Дар натиҷаи ба якборагӣ хомӯш шудани нерӯи барқ дар шаби 28 октябр корхонаи алюминиюми тоҷик – Талко зиён дидааст. Игор Сатторов, роҳбари Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи Талко, рӯзи 29 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соати 18:31-и шаби гузашта интиқоли барқ ба корхонаи алюминиюм қатъ гардид. Ширкати “Барқи тоҷик” соати 20:40 дақиқа талош кард, нерӯи барқро дубора диҳад, аммо талош номуввафақ буд.” Сатторов гуфт, танҳо дар соати 23:18 дақиқа ба муттахассисон муяссар шуд, ки шиддати нерӯи барқро то меъёри зарурӣ барқарор кунанд. Игор Сатторов гуфт, аз хомӯш шудани якбораи нерӯи барқ ширкати Талко зиён дидааст ва ҳоло як комиссияи махсус ҳаҷми зиёни расидаро ба корхона ҳисоб мекунад. Дар корхонаи алюминиюми тоҷик - Талко 303 хумдони барқӣ барои гудохтани алюмниюм фаъол аст, ки ба интиқоли мунтазами нерӯи барқ ниёз доранд ва бо хомӯш шудани он метавонанд корношоям гарданд.