Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Талко" ва вазорат = баҳси гурӯҳҳои манфиатдор?


Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гузориши интиқодии худро дар робита бо зараровар будани фаъолияти “ТалКо”, корхонае, ки онро бахши стратегии иқтисоди кишвар унвон мекунанд, як иштибоҳ донистааст. Коршиносон мегӯянд, ин баҳсҳо муборизаҳои байни гурӯҳҳои наздик ба ҳукуматро аланӣ кард.

Як моҳ баъди он ки вазорати молияи Тоҷикистон ширкати истеҳсоли алюминиуми “Талко”-ро барои фаъолияти “зараровар”-аш интиқод карда буд, рӯзи 30 ноябр боз ҳам худи вазорат аз вуҷуди иштибоҳи “фанниву омили инсонӣ” дар ҳисобу китоби кори корхона хабар дод.

Миёни ду ҷониби баҳс, ки бо раисҷумҳур наздик ҳастанд, муборизаи молиявиву сиёсӣ идома дорад

​ Вазорат ҳарчанд иштибоҳҳои роҳёфтаро ба таври дақиқу мушаххас зикр накардааст, вале гуфтааст, иддаои қаблиаш дар мавриди гуё аз чашми давлат пинҳон мондани беш аз 1 миллиард доллари “Талко” “нодуруст ҳисоб шуда ва ин ниҳод ба саҳве роҳ додааст”.

Баҳси гурӯҳҳои наздик ба раиси ҷумҳур?

Бархе аз таҳлилгарону нозирони ин баҳсҳо мегӯянд, доғ шудани баҳси миёни Вазорати молия ва “Талко” ҳадафҳои иқтисодӣ надошта, аз оғоз шудани “муборизаҳои молиявию сиёсӣ миёни гурӯҳҳои манфиатдори наздик ба раисҷумҳур” дарак медиҳад. Яке аз онҳо

Журналисти тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб дар "пушти ин ихтилофҳо манфиати гурӯҳҳои олигархӣ қарор дорад. Афроди марбут ба собиқ раҳбарияти вазорати молия ва ҳам нафарони таъсиргузор дар корхонаи "ТалКо" вориди баҳс шуда, гурӯҳи аввал ин баҳсро бой дод. Ҳарчанд, мешавад тахмин зад, ки дар вазорати молия воқеан ҳам мехостанд таваҷҷӯҳро як бори дигар ба вазъи корхонаи "ТалКо" ҷалб кунанд ва ин кор ҳам аз дасти онҳо омад".

Ин андешаро иқтисодшинос ва раҳбари маркази таҳлилии "Контент" Зафар Абдуллоев ҳам пуштибонӣ кард. Вай мутмаин аст, ки якбора сар задани ин баҳс ва матбуотӣ шудани он, аз бурузи муборизаҳо миёни гурӯҳҳои қудратманди кишвар аломат медиҳад. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 27 октябр ӯ гуфт: “Гап дар сари он аст, ки миёни ду ҷониби баҳс, ки бо раисҷумҳур наздик ҳастанд, муборизаи молиявиву сиёсӣ идома доранд. Танҳо дар ин мубориза қартаи нав (манзур самаранокии кори "Талко") ба ҳаракат дароварда шуданд”.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Абдуллоев афзуд, чандин сол қабл якбора дар мавриди бесамар будани усули толлинг матлабу гузоришҳо таҳия карда буд, аммо он замон ҳукумат ин гуфтаҳоро сарфи назар мекард. Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, мақсади ин баҳс, кӯшиши пур кардани будҷа ва ё, манфиатҳои иқтисодии корхона нест, балки як муборизаи сиёсӣ аст.

Абдулоев мегӯяд, яқинан толлинг барои “Талко” судовар нест: “Дар баҳси мазкур, ғайринтизор ман мавқеи “Талко”-ро дуруст мешуморам. Чунки дар солҳои осудагӣ ҳеҷ кас дар мавриди толлинг лаб во намекард ва намепурсид, ки чаро ин маблағ ба будҷа ворид намешаванд. Ҳоло бошад бозори алюминиюм дар ҷаҳон як давраи буҳрониро паси сар мекунад. Айни ҳол замони бардоштани ин масъалаҳо нест, балки сари он фикр бояд кард, ки чи гуна ширкатро наҷот бояд дод, чунки “Талко” ҳоло дар вазъияти наздик ба муфлисшавӣ қарор дорад”,- иброз дошт Абдуллоев.

“Худи вазорат гунаҳгор аст”

Иқтисоддони собиқадор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мутмаин аст, ки аз оғоз иддаои Вазорати молия дар мавриди “Талко” як иштибоҳ буд ва худи вазорат ба саҳви худ иқрор шуд. Вай гуфт: “Гузориши Вазорати молия дар марвиди “Талко“ хато буд. Ҳадафи ин гузориш танҳо рӯйпӯш кардани кори сусти Вазорати молия аст. Чунки мардум мепурсанд, ки чаро маблағу грантҳои зиёде ба Вазорати молия ворид мешавад, самаранок истифода намешавад. Барои ҳамин Вазорат мехоҳад айбро ба гардани дигарҳо бор кунад”.

Умаров аз мудирияти ин корхона ҳимоят кард ва гуфт, ки ба фарқ аз дигар сохторҳо, дар ин корхона афроди замонавӣ ва донандаи касби худ кор мекунанд.

Президент: "ТалКо"-ро дастгирӣ кунед

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ дар заминаи зарурати идомаи фаъолияти ширкати истеҳсоли алюминиуми хом "Талко" шубҳа накардааст, баръакс ин корхонаро аз оғоз ба ҳайси як бахши муҳими истеҳсоли маводи стратегии иқтисоди кишвар пуштибонӣ ва ташвиқ мекунад. Дар яке аз ҷаласаҳои моҳи декабри соли 2013 ҳам дар ҳузури аъзои ҳукумат баъди шунидани вазъи начандон хуби молии ин ширкат ва поинравии нишондодҳои соҳаи истеҳсоли алюминиум дар ҷаҳон, гуфт, "бо назардошти аҳамияти ширкати "ТалКо" дар иқтисоди миллии кишвар ва ҳам нақши бузурги иҷтимоии он" дастур дод, ки барои дарёфти роҳҳои дастгирии давлатии ин ширкат чораҳои муассир андешанд.

Манзур аз дастгирии корхона дар он сармои зимистон - таъмини бетанаффуси нирӯи барқ буд. Мавзӯи сӯҳбат аз он ҷо маншаъ гирифт, ки мавзӯи ҷорӣ будани лимити барқ дар сардиҳои шадиди зимистон ва сангинии шароити мардум бидуни барқ баррасӣ шуд. Президент дар он нишаст гуфт, дар баробари кӯмак ба "ТалКо" "таъмини муназзами аҳолӣ бо нерӯи барқ ва гармӣ" бояд фароҳам бошад. Мавзӯи таъмини "Талко" бо барқи имтиёзноки бетанаффус дар ҳоле, ки аҳолӣ дар шароити лимит ба сар мебарад, ҳамеша аз суолҳои матраҳ дар матбуоти мустақили солҳои истиқлоли Тоҷикистон будааст.

Инчунин ба ин корхона дар матбуот барои ношаффофияти бахши даромади буҷа ва зери назари афроди наздик ба ҳукумат буданаш таваҷҷӯҳ мекунанд.

Таърихчаи баҳс: ​Вазорати молия истеҳсоли толлингиро зараровар хонд

Дар гузориши моҳи октябри вазорати молия, ки дар сайти интернетии ин ниҳод пахш шуд, гуфта мешуд, ки баъди таҳлили фаъолияти ширкати алюминиюм дар солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 маълум шуд, ки “Талко” ҳудуди 1 миллираду 100 миллион доллар фоидаашро аз давлат пинҳон кардааст.

