Баъзе аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва рӯҳониёне, ки рӯзи сешанбе дар баҳси “таълимоти динӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти он” ширкат доштанд, бо зикри ҳамин нукта, аз шеваи таълими дин дар макотиби Тоҷикистон изҳори норозигӣ карданд. Ин нишаст, ки бо ибтикори масъулини сомонаи интернетии islamnews.tj ташикил шуд, нафаронеро ба ҳам овард, ки ба масъалаи таълимоти динӣ дар мактаби дунявӣ ақоиди мухолифи якдигар доштанд.
Мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки онҳо дар симои дин хатареро намебинанд ва ҳеҷ маҳдудияте дар омӯзиши динӣ вуҷуд надорад. Агар ин ҳарф ҳақиқат дошта бошад, пас чаро давлат ба таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ мухолиф аст? Ба ин суоли иштирокдорони нишаст, посухи мақомот чунин буд: "Ҳеҷ зарурате барои таҳсили ҷавонон дар хориҷ вуҷуд надорад, зеро дар Тоҷикистон ҳама шароиту имконият барои дарёфти маълумоти динӣ муҳайёст".
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин гуфт, ки солҳои охир кишвар дар ин самт хеле пеш рафтааст ва ҳоло 6 мадраса ва як донишкада ва як гимназияи таълимоти динӣ вуҷуд доранд. Ӯ гуфт, "Агар ҳамаро ба омӯзиши дини Ислом ҷалб кунем, мо чӣ хел пеш меравем? Ҳоло худатон бинед, мо чӣ истеҳсол мекунем? Бигзор илмҳои муосирро ҳам аз бар кунанду ҷомеаро пеш баранд».
Аммо аҳли муколама ин шеваро роҳи ҳал нашумурд. Ба гуфтаи онҳо, ягона фанне, ки мебоист ба хонандаҳои мактабҳои миёнаи кишвар дониши динӣ медод, “Маърифати исломӣ” буд, ки пас аз интизориҳои зиёд соли 2009 ба барномаи таълимии мактабҳо ворид шуд, вале дере нагузашта аз барнома берун карда шуд. Атоулло Қосимов, раиси раиси маркази таълимии имомхатибон дар назди Маркази исломии ҶТ:
«Вазорати маориф мехоҳад, ки маълумоти диниро худи омӯзгорони макотиби миёна ба хонандагон бидиҳанд, аммо онҳо аз ӯҳдаи ин кор намебароянд. Бубинед, агар мо бемор шавем назди сантехник намеравем, назди табиб мутахассиси тиб меравем. Онҳо фикр мекунанд, ки дин бояд дар масҷид бошад, дин бояд ҷаноза, ё намози ид бошад, аммо роҷеъ ба таълимоти динӣ иттилои кам доранд ва дар ин маврид бо муллоҳо ҳам ҳамкорӣ кардан намехоҳанд.»
Ба хотири беҳтар кардани низоми омӯзиши ислом ва ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз сӯйи ширкатдорони ҳамоиш пешниҳод шуд, ки бо ҷалби мутахассисони улуми дин, дарси «Маърифати исломӣ» дубора ба барномаи таълимӣ шомил шавад. Вале Абдусаттор Одинаев, масъули бахши равобити байналмилалӣ дар Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, мактабҳои Тоҷикистон имрӯз ба чунин фан зарурат надоранд.
«Имрӯз дар доираи он 30 фанне, ки дар мактабҳои миёна ба хонандаҳо таълим дода мешавад, ҳама ҷабҳаҳои тарбия ба роҳ монда шудааст. Ҳар муаллим қабл аз дарс чанд дақиқа ба хонандаҳо роҷеъ ба одобу ахлоқ ва мавзӯъҳои дигар сӯҳбат мекунад. Фикр мекунам, мо аз ин ҷиҳат имрӯз ягон холигӣ надорем, яъне намешавад гуфт, ки бе маърифати Исломӣ кор пеш нарафта истодааст. Дар доираи дигар фанҳо дар мактабу донишгоҳҳо ба муҳассилин маълумоти диннӣ дода мешавад».
Агар аз як сӯ таҳия нашудани китоби дарсии муносиб сабаби аз барномаи таълимӣ берун мондани дарси динӣ дар мактабҳо шуда бошад, аз сӯи дигар, камбуди омӯзгорони ин фан низ далели он аст, ки кишвар ба ҷорӣ кардани як чунин дарси муҳим омода нест.
Ин нуктаро ноиби раиси Маркази таҳқиқоти исломии назди президенти Тоҷикистон Шерзод Абдуллоев таъкид кард ва камбуди мутахассисони ҳирфаии улуми динро монеаи асосӣ номид. Ба қавли ӯ, таълимоти динӣ дар Тоҷикистон бояд ба таври васеъ ва аз давраи томактабӣ роҳандозӣ шавад. Ҷаноби Абдуллоев пешниҳод дорад, ки дар назди факултаҳои гуманитарӣ ва фалсафаву таърих шӯъбаҳои диншиносӣ ё исломшиносӣ фаъол шаванд.
«Мо дар соҳаҳои дигар мутахассисони шӯравӣ зиёд дорем, аммо мутахассиси диншинос нест. Бояд қаблан барномаҳои хосе таҳия кардаву марҳила ба марҳила хонандаҳоро ба таълим фаро гиирфт. Дар синни 15-17 солагӣ дигар ба як ҷавон омӯзиши динӣ даркор нест, дер мешавад. Аллакай ҷаҳонбинии ӯ ташаккул меёбад. Кӯдак аз рӯзи таваллуд ва муассисаҳои томактабӣ бояд ба таълими диннӣ фаро гирифта шавад. Бояд муаллимони ин муассисаҳо ҳам маълумоти динӣ дошта бошад ва аз синфи 1 то 5 ва аз 5 то 7 зина ба зина бо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо ба кӯдакон диншиносӣ омӯзонида шавад. Масалан, Туркия ҳам давлати дунявист, аммо дар он ҷо ҳаст ин барномаҳо».
Ба назари ин мутахассиси улуми динӣ, ҳар қадар ҷавонон аз дину фарҳанг ва моҳияти ислом огоҳ бошанд, ҳамон қадар ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Аммо ба ақидаи иддае аз коршиносон, маҳдудиятҳо дар анҷоми фароизи динӣ аз тарафи наврасон, манъи сатр дар донишгоҳҳо ва махсусан, дар таълими исломӣ, ки гуфта мешавад, ангезаи сиёсӣ доранд, ҷомеаро дар омӯзиши улуми динӣ эҳтиёткор ва ҷавононро баръакс кунҷков кардааст. Ин ҳол, ба ақидаи бархе аз ширкаткунандагони баҳс дар ниҳояти амр метавонад бар зарар анҷомад, чун тавре мегӯянд, меваи мамнӯъ ширинтар аст.