Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мутахассисон аз омадани "Гиря" ва ё WannaCry ба Тоҷикистон


Мутахассисон дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки мумкин аст, вируси хатарноки WannaCry, ки дар саросари ҷаҳон кори муассисаҳои зиёдеро ба ҳам зад, дар Тоҷикистон ҳам паҳн шавад.

Вируси WannaCry рӯзи 12-уми май ба 100 000 компютер дар бештар аз 100 кишвари ҷаҳон сироят кард ва кори баъзе аз ниҳоду муассисаҳо дар кишварҳои ғарбиро ба ҳам зад.

Дар сурати сирояти вирус ба компютер дигар шумо аз имкони дастрасӣ ба тамоми маълумоти худ маҳрум мешавед. Сипас вирус аз соҳиби компютер талаб мекунад, аз дар ҳаҷми 300 то 500 доллар “биткойн” ё пули маҷозӣ бипардозад ва дигарбора ба компютер ва маълумоташ дастрасӣ пайдо кунад.

Азбаски ҳамла рӯзи ғайрикорӣ ва шанбе сурат гирифт, мақомоти Тоҷикистон дар бораи сироят ёфтан ва ё наёфтани вирусҳо чизе нагуфтаанд. Аммо дар гурӯҳҳои барномасозон ва мутахассисони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое ҳаст, ки вирус ба Тоҷикистон сироят кардааст ва аз ҷумла ба ширкати русии Мегафон, ки дар кишвар муштарии зиёд дорад. Худи Мегафон дар ин бора чизе нагуфтааст, вале Русия яке аз он кишварҳоест, ки вируси WannaCry аз ҳама бештар ба шабакаву компютерҳои он сироят кардааст.

Чанд мутахассиси дигар ҳам навиштаанд, ки баъди нашри хабари сирояти вирус дар саросари ҷаҳон ба ҳамкоронашон дар рӯзи истироҳат дастур додаанд, дар пайи тақвияти амнияти компютерҳо ва муҳофизати онҳо аз вирус шаванд.

Ҳушдори мутахассисон аз омадани "Гиря" ва ё WannaCry ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим

Ҳадаф системаи роиҷ дар Тоҷикистон

Чанд мутахассисе, ки Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми май бо онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбат кард, гуфтанд, “азбаски дар рӯзҳои истироҳат вирус густариш ёфт, ҳоло маълум нест, ки чанд компютер дар Тоҷикистон олуда шудааст.” Ба гуфтаи онҳо, агар вирус ба кишвар расида бошад ҳам рӯзҳои корӣ ва рӯзи душанбе маълум мешавад.”

Ба гуфтаи онҳо, мумкин аст, баъзе аз компютерҳо сироят шаванд, чун вируси WannaCry системаи Виндовзро ҳадаф мегирад ва дар Тоҷикистон аксарияти компютерҳо ҳамин системаро доранд.

Ба навиштаи ширкати Касперски, вируси WannaCry дар як рӯз 45 ҳазор копмютер дар 75 кишварро ҳадаф гирифтааст. Патрик Макбриҷ, аз ширкати амнияти интернетии Клароту ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки “Ҳамла муттавақиф шуд, вале мумкин аст, дигарбора сурат бигирад. Мо интизор дорем, ки ин вирус бармегардад.” Европол, пулиси Аврупо гуфт, ки Барои пайдо кардани омилони ҳамлаи ахир бо вусъати бесобиқа, таҳқиқи печидаи байналмилалӣ ниёз зарур аст. “

Ҳамлаи васеи кибернетикӣ ба кори шабакаҳои бонкҳо, бемористону муассисаҳои давлатӣ дар даҳҳо кишвари ҷаҳон аз ҷумла Русия, Фаронса, Бритониё осеб расонд. Дар Бритониё, баъзе аз шифохонаҳо маҷбур шуданд, амалиёти ҷарроҳиро ба таъхир андозанд, зеро аз дастрасӣ ба маълумот доир ба беморон маҳрум шуданд.

Вазорати беҳдошти Бритониё гуфт, ки рӯзи 13-уми май тамоми компютерҳо барқарор кардааст. Вазорати дохилии Русия ҳам дар бораи ҳамла хабар дода гуфт, ки бонкҳо ва шабакаҳои роҳҳои оҳан ҳадаф қарор гирифтаанд, вале мушкиле пеш наомадааст.

Роб Вайнрайт, раиси иҷроияи Европол гуфт, ки мумкин аст, вазъ бадтар шавад. Ӯ ба ITV-и Бритониё гуфт, вирус ба 200 000 компютер дар 150 кишвари ҷаҳон сироят кардааст ва аксари онҳо эҳтимолан тоҷирон ва ширкатҳои бузург ҳастанд.

Мутахассисон ва мақомот тавсия додаанд, ки барои боз кардани комптерҳои олудашуда, пул напардозанд, зеро ҳеҷ кафолати бозгардонидани иттилоот ва ё дастрасӣ ба комютер вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мутахассисон вирус барои он зуд густариҳ ёфт, ки аз коди офаридаи Оҷонси Амнияти Миллии Амрико сохта шудааст. Ин кодро ҳам рахнагарон дуздида ва нашр кардаанд.

Агар компютери шумо олуда шудааст ва ё касеро медонед, ки чунин мушкилӣ дорад, лутфан ба ин шумораи Радиои Озодӣ аз тариқи Вайбер, Вотсапп ва ё ИМО ба мо нависед:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG