Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Компютерҳои Тоҷикистон - тӯъмаи осон барои ҳамлаҳои ҳакерӣ


Гурӯҳи ҳакерии "Annonymous" қабл аз эълони нақшаи "юриш"-и навбатии худ.
Гурӯҳи ҳакерии "Annonymous" қабл аз эълони нақшаи "юриш"-и навбатии худ.

Ширкати интернетии "Rapid7" Тоҷикистонро аз лиҳози осебпазирии компютерҳояш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷои дувум гузоштааст.

"Rapid7", як ширкати амрикоӣ, ки ба таҳқиқи масоили амнияти Интернет ва низомҳои компютерӣ машғул аст, дар ин ҳафта бо нашри натиҷаҳои пажӯҳиши навбатиаш Белгия, Тоҷикистон ва Самоа – ҷазиракишваре дар уқёнуси Оромро се кишвари аз ҳама осебпазири дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ном бурд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти “Rapid7“, ки таҳти номи “National Exposure Index” (“Индекси осебпазирии кишварҳо”) нашр шуд, сеяки тамоми шабакаҳои электронии Белгияву Тоҷикистон ва Самоа амну ҳифозатшуда нест.

Муҳаққиқони "Rapid7" барои анҷоми ин таҳқиқот аз тариқи тарҳи “Sonar”, ки IP-адресҳо ва компютерҳои бандар (порт)-и вурудашон бозро пайгирӣ мекунад, даҳҳо миллион компутар дар беш аз 180 кишвари дунёро аз лиҳози сатҳи ҳифозаташон аз ҳамлаҳои ҳакерӣ омӯхтаанд. Онҳо барои санҷидани сатҳи осебпазирии компютерҳо як роҳи хеле осону содаро пеш гирифта, ба соҳиби ин компютерҳо дархост фиристодаанд, ки сомонаи онҳоро бипазирад. Дар натиҷа, онҳо тавонистаанд ба дастикам 4,7 миллион компютер аз тариқи бандари ТСП-порт 443, ки махсуси омӯхтани сомонаҳо ва код задани маълумотҳост, ворид шаванд.

Компютерҳои Тоҷикистон - тӯъмаи осон барои ҳакерҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00
Линки мустақим

Ин таҳқиқот барои анҷоми ҳамлаҳои ҳакерӣ хеле осебпазир будани бандарҳое, чун FTP ва Telnet-ро зикр мекунад ва мегӯяд, як далели аслии чунин сатҳи баланди осебпазирӣ ба масоили амнияти низомҳои электрониашон аҳамияти чандоне қоил нашудани давлатҳост.

National Exposure Index
National Exposure Index

Боб Рудис, яке аз муаллифони ин таҳқиқот мегӯяд, “таҳқиқот бархе ва шабоҳатҳои Интернети имрӯзаро бо Интернети соли 1996, яъне 20 соли пеш нишон дод. Мо тавонистем васоили дастрасӣ ба Интернетро хеле навсозӣ кунем ва нархи Интернетро ҳам хеле пойин барем. Вале мо ҳамчунон дар масъалаи пайкарбандӣ (конфигуратсия) то ҳол ба ҳамон иштибоҳҳои хатарноки қаблӣ роҳ медиҳем, ки моро дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир нигоҳ медорад.”

С.В. номи шартии масъули бахши амнияти иттилоотии яке аз ширкатҳои интернетии Тоҷикистон аст, ки ба далоили амниятӣ ва аз ҷумла ба хотири ифшо накардани худ ба гурӯҳҳои ҳакерӣ аз бурдани номаш худдорӣ мекунад. С.В. рӯзи 8 июн дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, як далели аслии осебпазирии компютерҳои Тоҷикистон дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ё вирусӣ камбуди иқтисодист: “Барои расидан ба амнияти сатҳаш баланд бояд камтар харҷ кард. Роутер бояд гирифт, файролл гирифтан даркор, мутахассисони IT тарбия кардан даркор. Ширкате, ки мехоҳад шабакаи электрониаш як сатҳи баланди амниятиро дошта бошад, бояд мутахассисони варзидаро ба кор бигирад. Вале чунин мутахассисон бо пули андак кор намекунанд. Теъдоди чунин устодони кори худ низ кам аст. Бархе ширкатҳои Тоҷикистон ин имконро доранд, вале мутаассифона, на ҳамаашон.”

