Нафақагирони Тоҷикистон, ки аз паёми солонаи президенти кишварро тамошо кардаанд, умедворанд, ки билохира имсол ин ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон иҷро мешавад ва зиёне, ки аз афзоиши нархҳову беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон бардоштаанд, то ҳадде ҷуброн хоҳад шуд.
Бобои Ҳалим, як сокини кишвар мегӯяд, ки «ҳамин агар камтар нафақа зиёд мешуд, зиндагии мо ҳам нағзтар мешуд. Пиёз аст, картошка аст, гӯшт аст ё чизе барои набераҳо мегирифтем. Чанд-то набера дорам...»
Нафақагири дигар, ки аз ошкор намудани номаш худдорӣ кард, мегӯяд: «Ҳамон нафақа истаду нарх тағйир наёбад. Қанд 7 сомонӣ. Равған 12-13 сомонӣ. Ин маблағ чӣ мешавад? Орд барои мисол, 200 сомонӣ...»
Бар пояи қонуни нафақаи Тоҷикистон, феълан нафақаи поинтарин ба 130 сомонӣ баробар аст ва агар ваъдаи президентӣ иҷро шавад, тобистони соли равон нафақа то 20 дарсад боло бурда хоҳад шуд.
Як сол пеш 130 сомонӣ ба тахминан 27 доллари ИМА баробар буд, вале дар давоми соли гузашта пули миллии Тоҷикистон дар муқобили доллар наздики 30 дарсад қурбашро аз даст дод ва болоравии кунунӣ фақат қисме аз хасороти молии нафақагиронро ба истилоҳ «индексатсия» мекунад.
Дар паёми солона, ки рӯзи чоршанбеи 21-уми январ садо дод, президенти Тоҷикистон эътироф кард, ки вазъи номуносиби иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон иҷрои як силсила барномаҳои иҷтимоиро ба таъхир гузошт. Вай аз ҷумла гуфт, ки «...бо сабаби коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипендия амалӣ нагардид. Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад...”
Иқтисодшиноси тоҷик Ғафур Расулов мегӯяд, таъхири афзоиши нафақа пеш аз ҳама ба коҳиши вуруди сармоя иртибот дорад. Ба қавли вай, дар соли 2014-ум муҳоҷирони кории Тоҷикистон танҳо аз Русия наздик 4 миллиарду 200 миллион доллар ирсол намуда буданд. Соли 2015-ум бошад, ин рақам ба ҳисоби миёна 32 дарсад коҳиш ёфт. Бар илова, нархи моли содиротии Тоҷикистон поин шуд.
Ғафур Расулов мегӯяд, ки «вақте нархи пахта, алюминий ва сабзавот арзон шуд, қисме аз маблағҳои пешбинишуда ба Тоҷикистон ворид нашуд. Бинобар ҳамин дар назди ҳукумати Тоҷикистон вазифа гузошта шуд, ки бештар аз омилҳои дохилӣ истифода бурда шавад».
Ба қавли ин иқтисодшинос, будҷаи имсолаи Тоҷикистон ба 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд, ки дар муқоиса бо соли пеш тахминан 3 миллиард доллар бештар аст. Суоле ба миён меояд, ки дар ҳоли амиқрафти буҳрони иқтисоди дар Русия, поинравии рушди иқтисоди Чин, ки коршарикони асосии Тоҷикистон мебошанд ва ҳамзамон бо он коҳиши нархи молҳои асосии содироти Тоҷикистон, ин маблағ аз куҷо ба даст меояд?
Иқтисодшиноси тоҷик Шамсиддин Ҷалолов бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд дар навбати аввал ба сарчашмаҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ кунад: «Аз будҷа давлат 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ барои боло бурдани маошу нафақа масраф мешавад. Ҳукумат барои афзоиши даромад ба се манбаъ таваҷҷӯҳ кардааст: ҷамъи андоз, андозҳои иловагӣ ва ҷалби сармоя аст».
Воқеан, пешбиниҳои созмонҳои молии ҷаҳонӣ дар бораи вазъи иқтисоди минтақа ва Русия, ки мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик ва ба истилоҳ сармоягузорони хориҷии Тоҷикистон мебошанд, зиёд мусбат нестанд ва барои рушди иқтисод, иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ Тоҷикистон бояд ба истифодаи беҳтари имконоти дохилӣ, ташкили муассисаҳои нав, пайдо намудани коршарикону сармоягузорони нав ва шояд гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои мувозинати буҷҷет таваҷҷӯҳ кунад.