Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ: “Амонатбонк” зидди 164 хоҷагии деҳқонӣ


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии шикояти "Амонатбонк" алайҳи 164 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Вахш оғоз кардааст, ки гӯё дар баробари бонк қарздор шудаанд.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии шикояти яке аз бонкҳои бузурги давлатӣ алайҳи 164 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Вахш оғоз кард, ки, ба гуфтаи бонк, миллионҳо сомонии гирифтаашонро барнагардондаанд. Аммо намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ иддао доранд, ки собиқ саҳҳомони хоҷагӣ ин мабалағҳоро ба манфиати худ истифода бурданд ва бори қарзи бонкиро ба дӯши заминҳои иҷоравӣ гузоштанд. Давронбек Таваров, яке аз намояндагони хоҷагии деҳқонии ноҳияи Вахш рӯзи чоршанбеи 19 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “гап сари 3 миллион сомоние, меравад, ки соли 2008-2009 собиқ раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди “Дӯстӣ-М” Мирзоалӣ Муродов гӯё бо ҳадафи парвариши пахта аз “Амонатбонк” қарз гирифтааст.

Ҳол он ки, ба гуфтаи Давронбек Таваров, онҳо бо маблағи шахсии худ ба истеҳсоли пахта ва коркарди он машғул будаанд ва аз ин пул “як тин” надидаанд. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, соли 2008, вақте ҳукумат қарор кард, ки заминҳоро ройгон ба мардум бидиҳад, Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Дӯстӣ-М”, ки зарурати мавҷудияташ аз байн рафта буд, кормандонашро фиреб кард ва ҳамин заминҳои ба истилоҳ қарздорро ҳамчун замини ройгон ба онҳо дод. “Агар мо мефаҳмидем, ҳеҷ гоҳ ин заминҳоро намегирифтем. Ман заминро соли 2012 гирифтам ва дар соли 2014 маълум шуд, ки он қарздор будааст. Ҳоло ман бояд 3300 сомонӣ пардохт кунам. Аммо барои чӣ? Дар ҳоле ки ин пулро нафари дигар гирифтаасту ба куҷо сарф карданаш маълум нест, аммо мо бояд ин маблағро супорем?”, – мегӯяд Давронбек Таваров.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар ҳоле, ки онҳо тавони пардохти қарзро надоранд, боз кори кишоварзиро партофта, сари ҳар вақт маҷбуранд аз ноҳия ба шаҳр ва аз мурофиа ба мурофиа бираванд. Маҳмадшоҳ Муборов, яке аз намояндагони дигари хоҷагии деҳқонии ноҳияи Вахш мегӯяд, ин баҳс ду соли ахир идома дорад ва бо вуҷуди он ки додгоҳи иқтисодӣ дар вилояти Хатлон ҳукми худро ба манфиати деҳқонон содир кардааст, вале Мирзоалӣ Муродов аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ бурдааст. Муборов мегӯяд, «вақти гирифтани ин қарз Муродов бо роҳи тақаллубкорӣ 70 хонаи истиқоматии моро бидуни огоҳӣ ва ризоиятамон ба гарав мондааст ва ҳоло мо дар манзилҳои худ гӯё иҷоранишин ҳастем.

Баҳси "Амонатбонк" бо саҳмдорони хоҷагиҳои Вахш то куҷо хоҳад расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Дар ҳоле, ки ман соҳиби 6 фарзанд ҳастам. Вақте фармони президент дар бораи тақсимоти замин содир шуда буд, мо ин заминҳоро гирифтем. Ҳоло ҳамин 164 хоҷагӣ дар саргардонист ва кораш рафтану омадан аст. Аммо вай бо ин маблағ барои худ хонаҳои боҳашамат бунёд кардаву мошин харидааст”, мегӯяд вай. Додгоҳи олии иқтисодӣ мегӯяд, дар ибтидо баҳси 164 хоҷагии деҳқонӣ бо саҳҳоми ин хоҷагиҳо Мирзоалӣ Муродов дар мавриди пас гардонидани маблағ идома дошт, вале бо ҳал нашудани қазия бар рӯи се милион сомонӣ «Амонтабонк» ҳамчун сармоягузори ин хоҷагиҳо барои рӯёнидани маблағи худ аризаи шикоятӣ пешниҳод кард.

Талоши мо барои дарёфти вокуниши Мирзоалӣ Муродов ба ин қазия барҳадар рафт. Ӯ гӯширо бардошта ва “ман дар ин бора чизе намедонам” телефонро хомӯш кард. Аммо Юсуф Фақиров, раҳбари филиали “Амонатбонк”-и ноҳияи Вахш гуфт, воқеъан ҳам солҳои 2008-2009 Мирзоалӣ Муродов, ба ҳайси раҳбари Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода аз ин бонк қарз гирифтааст. Вай гуфт, он вақт хоҷагии “Дустӣ-М” ва роҳбари он вуҷуд дошт ва бо бонк онҳо шартнома доранд. Аз ин хотир маълум аст, ки пулро онҳо гирифта сарф кардаанд. Аммо вақте бар асоси қарори президент хоҷагӣ таҷдид мешавад, тибқи қарор бояд ҳамаи қарзҳо дар саҳми заминҳо бираванд.

Мо мувофиқи қонун амал дорем ва танҳо мехоҳем, ки қарзи бонк баргардонида шавад, гуфт ӯ. Ҷаноби Фақиров, афзуд, ҷонибҳо дар додгоҳ далелу ваҷҳои худро пешниҳод хоҳанд кард ва боқӣ ба адолати додгоҳӣ вобаста аст, ки ин баҳсро чӣ гуна ҳал хоҳад кард. Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, тибқи талаботи қонун дар ҳолате, ки қарзи бонкӣ ба номи хоҷагии деҳқонӣ сабт шудааст, ин хоҷагӣ, новобаста аз он ки раҳбарашро иваз кардааст, барои баргардонидани қарз ӯҳдадор аст. “Гап дар бораи механизми ташкили истифодаи қарз ва механизми боздеҳии он меравад, ки маълум мешавад ҷонибҳо аз нигоҳи иқтисодӣ мукаммал кор накардаанд.

Дар вақти тартиб додани шартномаи дутарафаи қарз, ҳамин гуна ҳолатҳои “форс мажжор” (ғайри қобили пешбинӣ)-ро ба инобат нагирифтаанд”. Ҳукумати Тоҷикистон як дафъа дар соли 2010 қарз ё бидеҳиҳои хоҷагиҳои деҳкониро авф карда буд, ки маблағи умумии он ба беш аз 500 миллион доллар мерасид. Инҳо қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ буд, ки шабеҳи қазияи ҳамсӯҳбатҳои мо саҳмдорон аз бонкҳо пул гирифтанд, аммо масъулияти бозгардонидани қарзҳоро ба дӯши кишоварзони маъмулӣ гузоштанд.

XS
SM
MD
LG