Сӯҳроб Ниёзов, як мутахассиси масоили амнияти иттилоотии Тоҷикистон мегӯяд, ҳакерҳо аксаран бо истифода аз протоколҳои кушод ва бидуни муҳофизат ба сомонаҳову компютерҳои инфиродӣ даст меёбанд: Ин аз ҷиҳати фаннӣ ду паҳлуе дорад, ки аз ширкатҳои интернетрасон ва худи корбарон вобастагии зич дорад. Мисол таҷҳизот, барнома ва ё технологияе ки ширкатҳои интернетрасон имрӯз истифода мебаранд, чандон ҷавобгӯи талаботи замона нест. Чунин барномаҳову фанновариҳо нархи баланд доранд. Аз сӯи дигар, корбарон аз барномаҳои шикаста ва ё сатҳи бехатариашон паст истифода мебаранд. Он системаҳои омилие, ки дар аксари компютерҳои мо насб шудааст, худ дар асл шикастаи барномаи аслист, ки дар бозору растаҳо бо нархи арзон фурӯхта мешаванд.

Сӯҳроб Ниёзов афзуд, асосан сомонаҳое, ки низоми амниятиашон дар сатҳи паст сохта шудааст, шикаста мешаванд. Ӯ осебпазирии низоми электронии Тоҷикистонро бастаи чанд мушкил - гарон будани нархи барномаҳо ва технологияҳои сайбер-бехатарӣ, истифода аз барномахои шикаста, норасогии мутахассисони барҷастаи маҳаллӣ, гарон будани нархи хизматрасонӣ, паст будани назорати сифат ва беаҳамиятии мақомоти масъул – мешуморад.

Ба ақидаи пажӯҳишгарони ширкати “Rapid7“, вазъи имрӯзаи амнияти иттилоотӣ метавонад барои иқтисоди ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддие дошта бошанд ва фаъолияти зербинои Интернет бояд бозбинӣ шавад. Онҳо дар баробари кишварҳои заифтаре, чун Тоҷикистону Самоа (ҷойҳои 2 ва 3) ё Ҷумҳурии Доминикан ва Афғонистон (ҷойҳои 7 ва 8-ум) дар феҳрасти кишварҳои дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир ҳузур доштани кишварҳои тавоное, ба мислиБелгия (ҷои аввал), Австралия, Чин ва Ҳонконг (ҷойҳои 4-6), Фаронсаву Амрико (12 ва 13), Ҷопон(16), Русия(19) ва Бритониё (зинаи 23)-ро зикр мекунанд ва мегӯянд, пешрафтҳои иқтисодиву фаннии кишвар ҳанӯз ба маънои таъмини амнияти шабакаҳои электрониаш аз ҳамлаҳои ҳакерӣ нест.

Белгия, ки бо вуҷуди мизбонии дафтарҳои марказии созмонҳои бузурге, чун Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО, мақоми осебпазиртарин кишвари дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакериро ба худ ихтисос додааст, алакай чандин бор тӯъмаи ҳамлаҳои кибернетикӣ шудааст. Дар пайи ҳамлаҳои террористии рӯзи 22 март дар метро ва фурудгоҳи Брюссел, як гурӯҳи ҳакерҳо бо номи Down-Sec бо талаби истеъфои сарвазири Белгия Шарл Мишел сомонаи расмии ӯро дар Интернет ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар ҳамон поёни моҳи март сомонаҳои дигари ҳукумати Белгия низ дучори ҳамла шуданд.