Коршарики “Талко” ширкати оффшории Talco Management Limited, ки ҳуввияти моликонаш ошкор нашудааст, ба иддаои Вазорати молия, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна алюминий ба “Талко” 500 доллари амрикоӣ пардохт мекунад. Аммо бинобар гуфтаи вазорати молия, аз ин гуна доду ситад, “Талко" аз истеҳсоли ҳар 1 тонна алюминиюм тақрибан 100 доллар зиён мебинад.

Баъдан дар посух ба ин моҷаро, ширкати "Талко" Вазорати молияро дар "бархӯрди ғайрикасбӣ" ба масъалаи марбут ба самаранокии фаъолияти ин корхона айбдор кард. Дар як изҳороташ рӯзи 27 октябр, чанд рӯз баъди пахши гузориши вазорат, "Талко" гуфт, ки бо интиқоди ахири вазорати молия розӣ нест. Дар посухи расмии "Талко" ба вазорати молия гуфта шудааст, ки хулосаҳои ин сохтор дар нисбати ширкат "воқеияти ҳолро дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад". Масъулини "Талко" аз фаъолияти ин ширкат ҳимоят карда гуфтанд, ки "бинобар дониши пасти мутахассисони вазорати молия дар робита ба усули толлинг, самаранокии ин усул дуруст арзёбӣ нашудааст ва вазорат дар арзёбии он аз бархӯрди ғайрикасбӣ кор гирифтааст".

“Талко” гуфт...

"Талко" пас аз нашри гузориши Вазорати молия як посухи муфассале ба унвонии ҳукумат ирсол карда аз Ҳукумат хоста буд самаранокии кори ширкатро баҳо дода, ин амалкарди вазорати молияро арзёбӣ кунад.

Он замон "Талко" гуфта буд вазорати молия бори дувум аст, ки бо пахши иттилоти носаҳҳеҳ ба обрӯи ин ширкат латма ворид мекунад. Дар изҳороти "Талко" гуфта омада буд ки соли 2014 вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки ширкат дар лобалои муфлисшавӣ қарор дорад ва маҳз ҳамин изҳороти Вазорати молия ҷараёни музокироти ин ширкатро бо Бонки исломии рушд ба ҳам зад. Он замон “Талко” бо Бонки исломии рушд ҷиҳати дарёфти 24 миллион доллар қарз вориди гуфтугӯ будааст.

Толлинг дар "Талко"

Усули толлинг ба ин маъност, ки як ширкати беруна ба "Талко" ашёи хом дода, дар иваз маҳсулоти коркардшуда, яъне алюминийи аввалияро мегирад. "Талко" аз коршарики толлингиаш танҳо ҳаққи истеҳсоли алюминийро мегираду бас.

Коршарики “Талко” ширкати оффшории Talco Management Limited, ки ҳуввияти моликонаш ошкор нашудааст ва ба гуфтаи Вазорати молия, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна алюминий ба “Талко” 500 доллари амрикоӣ пардохт мекунад. Аммо бинобар гуфтаи вазорати молия, аз ин гуна доду ситад, “Талко" аз истеҳсоли 1 тонна алюминиюм тақрибан 100 доллар зиён мебинад.

Ширкати "Талко", собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 1970 сохта шуд. Баҳси суду зиёни усули толлинг ва бо қиммати имтиёзнок дарёфт кардани нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон, ки мардуми рустонишини кишвар ба он дастрасии мардум маҳдуд доранд, соли 2008-ум дар рӯ зада буд.

Он замон дар саҳифаҳои матбуот, ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки беҳтар аст ин корхона фурӯхта шавад ва нерӯи барқи масрафмекардаи он дар зимистон ба мардуми кишвар дода шавад. Ба дунболи ин баҳсҳо қарори ҳукумат содир шуд, ки “Талко” нерӯгоҳи Норак ва Роғун моликияти миллӣ эълон шуд ва фурӯхтан ва ё хусусигардонии онҳо тибқи қонун манъ карда шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG