Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русзабонҳо ва Тоҷикистон. “Чаро ман аз ватан рафтам?”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 27-уми июн дар Тоҷикистон ҷашни ваҳдат ва ризоияти миллӣ таҷлил шуд. Рӯзе, ки маъмулан дар мавриди сабабҳои ҷанги шаҳрвандии панҷсола ваё чигунагии раванди сулҳ суҳбат мекунанд.

  • Ҷанги ваҳшатнок дар Тоҷикистон ҳаёти бисёриҳоро рабуд. Инчунин, кишвар дар пайи онки аҳолии ғайрибумӣ дастҷамъона Тоҷикистонро тарк кард, аз нигоҳи зеҳнӣ ва обрӯ зиёни ҷиддӣ дид.
Кадом хашму ғазаб нисбат ба тоҷикон? Ягон хел хашм нест. Мо ҳамаамон дӯст будем, ба меҳмонии якдигар мерафтем. Дар онҷо се писари ман таваллуд шуд. Кӯдакон якҷоя сайр мекарданд. Солҳои беҳтарини зиндагӣ ва хотироти ширин буд

Ҷангии дохилии Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома кард. Қурбониёни асосии даргириҳо тоҷикону узбекҳои маҳаллӣ буданд. Аҳолии русзабон ба ҳайси "тарафи севум" дар канор монданд. Аммо ба мақоми бетарафии худ нигоҳ накарда, онҳо бошитоб кишварро тарк карданд. Ва ин муҳоҷират дар се марҳилаи кӯтоҳ анҷом шуд, ки аз соли 1989 то 1991, аз соли 1992 то 1993 ва аз он вақт то охири солҳои 90-умро дар бар мегирад.

Ҳар кадоме аз онҳо барои тарки кишвар далелҳои худро доштанд. Дар ин бора чанд дафъа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва майдони баҳси нашрияҳои онлайнӣ низ навиштаанд.

Кӣ чӣ мегӯяд?

Иддае шикоят карданд, ки ба онҳо миллатгароён таҳдид намуданд. Баъзеи дигар ба сабаби ҷанг бекор монда, дар ҳолати гуруснагӣ қарор гирифтанд. Гуруҳи севум бо таваҷҷуҳ ба даҳшатҳои он вақт барои кӯдаконашон ояндаи хуберо надиданд ва барои шароити беҳтар ба ватани бобоиашон рафтанд.

  • Оё гуфтан мумкин аст, аксари русзабонҳое, ки намояндаи миллатҳои гуногун буданд, Тоҷикистонро бо хашму навмедӣ тарк кардаанд? Ба эҳтимоли зиёд, бале.

Аммо гузашти вақт уқдаҳои пешинаро пок мекунад. Кӯдакони замони истиқлоли Тоҷикистон имрӯз одамони бузурганд. Менеҷерҳои муваффақ, соҳибкор, пизишк, муҳандис, муаллим ва...

Елена Чиркайкина, сокини 54-солаи рустои Меҳнатободи ноҳияи Хуросон
Елена Чиркайкина, сокини 54-солаи рустои Меҳнатободи ноҳияи Хуросон

Бисёре аз онҳо, ҳамон тавр ки ҳоло мушоҳида мекунем, омодаанд, ба Тоҷикистон рафта, ба кӯдакон ҷои тифлӣ ва навҷавонии худро нишон диҳанд. Меоянд ва бо руҳияи хубе бармегарданд. Аз ҷумла, ба хотири онки шиносҳо ва ҳамсояҳои собиқ – «душманон»-и дирӯз – имрӯз онҳоро бо нону намак ва оғӯши боз пешвоз мегиранд ва ҷои хоби бепул медиҳанд.

"Бисёр мехоҳам, ба шаҳри азизи худ баргардам"

Гузоришгарону блогерҳои Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ, ки аз Тоҷикистон дидан кардаанд, аз он амнияту суботи ҳоким дар кишвар ибрози ҳайрат мекунанд. Бисёриҳо ба меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии мардум таъкид менамоянд. Ошкоро мегӯянд, ин яке аз ифтихороти ҷумҳурӣ аст, ки онҳо дар хотир доранд. Чизе, ки бисёриҳо дар ватани бобоиашон наёфтанд.

