Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касперский: "Компютерҳои Тоҷикистон олудатарин ба вирус дар ҷаҳон"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ташхиси ширкати “Лабораторияи Касперский” собит кардааст, ки компютерҳо дар Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигар дар ҷаҳон олудаи вирус будаанд.

Ширкати маъруфи русӣ, ки антивирус тавлид мекунад, бо таҳлили маълумоти моҳи июли соли 2018 муайян кардааст, ки компютерҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳар кишвари дигари ҷаҳон ба вирус олуда ҳастанд ва мавриди ҳамлаи вирусҳои вайронгар қарор мегиранд.

Алина Шляпникова, як масъули ширкати “Лабораторияи Касперский” рӯзи 21 сентбяр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо маълумот дар бораи компютерҳои олударо аз ҳисоби онҳое ҷамъ меоварад, ки барномаҳои муҳофизатӣ ва антивирусҳои онҳоро истифода мебаранд.

Ба гуфтаи ин ширкат, дар саросари ҷаҳон беш аз 100 миллион нафар аз барномаҳои Касперский истифода мекунанд ва ширкат аз тамоми ҷаҳон тавассути корбарони барномаҳояш дар мавриди ҳамлаҳои ҳаккерӣ, густариши вирусҳо маълумот мегирад.

Вирусҳо ба террористон ҳам кумак мекунанд

Алина Шляпникова мегӯяд, маълумот дар бораи сирояти вирус ба компютерҳои Тоҷикистон ҳам аз ҳамин роҳ муайян шудааст. Маълум нест, чӣ қадар аз аҳолии Тоҷикистон аз антивирусҳои Касперский истифода мебаранд.

Комптерҳои олуда ба вирус “хонаеро мемонанд, ки қуфли дараш шикаста аст” ва рахнагарони интернетӣ метавонанд, иттилоти муҳими хусусӣ, рамзҳои почтаи электронӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии корбарро ба осонӣ бидузданд.

Валерий Зубов, масъули дигари ширкати “Лабораторияи Касперский” мегӯяд, таҳлилҳои онҳо собит кард, ки аз саҳифаҳои рахнашудаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна, пайравони гуруҳҳои террористӣ истифода мекунанд. Зубов мегӯяд, дар бозори сиёҳ садҳо саҳифаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

“Террористон ин саҳифаҳоро мехаранд ва кушиш мекунанд, тавассути ин саҳифаҳо ба афкори ҷомеа таъсир гузоранд. Ба ибораи дигар, чизи сафедро сиёҳ ҷилва медиҳанд, ва сиёҳро сафед мегӯянд” – гуфт Валерий Зубов.

Дар Интернет айни замон садҳо саҳифаҳои хусусии дуздӣ фурӯхта мешавад ва онҳо вобаста ба шумораи дӯстон ё пайравон аз 100 то 2 ҳазор сомонӣ нарх доранд.

Самандар Ҳомидов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ба компютераш зуд-зуд вирус сироят мекунад, вале барои муҳофизати он ва харидани антивирус маблағ надорад.

“Ман антивирусҳоро дар компютерам насб мекунам, ки чанд рӯзи аввал бепул кор мекунанд. Компютерамро тоза мекунад аз вирус, аммо муҳлаташ тамом мешавад, дигар имкони харидории антивирусро надорам. Бисёр қиммат ҳастанд. Арзонтаринаш аз 30 доллар боло. Дигар компютер боз олуда мешавад ва борҳо аз кор мондааст” – гуфт, ӯ.

Вебсайтҳои порнорграфӣ – сарчашмаи вирусҳо дар Тоҷикистон

Рустам Гулов, муттахассиси фановариҳои навин мегӯяд, зиёд олуда шудани компютерҳо дар Тоҷикистон ду сабаби асосӣ дорад.

“Нахуст сабаби паҳншавии вирусҳо дар компютерҳои Тоҷикистон надоштани барномаҳои қонунӣ аст. Бештари корбарон аз барномаҳои дуздӣ ва ё ба истилоҳ “пиратӣ” истифода мекунанд. Вақте корбарон ин гуна барномаҳоро насб мекунанд, хатари дуздӣ шудани маълумоти компютерашон бисёр аст” – мегӯяд, Рустам Гулов.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, сабаби дигари олудагии компютерҳои Тоҷикистон, вебсайтҳои порнографӣ аст, ки ҳамчун дом барои олуда кардани компютерҳо истифода мешаванд.

Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ҷавонон барои тамошо ба чунин вебсайтҳо сар мезананд ва бехабар аз онки ҳамроҳ бо видеое, ки мебинанд, барои компютери бесипари худ, “ҳадяи нохостанӣ” ё вирус мегиранд.

XS
SM
MD
LG