Мавлуда Абдулхайрова, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон, ки се рӯз боз ҳамроҳи модару чаҳор тоҷики дигар дар фурудгоҳи Деҳлии Ҳиндустон дармонда буд, раҳо гардид. Абдулхайрова бояд рӯзи 2-юми октябри имсол бо як ҷавони ҳинду дар Деҳлӣ издивоҷ кунад.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон рӯзи 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар баробари Мавлуда Абдулхайрова, модараш ва чаҳор шаҳрванди дигари кишвар низ шоми панҷшанбе озод шудаанд. Қаблан онҳо бо баҳонаи камбуд дар санадҳо ва надоштани билети бозгашт ба Тоҷикистон дар ростои "депортатсия" ё ихроҷ аз Ҳиндустон қарор доштанд.
Ҳамсуҳбати мо дар сафорат гуфт, ки онҳо барои раҳоии шаҳрвандон пойфишорӣ карда, дар таҳияи санадҳо кумак намудаанд.
То ин вақт ҳеч мушкил набуд ва ман дар инҷо кору зиндагӣ мекардам. Се рӯз аст, ки дар фурудгоҳ дармондаам. Иншоаллоҳ бовар дорам, ки моро ҷавоб медиҳанд ва тӯй мешавад
“Тӯй мешавад”
Сарҳадбонони Ҳинд ба модари Мавлуда Абдулхайрова ва чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон иҷозат надоданд, ки ба кишвар ворид шаванд. Мавлуда рӯзи 25-уми сентябр ба кумаки модараш рафт, вале худаш низ боздошт шуд ва се рӯз дар минтақаи транзитӣ қарор гирифт. Мақомоти Ҳиндустон ба Мавлуда гуфтаанд, ки ҳуҷҷатҳояш камбуд дорад ва бояд аз ин кишвар хориҷ шавад.
Ӯ рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як сол боз дар Деҳлӣ кор мекард ва ҳама санадҳояш дуруст буд. Мавлуда Абдулхайрова умед дошт, ки мақомоти Ҳиндустон ӯро дарк карда, аз кишвар хориҷ намекунанд ва маросими тӯяшро баҳам намезананд.
"То ин вақт ҳеҷ мушкил набуд ва ман дар инҷо кору зиндагӣ мекардам. Се рӯз аст, ки дар фурудгоҳ дармондаам. Иншоаллоҳ бовар дорам, ки моро ҷавоб медиҳанд ва тӯй мешавад", - афзуд ӯ.
Мавлуда мегӯяд, ба Ҳиндустон барои таҳсил омада буд. Пас аз таҳсил кор пайдо кард ва дар Деҳлӣ монд. Ҳоло мехоҳад, ба як ҷавони ҳинду, ки якдигарро дӯст доштаанд, издивоҷ кунад. Ин ҷавон низ талош дорад, ки аз "депортатсия"-и арӯсшавандааш пешгирӣ кунад.
"Омадем, то рамзи вафодориро зиёрат кунем"
Мавлуда бо модар ва чаҳор тоҷики дигар се рӯз дар фурудгоҳи Деҳлӣ монданд. Шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо Мавлуда дар фурудгоҳ дармондаанд, мегӯянд, барои саёҳат ба Ҳиндустон рафта буданд.
Дилафрӯз Содиқова, шаҳрванди Тоҷикистон гуфта буд, ки бо шавҳараш ба тамошои Ҳиндустон рафтанд, вале се рӯз иҷозати берунравӣ аз фурудгоҳро надоранд. Ӯ гуфт, ду рӯзи аввал мақомоти Ҳинд далели боздошташонро шарҳ надоданд, вале 27-уми сентябр гуфтанд, ки бинобар надоштани билети бозгашт ба ватан ҳаққи вурудро надоранд.
"Гуфтем, билетро мегирем. Вале мегӯянд, ки не, бояд баргардед. Инҷо ҳатто билети бозгашт ҳам нест. Чун аз ин тараф донишҷӯён барои таҳсил ба Тоҷикистон мераванд ва дар ҳавопаймо ҷой нест. Агар билет ҳам пайдо шавад, танҳо рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда пайдо мешавад. Панҷ рӯзи дигар дар фурудгоҳ мондан бисёр сахт аст. Вазъиятамон хуб нест", - гуфт ӯ.
Дилафрӯз мегӯяд, ҳамроҳ бо шавҳараш бо даъвати як дӯсти ҳиндустониашон ба тамошои Тоҷмаҳал, биное, ки онро рамзи ишқу вафодорӣ унвон мекунанд, омадаанд.
Қаблан дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки аз мушкили шаҳрвандони кишвар дар Ҳиндустон хабар доранд.
Табобат, саёҳат. Тоҷикон чаро ба Ҳинд мераванд?
Миёни Душанбе ва Ҳинд ҳафтае як бор парвоз ба роҳ монда шудааст, ки ҳамеша аз ду тараф пур аз мусофир аст. Нурулло Шоев, як ҷавони тоҷик, ки солҳо дар Ҳидустон таҳсил ва зиндагӣ кардааст, мегӯяд, тоҷикон ба ин кишвар барои табобат, тиҷорат, таҳсил ва саёҳат мераванд.
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, аз лиҳози наздикӣ, арзонӣ ва сифати беҳтари табобат аксари беморони тоҷик ба Ҳиндустон сафар мекунанд.
Ӯ гуфт, "шаҳрвандоне, ки давои дардашонро дар Тоҷикистон пайдо намекунанд ва барои табобат ба хориҷ тавсия мешаванд, аксаран Ҳиндустонро интихоб мекунанд. Тоҷирони доруворӣ низ ба он ҷо мераванд. Ҳоло дорухонаҳои Тоҷикистон пур аз доруҳои истеҳсоли ин кишвар аст. Дар муқосиа ба беморон ва тоҷирон саёҳон камтар ҳастанд. Онҳоро ҳам арзонӣ ба ин кишвар ҷалб мекунад".
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шоев, Ҳиндустон барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар курсҳои кӯтоҳмуддат ҳамасола садҳо квота ҷудо мекунад. Ба қавли ӯ, аз ин миён шумораи ками духтарон ишқи худро пайдо мекунанд ва дар Ҳиндустон боқӣ мемонанд.
"Духтароне, ки таҳти таъсири филмҳои ҳиндӣ мондаанд, орзу мекунанд, мисли он филмҳо ошиқ шаванд ва издивоҷ кунанд. Чанде аз ин духтаронро дар Ҳайдаробод ва Гоа медонистам. Онҳо худро хушбахт меҳисобанд", - гуфт ӯ.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, наздик ба 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ҳиндустон шавҳар кардаанд ва дар аёлатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд.
Издивоҷи тоҷикон бо шаҳрвандони Ҳиндустон кам сабт мешавад. Аз рӯи омори расмӣ, дар навбати аввал ҳангоми барпо кардани оила шаҳрвандони Тоҷикистон ба никоҳҳо бо намояндагони Узбекистон тарҷеҳ дода, баъдан бо шаҳрвандони Русия оила барпо кардаанд. Дар зинаҳои баъдӣ шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Туркия, Олмон, Бритониё, Амрико ва, инчунин, Чин қарор доштааст.
Соли гузашта ҳудуди 300 зани тоҷик бо хориҷиҳо издивоҷ кардаанд.