«Ман Тоҷикистон ва мардумашро бисёр ёд кардам. Чи қадар сол гузашт, аммо то ҳол натавонистам худро дар ватани нав мутобиқ кунам. Сокинони маҳаллӣ дағаланд. Афсӯс, ки ҳама пароканда шуд. Бисёр мехоҳам, ба он шаҳри азизи худ баргардам».

Ин гапҳоест, ки чанд сол пеш ҳамсинфам Павел дар паёми хусусӣ дар «Одноклассники» бароям навиштааст. Ҳоло ӯ дар Уссурийске зиндагӣ мекунад.

Ҳама ба муҳоҷират рӯ овардаанд. Аммо дар айни ҳол дар кишвар пояи баландтарини парчам дар ҷаҳонро месозанд ё кохҳои боҳашамат бунёд мекунанд. Ба мардум салом бирасонед, ба ҳамаашон хушӣ ва комёбӣ орзу дорам

"Ягон хел хафагӣ нест"

Марина Викентева дар яке аз майдонҳои баҳс дар мавриди онки оё русзабонҳо аз тоҷикон хафа ҳастанд ва ҳоло дар мавриди тарки маҷбурии кишвар чӣ фикр доранд, навиштааст: «Шавҳарам дар Норак хидмат кардааст. Мо то соли 1992 дар онҷо зиндагӣ доштем. Бисёр хуб буд. Кадом хашму ғазаб нисбат ба тоҷикон? Ягон хел хашм нест. Мо ҳамаамон дӯст будем, ба меҳмонии якдигар мерафтем. Дар онҷо се писари ман таваллуд шуд. Кӯдакон якҷоя сайр мекарданд. Солҳои беҳтарини зиндагӣ ва хотироти ширин буд. Бисёр мехоҳам, ки ба онҷо биравам. Умуман дар онҷо ҳамаи сокинон мҳрубон ҳастанд. Ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекунанд.»

Духтари Ҳанифа Давлатова, яке аз аъзои ансамбли рақсии «Лола», ҳоло дар Қрим зиндагӣ дорад. Вай мисли гузашта даҳшати ҷангро фаромӯш карда наметавонад, аммо ба некӣ аз одамон ёд меорад.

«Ман то соли 1991 дар Душанбе зистам. Баъдан рафтам, чун зиндагӣ ғайри қобили таҳаммул шуда буд. Бетартибиҳои ваҳшатнок сар шуд. Барои бачаҳо, барои наздикон хатарбор буд. Аз мардум ягон хел хафа нестам, аммо нисбат ба ҳукумат даъво дорам. Ҳатто ҳоло низ дар минтақаҳои дурдаст мардум хеле фақирона зиндагӣ дорад. Ҳама ба муҳоҷират рӯ овардаанд. Аммо дар айни ҳол дар кишвар пояи баландтарини парчам дар ҷаҳонро месозанд ё кохҳои боҳашамат бунёд мекунанд. Ба мардум салом бирасонед, ба ҳамаашон хушӣ ва комёбӣ орзу дорам», - гуфт ӯ рӯзи 27-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Хафагӣ? Бале ҳаст ва хоҳад буд."

Дар ҳамин ҳол, онҳое ҳам ҳастанд, ки уқдаи худро пинҳон намедоранд. Ин гуруҳ ба ин назаранд, ки аз кишвар барои ҳеҷ чиз берун карда шуданд ва ҳоло аҳолии русзабони кишвар дар нақши дувумдараҷа ҳастанд.

