Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Амрико ҷамъияти худро ташкил медиҳанд


Аҳмад Каримзода
Аҳмад Каримзода

Интизор меравад, ки рӯзи 7-уми октябр дар Ню-Йорк нахустин ҷаласаи муассисони ҷамъият (диаспора)-и тоҷикони муқими Амрико баргузор шавад. Аҳмад Каримзода, яке аз ташаббускорон, рӯзи шанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол тоҷикон дар ҳайати гурӯҳу созмонҳои алоҳида дар Амрико буданд ва ҳоло фурсат расидааст, ки ҷамъияти худро дошта бошанд.

Дар инҷо бе ҳеҷ чиз қабристон намедиҳанд. Барои онки қабристон сохта шавад, бояд қитъаи бузурги заминро харид. Ин пули хеле калон аст, миллионҳо доллар. То ба ҳол ягон тоҷири тоҷик пешниҳоди харидани чунин қитъаи замин ё бунёди маркази фарҳангиро накардааст.

Радиои Озодӣ: Ба назар мерасад, ҷамъият чизи наве нест ва танҳо муттаҳид кардани гурӯҳҳоест, ки ҳоло амал мекунанд...

Аҳмад Каримзода: "Бале, дуруст аст. Дар Амрико баъзе гурӯҳу иттиҳодияи начандон бузурги тоҷикон фаъол аст. Аз ҷумла, Анҷумани фарҳангии тоҷикону амрикоиҳо ваё гуруҳи ронандагон. Мо мехоҳем, ҳамаи онҳоро дар зери як чатр – ҷамъияти комилҳуқуқи тоҷикон – Tajik Diaspora of United States ҷамъ орем."

Радиои Озодӣ: Ба ин нишаст чанд нафар даъват шудаанд. Онҳо кӣ ҳастанд ва аз кадом аёлати Амрико?

Аҳмад Каримзода: "Бештар тоҷикҳои фаъоли Амрико даъват шудаанд. Касоне, ки дар бораи зарурати ҷамъияти тоҷикон меандешанд. Миёни даъватшудаҳо зиёиҳо ё рӯшанфикрон, корманди расонаҳо ва тоҷирон ҳастанд. Фикр мекунам, камаш 50-70 нафар меояд. Ҷаласа дар тарабхонаи "Райҳон" дар Бруклин мегузарад. Молики тарабхона ҳамватани мо акаи Азамат барои мо он ҷойро бепул пешниҳод кард."

Радиои Озодӣ: Амрико як кишвари калон аст. То куҷо воқеист, ки тоҷикҳо аз минтақаҳои дури он, барои мисол, аз Калифорния ё Техас ба Ню-Йорк меоянд? Ё ин танҳо як нишасти дӯстонаи байни тоҷони Вашингтону Ню-Йорк аст?

Аҳмад Каримзода: "Албатта, бисёр мехоҳем, ки тоҷикон аз аёлатҳои дигар ба ин нишаст биоянд. Аммо ин нахустин мулоқоти расмӣ дар мавриди ташкили ҷамъияти тоҷикон аст. Маълум аст, ки дар нишасти аввал наметавон ҳамаро муттаҳид кард. Мо дар ин бора ҳам фикр кардаем. Дар оянда ба аёлатҳои дигар меравем. Дар Колорадо ҳамватанони мо бисёранд. Дар аёлати Небраска ва Омаҳа тоҷиконе ҳастанд, ки беш аз 20-30 сол боз зиндагӣ доранд. Дар ҳоли ҳозир ба ин ҷаласа намояндагон аз Вашингтону Ню-Ҷерсӣ, Пенсилвания, Вирҷиния ва Коннектикут меоянд."

Радиои Озодӣ: Қарор аст, ки ягон гурезаи сиёсӣ ҳам ба ин ҷаласа биояд? Нафаре, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон метавонад нақш бозӣ кунад?

Аҳмад Каримзода: "Не, ҳузури сиёсатмадорон дар назар нест. Аз афроди сиёсӣ танҳо сафири Тоҷикистон дар Вашингтон даъват шудааст, ки ба қавли баъзе афрод, аз ташаббуси ташкили ҷамъияти тоҷикон дар Амрико пуштибонӣ намудааст. Мо мехоҳем, ки мақомоти расмии Тоҷикистон аз ин ташаббуси мо огоҳ бошанд."

Радиои Озодӣ: Чаро ин диаспора муҳим аст, чӣ ҳадаф дорад?

Аҳмад Каримзода: "Дар Амрико масъалаҳои зиёде аст, ки ҳаллашон дар танҳоӣ бисёр мушкил аст. Яке аз вазифаҳои ҷамъияти тоҷикон метавонад вокуниши сареъ ё зуд ба ҳолатҳои ногаҳониест, ки ба сари тоҷикони муқими Амрико меояд. Барои мисол, интиқоли ҷасад ба ватан яке аз масъалаҳои мушкил ва ҳамчунин серхарҷ аст. Дар инҷо тоҷикон қабристон надоранд ва агар мо муттаҳид нашавем, ҷамъият надошта бошем, қабристон нахоҳем дошт."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, чаро барои ҳалли ин масъала ташкили ҷамъият муҳим аст?

Аҳмад Каримзода: "Дар инҷо бе ҳеҷ чиз қабристон намедиҳанд. Барои онки қабристон сохта шавад, бояд қитъаи бузурги заминро харид. Ин пули хеле калон аст, миллионҳо доллар. То ба ҳол ягон тоҷири тоҷик пешниҳоди харидани чунин қитъаи замин ё бунёди маркази фарҳангиро накардааст. Фикр намекунам, ки дар оянда низ чунин як нафар пайдо шавад. Гузашта аз ин, бисёре аз тоҷикон дар Амрико мехоҳанд фарзандони худро дар чаҳорчӯби анаъанаҳои миллӣ бузург кунанд. Мехоҳанд, онҳо забони тоҷикӣ ва таърихи худро донанд."

Радиои Озодӣ: Дар миёни ташабусскорони таъсиси ҷамъияти тоҷикони Амрико касоне ҳастанд, ки аллакай маъруф шудаанд? Миллионерҳо зиёданд?

Шавкати Аштӣ
Шавкати Аштӣ

Аҳмад Каримзода: "Чунин афрод хеле зиёданд. Тақрибан дар ҳар як аёлат тоҷирони муваффақи тоҷик ҳастанд. Рости гап, яке аз ҳадафҳои ҷамъият бо якдигар шинос кардани онҳост. Шахсан ман чанд миллионери тоҷикро медонам, ки тиҷорати нафт доранд. Барои мисол, акаи Далер аллакай силсилаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дорад, миллионер аст. Онҳое ҳастанд, ки дар шабакаҳои бузурги телевизионӣ ва расонаҳои маъруф кор мекунанд. Шавкати Аштӣ ба қарибӣ радиои "Шарқ"-ро дар Ню-Йорк созмон дод. Ва то ҷое шунидам, писараш дар серияҳои нави "Ҷанги ситораҳо" дар Ҳолливуд яке аз нақшҳоро иҷро мекунад."

Радиои Озодӣ: Зиндагии тоҷикони Амрико аз ончи дар Тоҷикистон доштанд, чӣ фарқ дорад?

Аҳмад Каримзода: "Бисёр фарқ дорад. Зиндагӣ дар Амрико ақидаи одам, рафтор ва нигоҳашро тағйир медиҳад. Ту дар инҷо ба муҳаррике табдил меёбӣ, ки бояд ҳамеша кор кунӣ. Амрико одамонро бисёр меҳнатқарин мекунад. Агар онҳо пайваста кор накунанд, ба ҷое нахоҳанд расид."

Аҳмад Каримзода соли 1990 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хамткардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Дар Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2012 боз дар Амрикост. Молики ширкати Tajik Drivers Inc.

Радиои Озодӣ: Дар онҷо бештар бо киҳо суҳбат мекунед?

Аҳмад Каримзода: "Дар инҷо пеш аз ҳама тоҷикон бештар бо узбекҳо дӯстӣ мекунанд ва онҳо бо мо. Мумкин ба хотири онки байни мо пуле бо номи тоҷикони Самарқанд истодааст. Дар Ню-Ҷерсӣ тақрибан сӣ хонаводае аст, ки дар Тошканд зода ва бузург шудааст, аммо дар асл тоҷиканд. Чунин хонаводаҳо барои тақвияти дӯстии байни муҳоҷирони тоҷику узбек кумак мекунад. Гузашта аз ин, бисёре аз тоҷикони муқими Амрико, агар гӯям, ки 90 дар сад бо Тоҷикистон тамоси пайваста доранд, хато намешавад. Дар навбати аввал ба хотири онки дар онҷо падару модар ҳастанд, наздикон ҳастанд. Бархе аз тоҷикони Амрико ба корҳои хайрия низ машғуланд. Доим барои ёрӣ ба дармондаҳо дар Тоҷикистон маблағ ҷамъ меоранд. Шунидам, ки як гуруҳи бачаҳо пайваста ба яке аз шаҳракҳои Тоҷикистон кумак мефиристанд. Ва, албатта, бисёриҳо ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро ҳам назорат мекунанд, ки дар онҷо чӣ мегузарад ва наздикон, дар маҷмуъ мардум, дар чӣ вазъият ҳастанд."

XS
SM
MD
LG