани будҷа Тоҷикистон ба ҷуз аз ин ду созмон ҳамчунин аз Бонки Авроосиёии Рушд низ қарор аст имсол 40 миллион доллар қарз бигирад. Тоҷикистон дар ҳоле аз ин ду бонки байналмилалӣ кӯмак дарёфт карданист, ки даромади будҷааш ба маротиб кам шудааст ва дар иҷрои нақшаи даромади будҷа мушкилӣ мекашад.

Дар миёнаи соли ҷорӣ бо вуҷуди он, ки бо пешниҳоди ҳукумат нақшаи даромадҳои будҷа 450 миллион сомонӣ поин бурда шуд, вале бо ин вуҷуд, будҷаи кишвар ба пуррагӣ иҷро нашуд ва каср ва ё норасоии будҷа ба 144 миллион сомонӣ мерасад.

Тоҷикистон дар ҳоле аз ин ду бонки байналмилалӣ кӯмак дарёфт карданист, ки даромади будҷааш ба маротиб кам шудааст.

Аммо кӯмакҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳам барои дастгирии будҷаи давлат ҳарҷанд аксаран бебозгаштанд, аммо бе қайду шарт нестанд. Ҳар яке аз ин созмонҳои байналмилалӣ қабл аз ироаи қарзи имтиёздор ва ё грант, аз ҳукумати Тоҷикистон иҷрои ин ва ё он шартро талаб мекунанд. Аммо то куҷо ин шартҳо ба манфиати Тоҷикистонанд?

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, ки ба ҳайси мушовир дар бисёре аз тарҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ширкат дошт, мегӯяд, бонкҳои байналмилалӣ ҳатман бар ивази гузаронидани ислоҳот дар ин ва ё он соҳа, ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, “ислоҳоте, ки онҳо аз Тоҷикистон талаб мекунанд, дар аксарияти маворид ба фоидаи кишвар аст. Барои мисол, яке аз шартҳои Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии молиявии будҷа ин буд, ки таҷрибаи пешакӣ ситонидани андоз аз байн бурда шавад, ки ба фоидаи соҳибкорӣ аст. Бонки Осиёи Рушд талабаш ин дастгирии соҳибкори занон аст. Шартҳои гузоштаи онҳо низ ба манфиат аст. Яъне ба занҳо имконият дода шавда, ки ба таври электронӣ дар барои бизнеси худ ба нозироти андоз ҳисобот диҳанд.”

Вазиров афзуд, талаби Бонки Авроосиёи Рушд ин аст, ки сармаранокии имтиёзҳои андозие, ки ба ширкатҳои алоҳида дода мешавад, санҷида шавад ва агар онҳо самарабахш набуданд ин имтиёз аз он ширкатҳо боз пас гирифта шавад. Вазиров гуфт, дар маҷмӯъ он шарту ислоҳотҳое, ки созмонҳои байналмилалӣ бар ивази кӯмаки молиявӣ аз Тоҷикистон талаб мекунанд, дар суртаи ба пуррагӣ иҷро ва татбиқ шуданашон ба фоида рушди қитисодиёти кишвар аст.

Зимнан, имсол қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2 миллиарду 276 миллион доллар расид, ки 35,9 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохиларо ташкил мекунад. Ба ибораи дигар, ҳар сокини Тоҷикистон аз хориҷа 284 доллар қарздор аст. Бахши аъзами қарзи Тоҷикистон -- беш аз 43 дарсади он аз Чин аст.

XS
SM
MD
LG