«Хафагӣ? Бале ҳаст ва хоҳад буд. Ин фаромӯш намешавад. Мо ба касе халал намерасондем, зиндагии хуб доштем. Баъдан бо таҳдиди автомат аз Тоҷикистон ронданд. Маҷбур шудем, ки ҳама чизро дар онҷо бигузорем. Мошинро дар ивази як контейнери куҳна додем, то баъзе чизҳоро дар дохилаш андохат биорем. Муддати зиёд ба по рост шуда натавонистем. Баъди понздаҳ сол ба Тоҷикистон баргаштем, ки манзили волидонро фурӯшем. Аммо дар онҷо ҳамсояи милитсонер маскун шуда буд. Бояд баҳси додгоҳӣ мекардем, вале ин қадар вақт аз куҷост? Гузашта аз ин, ҳамаи оиларо таҳдид карданд. Маҷбур шудем, ки ба нархи ночизе хонаро дар ихтиёрашон гузорем. Дигар он одамоне нестанд, ки мо дар вақташ дӯстӣ мекардем», - навишт Албина аз Тотористон.

Русзабонҳо натанҳо аз Тоҷикистон рафтанд...

Бояд гуфт, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар тақрибан сӣ соли пеш аҳолии русзабон нафақат Тоҷикистонро тарк кардаанд. Омори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон медиҳад, ки русзабонҳо тақрибан аз ҳамаи кишварҳои бародарӣ, ҳатто аз ҷумҳурии он вақт ороми Украина, Узбекистон ва Қазоқистон ҳам кӯч бастаанд. Фақат инки дар нуқтаҳои доғ ин кӯчбандӣ дар як вақти хеле кӯтоҳ анҷом шуд ва барои ҳамин чашмрас буд. Аз маҳалҳои ором ин раванд даҳсолаҳо идома кард ва то ба имрӯз ҳам ҷараён дорад.

Бино ба нуфусшумории соли 2010 дар Тоҷикистон, аҳолии русзабон аз 388 ҳазор нафари пеш аз ҷанг то 35 ҳазор поин омадааст. Яъне даҳ баробар кам шудааст. Дар чаҳор соли аввали солҳои навадум теъдоди русзабонҳо дар Озарбойҷон ду баробар кам шуд. То соли 2000-ум тарқибан 500 ҳазор русзабон Қирғизистонро тарк кардаанд. Аз Қазоқистон тақрибан се миллион русзабон рафтаанд.

Русҳо чӣ оварданд ва чӣ гирифтанд?

Ҳузури русҳо ва қавмиятҳои дигар дар гузашта дар Тоҷикистон тағйироти мусбатеро ба бор оварда буд. Талаботи беҳдоштӣ ва тиббӣ боло рафт. Саҳми онҳо ҳамчунон дар меъморӣ ва санъати муҳандисӣ хеле баланд буд.

Дар навбати худ якчанд насли русзабонҳо дар солҳои зиндагӣ дар ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки хулқу атвори худро бо хислатҳои хуби тҷоикон бой кунанд, ғизоҳои худро аз ҳисоби хӯрокҳои маҳаллӣ ғанӣ гардонанд ва ба фалсафаи Шарқ ворид шаванд. Ҳамаи миллатҳо чи бумӣ ва чӣ боқимондагон дар ин даҳсолаҳо фарҳанги якдигарро ғанӣ гардонданд.

Аммо Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар як они воҳид, даҳҳо ҳазор мудирони соҳибтаҷриба ва мутахассисону муаллимонро аз даст дод ва барои дарозмуддат як мақоми ғайрирасмии кишвари «душман»-ро ба худ гирифт. Ҳоло миллат дар марҳилаи нави рушди худ қарор дорад, ҳарчанд дар баъзе аз масоил, мақоми худро аз сифр шуруъ мекунад. Мутахассисони маҳаллӣ рушд мекунанд, ҳарчанд гоҳе камбуди соҳибтахассусон сахт эҳсос мешавад.

Худӣ ва тоҷик

Бисёре аз тоҷикон дар суҳбатҳои худмонӣ ҳамаи зодагони Тоҷикистонро худӣ ва тоҷик медонанд. Чи молики фурудгоҳи Домодедово Валерий Коган ваё футболбози мунтахби Русия Далер Кузяев ваё Малика Қаландарова, ки дар он сӯи Уқёнус, дар Амрико ба сар мебарад.

27-уми июн ҷашни онҳо низ ҳаст. Ҷашни ҳамаи касоне, ки Тоҷикистон мехоҳад бо онҳо ягонагӣ ва ваҳдат дошта бошад.

XS
SM
MD
LG