Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заъфи блоки иқтисодии ҳукумат дар баробари буҳрон


Дар соли гузаштаи 2015 таъсири амиқи буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҳам расид ва дар ин шароит беш аз ҳама заъфи бахши иқтисодии ҳукумат бармало шуд.

Дар соли гузашта бештар ангушти иттиҳом сари Бонки миллӣ ва вазорати молияи Тоҷикистон баланд мешуд, ки аввалӣ натавонист аз ҷаҳиши якбораи қурби доллар ҷилавгирӣ кунад ва дувумӣ нақшаи даромади буҷаи кишварро ба пуррагӣ иҷро намояд.

Ҳанӯз дар оғози сол ҳукумати Тоҷикистон як барномаи зиддибӯҳронии иборат аз 54 бандро қабул кард, ки масъулияти иҷрои он ба дӯши ниҳодҳои бахши иқтисодӣ ва ё ба истилоҳ блоки иқтисодии ҳукумат вогузошта шуда буд. Тибқи ин барнома, ниҳодҳои блоки иқтисодӣ муваззаф шуданд, ки аз беқурбшавии пули миллии сомонӣ ҷилавгирӣ карда, инчунин, мизони қарзҳои саривақт пардохтношударо дар системаи бонкӣ кам кунанд.

Бар асоси ин барнома, ниҳодҳои блоки иқтисодӣ мебоист қарздории ширкатҳои давлатиро коҳиш дода, вазъи молии ширкатҳои “Барқи тоҷик”, “Талко” ва “Агроинвестбонк” беҳтар мекарданд.

Бино ба маълумоти дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар соли гузашта, баръакс мизони қарздории ширкатҳои давлатӣ натанҳо кам нашуд, балки аз 27 дарсади қаблӣ то ҳадди 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд шуд. Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” танҳо дар назди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба ним миллиард сомонӣ баробар шуд ва ҳукумати кишвар дар охири сол маҷбур шуд, ки дар ивази қисме аз қарзҳои “Барқи тоҷик” нерӯгоҳи “Сангтӯда-“-ро аз андоз маоф кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик низ дар оғози соли 2015 як барномаи зиддибуҳронии иборат аз 21 бандро омода ва ба ҳукумат фиристод. Умаров гуфт, ки блоки иқтисодии ҳукумати дар шакли феълӣ аз уҳдаи иҷрои ин барнома намебарояд ва як шарти иҷрои барканории роҳбарони блоки иқтисодӣ низ ҳамин аст.

Ҳеч яке аз нуктаҳои барномаи ин иқтисоддон он замон ба инобат гирифта нашуд, аммо Умаров мегӯяд, ки бо гузашти як сол ҳамон барномаи худи ҳукумат қабулкарда низ ба пуррагӣ иҷро нашуд. Ӯ афзуд, “ҳамон замон мансабдорон мегуфтанд, ки ин барномаро қабул кардем ва касри буҷа ба вуҷуд намеояд. Агар ҳамин барномаи зиддибуҳронӣ иҷро мешуд, имрӯз касри буҷа ба вуҷуд намеомад.”

Бузургтарин чолише, ки блоки иқтисоди ҳукумат имсол рӯ ба рӯ шуд, ин коҳиши қурби сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ, хусусан доллар ва кам шудани даромадҳои буҷаи кишвар буд. Барномаи даромадҳои буҷаи кишвар барои бори аввал дар панҷ соли охир ҳудуди 400 миллион сомонӣ камтар аз нақша иҷро шуд. Қурби як доллари амрикоӣ аз 5 сомониву 30 дирам дар оғози соли гузашта то ба 7 сомониву 19 дирам бинобар қурби расмӣ боло рафт. Дар бозори сиёҳ 1 доллар бар ивази 8 сомониву 25 - 8 сомонию 30 дирам доду ситад мешавад.

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Агар дар иҷро нашудани қисмати даромади буҷа бештар ангушти иттиҳом сӯи вазорати молия боло карда мешуд, дар беқурбшавии сомонӣ дар қиболи доллар беш аз ҳама Бонки миллиро муқассир медонистанд.

Аммо профессор Аброр Мирсаидов - иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки дар поин рафтани қурби сомонӣ дар қиболи доллар Бонки миллӣ гунаҳкор нест, чунки қурби пулли миллӣ аз истеҳсолот бештар вобаста аст.

Ӯ мегӯяд, “воридоти мо аз содиротамон бештар аст. Бинобар ин доллар ҳамеша берун меравад, чунки мо бо ин асъор аз хориҷа мол ворид мекунем. Маҳсулоти содиротиамон чандон зиёд нест. Нархи аллюминий ва пахта низ дар бозорҳои ҷаҳон арзон шуд. Бинобар ин, қурби доллар дар дохили кишвар боло рафт ва дар чунин вазъият тамоми ниҳодҳои вазорати саноат, кишоварзӣ, иқтисод ва рушди савдо низ масъуланд, на танҳо Бонки миллӣ.”

Мирсаидов гуфт, ки буҳрони иқтисодӣ натанҳо ба қурби пули миллии Тоҷикистон, балки ба қурби пулии миллии дигар кишварҳо низ таъсир кардааст.

Вазорати молия, як ниҳоди калидии блоки иқтисод ва муайянкунандаи сиёсати фискали давлат, ки масъули харҷу дахли буҷа аст, дар соли ҷорӣ натавонист қисмати даромади буҷаро пурра иҷро кунад. Бар замми ин дар такя ба гузоришҳои носаҳеҳи ин ниҳод, ки таъсири манфии буҳронро ба инобат нагирифта буд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сол дар паёмаш ба парлумон эълон кард, ки маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли ҷорӣ аз аз 20 то 30 дарсад боло хоҳад рафт.

Вазорат бо ин амал раиси ҷумҳурро дар ҳолати ногувор гузошт, чунки дар миёнаи сол буҳрон аз худ дарак дод, даромади будҷа коҳиш ёфт ва билохира вазири молия Абдусалом Қурбониён дар назди вакилон иқрор шуд, ки масъалаи боло бурдани маошу нафақа то ба вақти номаълум мавқуф гузошта мешавад.

Масъуд Собиров
Масъуд Собиров

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, то замоне ки роҳ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон боз нашавад, мушкили иқтисодӣ гиребони кишваро раҳо нахоҳад кард. “То ба ҳол саромоядорони мо ба тиҷорат машғуланд, чунки тиҷорат даромади бештар барояшон меорад. Аммо мо бояд вазъро ба таври усулӣ тағйир диҳем, то ки сармоядорон ба истеҳсолот рӯй оранд,” – шарҳ дод ӯ.

Бино ба арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 рушди 4,2 дарсадӣ дошт. Ин дар ҳолест, ки тайи 15 соли охир суръати миёнаи рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон камаш 7 - 8 дарсадро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG