Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёзҳо ба дӯкондорони бозори "Панҷшанбе" (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати вилояти Суғд ба тоҷирони аз сӯхтори ахир зарардидаи бозори "Панҷшанбе" як силсила имтиёзҳо пешниҳод кардааст. Ин имтиёзҳо дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо бозорнишинҳо эълон шуд.

Ҳукумати Суғд ба соҳибкорони зарардида дар сӯхтор дар бозори "Панҷшанбе" ҷойҳои нав пешниҳод карда, барои аз сар гирифтани фаъолият ба онҳо имтиёзҳо таъин кард. Дар бораи додан имтиёзҳо ба тоҷирони аз сӯхтор зарардидаи бозори "Панҷшанбе" Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо онҳо паём дод. Вай гуфт, ки қарзҳои бонкии онҳо аз фоиз озод ва мӯҳлати пардохти он 1 сол тамдид карда шудааст. Ҳамчунин ба бонкҳо пешниҳод шудааст ба тоҷирони зарардида карзҳои нави боимтиёз пешниҳод намоянд.

Ҷаноби Қодирӣ дар ин мулоқот бо соҳибкорон гуфт: “Инчунин иҷорапулӣ барои соҳибкорони зарардида, ки дар рӯйхати идораи корҳои дохилӣ сабти ном шудаанд, бардошта шуд. Дар бозори наве ҳам, ки сохта мешавад, давоми 1 сол аз пардохти ҳаққи иҷора озод хоҳанд буд. Шумо, соҳибкорон, донед, давлати Тоҷикистон ба шумо дар асоси қонун дасти ёрӣ дароз карда истодааст.”

Дар мулоқот тоҷирони дӯконҳояшонро дар сӯхтор аз дастдода раҳбарони идораҳои додситонӣ, пулис, додгоҳ, сӯхторнишонӣ, намояндагии Бонки миллӣ дар Хуҷанд ва ниҳодҳои дигари масъул иштирок доштанд.

Мақомот ба соҳибкорони дӯконҳояшон сӯхта, ки теъдоди онхо беш аз 80 нафар гуфта мешавад, нуқтаҳои нави фурӯш дар бозори “Панҷшанбе” ва бозори маҳаллаи 34 - и Хуҷандро бидуни пардохти иҷорапуливу андозҳо пешниҳод карданд.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Додани имтиёзҳо ба тоҷирони аз сӯхтор зарардидаи бозори Паншанбе, ки бори аввал ба таври расмӣ аз забони мақомот садо дод, бозорнишинҳоро нисбат ба дурнамои корашон баъди зиёнҳои зиёди молӣ хушбин кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин рӯзҳои барояшон хеле вазнин, ки дӯкону молҳояшонро аз даст додаву бархе қарзҳои гарони бонкӣ то 30 ҳазор 50 ҳазор доллари амрикоӣ бар дӯш доранд, барои аз ин мушкил раҳо шудан умед ба ёриву дастгирии ҳукумат доранд.

Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд бо тоҷирони хисоротдида дар сӯхтори бозори “Панҷшанбе” эълон шуд, ки ҷойи сӯхтор тоза карда шуда, дар наздиктарин рӯзҳо бунёди фурӯшгоҳи нав оғоз хоҳад шуд. Анҷоми он ба кӯтоҳтарин муддат - то баҳори соли оянда дар назар дошта шудааст.

Сӯхтори шаби 16-ми ноябр дар бозори “Панҷшанбе” дар маҷмӯъ 800 метри мураббаъ ва беш аз 80 дӯкону фурӯшгоҳҳои марказҳои савдои “Баҳор“, «Сино», ва «Тоҷир»-ро хароб кард. Мақомот зиёни сӯхторро наздики 1 миллион сомонӣ ҳисоб карданд, вале мегӯянд, ин рақами ниҳоӣ нест ва ҳаҷми ниҳоии зарар баъди бозшуморӣ дақиқтар хоҳад шуд.

Ин видео рӯзи 27 ноябр аз қисматҳои сӯхтаи бозор гирифта шудааст:

XS
SM
MD
LG