Торнамои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баъди ҳамлаи ҳакерии "Ҷундуллоҳ" ва "Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис"
Торнамои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баъди ҳамлаи ҳакерии "Ҷундуллоҳ" ва "Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис"

Сомонаҳои интернетии идораҳои давлатии Тоҷикистон низ зиёд мавриди “таваҷҷӯҳ”-и ҳакерҳо қарор мегиранд, вале бештар ба далели саддҳои заифи ҳифозатиашон. Аз ҷумла, ҳакерҳо рӯзи 14 январи соли равон maorif.tj – сомонаи расмии вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ҳадаф қарор доданд. Баъди “юриш”-и ҳакерҳо дар ин сомона ба ҷои иттилооти расмии вазорат, аксҳо ва суруд(ношид)-и созмони тундрави мазҳабии "Ҷундуллоҳ" ва матне бо номи “Паёми Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис ба давлат ва мардуми Русия" зоҳир шуд. Дар ин паём аз давлати Русия талаб мешуд, ки ба пуштибонӣ аз “давлати ҷиноии Башор Асад” ва куштори занону кӯдакон хотима дода, нерӯҳояшро аз Сурия берун бикашад.

Ҳамин тавр, рӯзи 13 моҳи январи соли 2015 tajembfrance.fr/ - сомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд. Ин ҳодиса дар пайи ҳамлаи террористии пурқурбонӣ ба идораи нашрияи маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” дар шаҳри Порис иттифоқ уфтод ва дар саҳифаи асосии сомона ҳамлагарон шиори “Op France Musulman Еt je Рas Charli” (“Ман мусулмонам, на Шарли!)-ро овехтанд.

Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса баъди ҳамлаи ҳакерҳо
Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса баъди ҳамлаи ҳакерҳо

Баъди ҳамлаҳои рӯзҳои 7-9 январ дар Порис ва атрофи он, ки 17 кушта ба ҷо гузошт, дар саросари Аврупо мавҷи раҳпаймоиҳои тарафдорони озодии баён таҳти шиори “Ман Шарлиам” доир шуд. Ва ҳакерҳо зоҳиран бо насби шиори баракс дар сомонаи ҳамлашудаи сафорати Тоҷикистон мехостанд, мухолифати худ ба ин изҳори ҳамраъйӣ бо хабарнигорони кушташударо баён кунанд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари ГИПИ- Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон дар сурати рӯ задани хатари ҳамлаҳои ҳакерӣ мутахассисони IT зуд ҳамдигарро хабардор мекунанд, вале як сохтори расмие, ки ба сурати ҳамоҳангшуда бо чунин таҳдидҳо муқобила кунад, амалан вуҷуд надорад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Раҳбари ГИПИ афзуд: “Байни мутахассисони ин соҳа як шабакаи бисёр хуби ғайрирасмӣ рӯи кор омадааст. Онҳо ҳама якдигарро мешиносанд, ҳама якдигарро ҳурмат мекунанд ва дар сурати эҳсоси таҳдиди ягон ҳамла зуд якдигарро хабардор мекунанд. Вале ин ташаббуси алоҳидаи худи онҳост, дар сатҳи як сохтори расмӣ ва кори дастаҷамъӣ нест. Ва вақте мо барои аз байн бурдан ё аз чашми мардум дур кардани ягон маълумот як сомона ваё як шабакаи иҷтимоиро саросар мебандем, ин худ нишон медиҳад, ки кори мо дар ин самт дар кадом сатҳ аст.”

Фаъолияти риштаҳои мухобиротии Тоҷикистон, бо шумули фаъолияти ширкатҳои мобил ва интернетрасони ин кишвар ва ҳамчунин, масъулияти таъмини амнияти иттилоотии низоми электронии ин кишварро Хадамоти алоқа, як ниҳоди вобаста ба ҳукумат ба раҳбарии Бег Сабурӣ бар ӯҳда дорад. Аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо онки назорати риштаи Интернети кишвар дар дасташ аст, то ҳол дар Интернет ҳатто сомонаи расмии худро надорад.

XS
SM
MD
LG