Тоҷикистон ба хотири муқобила бо асароти бӯҳрони иқтисодии Русия имкони дарёфти то 500 миллион доллар кӯмаки молӣ аз Сандуқи байналмилалии пул (СБП ё IMF)-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 24 феврал нашрияи “Financial Times”-и чопи Бритониё дар матлабе бо номи "Тоҷикистон ва СБП масъалаи кумакҳои молиро музокира доранд" хабар дод. Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мусоҳиба бо “Financial Times” гуфтааст, СБП метавонад ба Тоҷикистон аз тариқи қарзҳои дарозмуддаташ кумак расонда ва ним миллиард доллар метавонад маблағи “муносиб” бошад.
Аммо оқои Нуралиев афзудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ироаи дархости расмӣ барои кумакҳои молӣ тасмим нагирифтааст. Муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 24 феврал нашр шуд, гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон “дар марҳалаи гуфтугӯ бо Сандуқ қарор дорад.”
Як манбаи Озодӣ дар Бонки миллӣ рӯзи 24 феврал гуфт, музокираҳои муқаддамотӣ ба хотири ҷалби ёриҳои молии Сандуқи байналмилалии пул ҷараён доранд ва ин мавзӯъ дар ҷараёни сафари ахири ҳайъати ин ниҳоди молӣ ба Душанбе низ дар миён гузошта шуд. Вале ин манбаи огоҳ аз ҷараёни музокираҳо бо ниҳодҳои молӣ низ мегӯяд, ҳанӯз дархости расмие дар ин замина таҳия ва ба Сандуқи пул ироа нашудааст.
Мушкилоти иқтисодие, ки асосан аз буҳрони иқтисодии Русия маншаъ мегирад, Тоҷикистон, яке аз кишварҳои хеле вобастаи Маскавро дар як вазъи мушкил қарор додааст. Мақомоти ин кишвар ахиран гуфтанд, ки нақшаи даромадҳои будҷаи давлатӣ дар моҳи январ танҳо 87 дарсад иҷро шуд ва ба ҷои 1 миллиарду 56 миллион ба будҷа ҳамагӣ 926 миллион сомонӣ ворид шудааст.
“Financial Times” менависад, коҳиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи сахт зад” ва қурби сомонӣ ҳам дар муқобили доллар башиддат пойин рафт. Ин мушкилот метавонад дасти ҳукуматро аз иҷрои барномаҳояш ва ҳатто дар амри пардохти маошу нафақаи мардум, ки бояд аз моҳи июн боз боло бурда шавад, кӯтоҳ ва Душанберо маҷбур мекунад, ки барои ёриҳои молӣ ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Константин Бондаренко, раҳбари Маркази “Бозори озоди Тоҷикистон” рӯзи 24 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ муроҷиати ҳукумат ба ин ниҳодҳоро “комилан табиӣ” номид. Ба ақидаи ӯ, “конъюнктураи ивазшудаи хориҷӣ – коҳиши пули муҳоҷирон ва пойин рафтани нархи маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон заъфҳои иқтисоди ин кишварро рӯи об баровард. Талошҳои бо роҳҳои маъмурӣ боло бурдани ҳаҷми андозҳо ва тарҳики иқтисод тавассути тарҳҳои азими давлатӣ натиҷа надод. Баракс фишори андоз ва хароҷоти беасари будҷа пасрафти иқтисодро таҳрики бештар дод.”
Бондаренко меафзояд, аксари шарикони хориҷии Тоҷикистон, бахусус Русия худ дар вазъи мушкил қарор доранд ва ба ёрии Душанбе расида наметавонанд. Ва ин дар ҳолест ки имконоти тавсиаи манобеи дохилии пур кардани будҷа тақрибан тамом шудааст. Ва дар ин шароит, ба ақидаи ин иқтисоддон, “ягона чора муроҷиат барои кумак ба созмонҳои молии ҷаҳонист. Яқинан ҳисоб рӯи ин аст, ки уфти бештари иқтисоди Тоҷикистон хатарҳои зиёд дорад, аз ҷумла барои бозигарони байналмилалӣ. Ва барои онҳо ҳадди ақал дар ҳамин ҳоли “шино” нигоҳ доштани ин кишвар назар ба фурӯпошии иқтисодаш беҳтар аст, чунки агар иқтисоди Тоҷикистон фурӯ бипошад, хоҳ-нохоҳ маҷбуранд дасти ёрӣ дароз кунанд.”
Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, Сандуқи пул танҳо ниҳоди байналмилалии молӣ нест, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯи ҷалби кумакҳои молиаш ҳисоб мекунад. Бонки осиёии рушд дар моҳи декабр ҷиҳати ироаи 60 миллион доллар ба Душанбе тавофуқ кард ва ба гуфтаи Нуралиев, дар ҳоли ҳозир, музокирот барои ҷалби 30 миллион доллар аз Бонки ҷаҳонӣ ва 20 миллион дигар аз Сандуқи субот ва рушди АвроОсиё идома доранд.
Ҳамсӯҳбати мо аз Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, музокираҳо бо ин ниҳодҳо маъмулан хеле тӯлонӣ ва мушкиланд, чунки “онҳо шартҳои зиёд мегузоранд ва иҷрои ҳар кадомашро мӯшикофона талаб мекунанд. Бахусус Сандуқи байналмилалии пул хеле сахтгир аст дар додани қарз.”
Ин ниҳод ду ҳафта пеш дар гузоришаш вазъи низоми молиявии Тоҷикистонро “осебпазир” унвон кард ва гуфт, ду бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон, ки 41 дарсади кулли суратҳисобҳои бонкии кишвар дар онҳо ҷойгир аст, дучори мушкил шудаанд. Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешуд, ки аз 11 тавсияи ҳанӯз дар соли 2007 ба Тоҷикистон барои беҳтар кардани низоми молиявиаш додаи Сандуқи байналмилалии пул то имрӯз танҳо 4 тавсия пура ва 6 тавсияи дигар қисман иҷро шудааст.
Константин Бондаренко мегӯяд, Душанбе то ин дам манобеи дигари молӣ дар ихтиёр дошт ва арзёбиҳои нохушбинонаи ниҳодҳои байналмилалии молӣ дар бораи суръати рушди иқтисодаш ва барномаҳои зиддибӯҳрониашро нодида мегирифт, вале ҳоло ночор аст, ки ба шартҳои ин созмонҳо амал кунад. Ӯ мегӯяд, гумон аст, ки ниҳодҳои молие, чун Сандуқи пул, ин бор ҳам ҳамту ба Душанбе кумак расонанд: “Агар ёрӣ диҳанд, ғолибан бо шартҳои хеле сахт ҷиҳати пешбурди сиёсати иқтисодии мушаххас дода мешаванд. Ин шартҳо пеш аз ҳама, кам кардани хароҷоти давлатӣ, танзими озодтари бозори асъор ва анҷоми як силсила ислоҳотро дар бар хоҳанд гирифт. Ва ин бад нест, чунки бидуни фишор аз хориҷ, ҳукумати Тоҷикистон худаш барои анҷоми чунин ислоҳот азму иродаи чандоне нишон намедиҳад.”
Сандуқи байналмилалии пул дар соли 2008 пас аз як арзёбии ширкати “Ernst&Young”, Бонки миллии Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти барғалат ба хотири дарёфти 47 миллион доллар қарз аз ин созмон муттаҳам карда буд. Он замон Бонки миллӣ айбномаро қабул карда, ризоият дод, ки ин қарзашро қабл аз муҳлат баргардонад. Пас аз ин моҷаро Сандуқи байналмиллалии асъор ба Тоҷикистон қарзу кумакҳои қобили мулоҳиза намедиҳад ва асосан бо расондани кумакҳои фаннӣ ҷиҳати рушди ниҳодҳои Тоҷикистон иктифо мекунад.
Тоҷикистон аз соли 1993 узви Сандуқи байналмилалии пул аст ва дар ин муддат аз ин ниҳод ба маблағи тақрибан 200 миллион доллар қарзу ёриҳо дарёфт кардааст. Дар сомонаи намояндагии Сандуқи пул дар Душанбе гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир қарзи пардохтношудае аз ин ниҳод надорад.