Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WannaCry то ба Фархор расид ва файлҳои Муҳаммадро хӯрд. ВИДЕО


Вируси WannaCry, ки бо суръати бесобиқае дар саросари ҷаҳон паҳн шуд ва то 200 ҳазор компютерро олуда кардааст, то ба як ноҳияи дурдасти Тоҷикистон ба ноҳияи Фархор ҳам расидааст.

Муҳаммад Сафаров, ки дар маркази ноҳия авиакасса дорад, рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар компютери ҷойи кораш ҳушдори сурхе пайдо шуд ва баъдан ғайб зад, вале ӯ то кунун ба ҳисоботҳои қадимааш дастрасӣ надорад.

Дар акси компютераш, ки Муҳаммад ба Радиои Озодӣ фиристод, дида мешавад, ки маълумот ба рамзҳо табдил шудаанд ва навиштаи WannaCry ҳам онҷо ҳаст. Муҳаммад мегӯяд, компютераш кор мекунад, вале ҳисоботҳои пешинаро барқарор карда наметавонад.

Ин аксро Муҳаммад аз Фархор фиристод.
Ин аксро Муҳаммад аз Фархор фиристод.

Зоҳиран фақат компютери Муҳаммад Сафаров дар Тоҷикистон ба вируси WannaCry олуда нашудааст, ҳарчанд ширкату муассисаҳои давлатӣ доир ба осеб дидани шабакаҳо ва ё компютерҳояшон чизе нагуфтаанд.

Дар ширкатҳои мобилӣ, ки аз компютерҳо васеъ истифода мебаранд, гуфтанд, ки вирус ба кори ширкатҳои онҳо осеб нарасондааст, чун фурсат доштаанд, тадобири лозим барои ҷилавгирӣ аз сирояти вирусро биандешанд.

Таҳдиди WannaCry ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мухобиротии “Babilon” рӯзи 15 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони ширкат имрӯз пеш аз шурӯи кор тамоми компютерҳоро санҷидаанд, ки мабодо вирус надошта бошанд. “Саҳар компютерҳоро фаъол накардем. Мутахассисон диданд, баъд корро шурӯъ кардем”.

Павел Белесов, мудири зерсохтори ширкати мухобиротии “Мегафон” рӯзи 15-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, компютерҳои вирусро олуда накардааст ва тамоми хизматрасониҳо бидуни таъхир идома дорад.

“Хатари ҳамлаи вирусӣ барои ширкатҳое, ки бо фанновариҳои иттилоотӣ кор мекунад, як ҳолати табиӣ аст. Аз ин рӯ, мубориза бурдан алайҳи ҳамагуна вирус бо шумули WannaCry як чизи маъмулӣ мебошад. Ширкат ба гунаи маъмулӣ кор мекунад. Сабти дубораи симкортҳо дар ҷараён аст.”

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон навиштанд, ки вируси WannaCry компютерҳои Мегафонро олуда кардааст ва як нафар аз тариқи Вайбер ҳам ба Радиои Озодӣ чунин хабар фиристод. Айни замон Павел Белесов гуфт, ки ӯ ҳам дар бораи сирояти компютери афроди алоҳида ва баъзе аз ширкатҳо иттило дарёфт кардааст.

Аммо як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз вазъ огоҳ аст, ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ширкати Мегафон, барои муддате пардохтҳо барои телефонҳоро қатъ кард ва аз қабулкунандагони маблағҳои телефонӣ хостааст, ки сабабашро фақат фаннӣ бигӯянд. Гузоришҳои таъйидношуда дар бораи Биллайн ва Тселл ҳам вуҷуд доранд.

Аммо маълум нест, ширкатҳо фақат ба хотири пешгирӣ аз сироят пардохтҳоро барои муддате қатъ кардаанд ва ё бинобар олуда шудани компютерҳояшон.

Айни замон, ширкати амниятии Касперски, ки дар Тоҷикистон аз антивирусҳои он зиёд истифода мекунанд, нақшаи 20 кишвареро тартиб додааст, ки вирус ба онҳо аз ҳама бештар сироят кардааст ва Тоҷикистон дар ин феҳраст дар миёни панҷгонаи аввал аст.

Дар ҳамин ҳол Талъат Нӯъмонов, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Маркази технологӣ ва коммуникатсионӣ" дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, ки компютерҳои созмон осеб надидаанд, вале ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки компютерҳои Тоҷикистон ҳам аз ин ҳамла эмин намонанд.

Ба гуфтаи Нӯъмонов 90 дарсади компютерҳо дар Тоҷикистон аз системаҳои бемуҷаввиз истифода мебаранд, ки хатари сирояташон бештар аст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расман дар бораи вируси WannaCry ва ё осеб расонидани он чизе нагуфтаанд, вале дар як аз идораҳои муҳими кишвар, яъне вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки системаҳои онҳо беосеб кор мекунад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, шабакаҳои вазорат “Ягон зарар нарасидааст ва тамоми бехатарӣ зери назорат аст.”

Ҳамлаи васеи кибернетикӣ, ки рӯзи 12-уми май дар бештар аз 70 кишвар шурӯъ шуд, ба кори шабакаҳои бонкҳо, бемористону муассисаҳои давлатӣ дар даҳҳо кишвари ҷаҳон аз ҷумла Русия, Фаронса, Бритониё осеб расонд. Дар Бритониё, баъзе аз шифохонаҳо маҷбур шуданд, амалиёти ҷарроҳиро ба таъхир андозанд, зеро аз дастрасӣ ба маълумот доир ба беморон маҳрум шуданд.

Роб Вайнрайт, раиси иҷроияи Европол гуфт, ки мумкин аст, вазъ бадтар шавад. Ӯ ба ITV-и Бритониё гуфт, вирус ба 200 000 компютер дар 150 кишвари ҷаҳон сироят кардааст ва аксари онҳо эҳтимолан тоҷирон ва ширкатҳои бузург ҳастанд.

Мутахассисон ва мақомот тавсия додаанд, ки барои боз кардани комптерҳои олудашуда, пул напардозанд, зеро ҳеҷ кафолати бозгардонидани иттилоот ва ё дастрасӣ ба комютер вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мутахассисон вирус барои он зуд густариш ёфт, ки аз коди офаридаи Оҷонси Амнияти Миллии Амрико сохта шудааст. Ин кодро ҳам рахнагарон дуздида ва нашр кардаанд.

XS
SM
MD
LG