Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки тасвиби шартномаи истирдоди ҷинояткорон дар байни Тоҷикистону Чин бозгардонидани гумонбарҳоро барои ҳарду тараф содатар мекунад. Аммо коршиносон мегӯянд, Чин то имрӯз ҳам барои паноҳҷӯёни тоҷик чандон кишвари мувофиқ набуд. Шартнома миёни Душанбеву Пекин дар масъалаи истирдоди афроди ҷиноятпеша рӯзи 28 январ аз ҷониби вокилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, зимни муаррифии ин созишнома дар порлумон гуфт, то имрӯз истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ба қаламравҳои якдигар бо мушкилоти зиёд сурат мегирифт. Аммо зарурати аслии тасвиби ин созишнома, ба гуфтаи Аламшоҳзода, ин аст, ки бо афзоиши равуо миёни ин ду кишвар ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ҷинояткорон бо истифода аз низоми содаи убуру мурур ба қаламрави ҳарду кишвар паноҳ бибаранд.
Муовини вазири дохила гуфт: “Ин эҳтимол ки ҷинояткорони тоҷик дар Ҷумҳурии мардумии Чин паноҳ баранд ва баръакс ба Тоҷикистон фирор кардани ҷинояткорони он кишвар вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат мо метавонем ба онҳо дархост кунему шаҳрвандонеро, ки дар Тоҷикистон ҷиноят кардаву дар ҳудуди Чин панаҳ бурдаанд, бигирем. Дар ин шартнома ӯҳдадориҳои тарафҳо оид ба истирдод ва ҷиноятҳое, ки боиси истирдод мегарданд, муқаррар шудааст.”
Абдураҳмон Аламшоҳзода мегӯяд, Тоҷикистон то имрӯз бо кишварҳои зиёде чунин шартнома дорад ва ҳамкориҳои судмандеро дар самти мубориза бо ҷинояткорон ба роҳ мондааст Ҷумъахон Давлатзода, ёрдамчии президенти кишвар оид ба ҳуқуқ мегӯяд, то имрӯз созишномаҳои зиёди байналмиллалӣ вуҷуд дорад, ки тамоми кишварҳо бар асоси ӯҳдадориҳо гумонбарон дар ҷиноятро ба кишварҳои дархосткунанда истирдод кунанд. Аммо ба қавли ӯ, чунин созишномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби на ҳамаи кишварҳо ба пуррагӣ риоя мешавад.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бастани созишномаи дуҷониба дар ин самт ӯҳдадориҳоро бештар мекунад: “Созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи коррупсия, терроризм талаб мекунад, ки истирдод шавад, вале новобаста ба ин, баъзе кишварҳо ба ин санадҳо муносибати сатҳӣ доштанд, баъзан ба манфиаташон бударо эътироф мекарданду баъзан не. Барои мушаххас кардани масъала зарур аст, бо давлатҳо чунин шартномаҳи ҷузъӣ баста шавад. Аз ҷумла бо Чин ҳам.”
Бо ин ҳам мақомоти кишвар намегӯянд, ки то имрӯз чӣ теъдод аз сокинони Тоҷикистон дар Чин паноҳ бурда, ё ба Душанбе истирдод шудаанд.
Аммо пурсарусадотарин ҳодисаи истирдод аз Чин ба Тоҷикистон, ин интиқоли Давлатбек Ашӯров, мулаққаб ба Димон буд, ки моҳи августи соли 2012 замони амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, баъдан ба иттилои мақомот, ба Чин фирор карда буд. Аммо аз бемористоне дар Чин дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Ҳарчанд баъдан мақомот гуфтанд, истирдоди ӯ ба Душанбе қонунӣ ва бар пояи тавофуқоти ду кишвар сурат гирифтааст, аммо бархе аз коршиносон ва аҳзоби мухолиф таслими Димонро аз Чин дар ҳолати беморӣ, нақзи ҳуқуқи башар арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди қазияи истирдоди Давлатбек Ашӯров, Чин барои мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамеша ҷаззобияти худро гум кард.
Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, Чин аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳамеша дар истирдоди гумонбарон дар ҷиноят ба дархости кишварҳо вобаста ба манфиатҳои худ посухи рад намедод: “Фикр мекунам, агар ин гуна шартнома имзо шавад ва ин ӯҳдадориро ба худ гирад, шумори одамоне, ки дар Чин паноҳгоҳ мепурсанд, камтар мешавад. Аз таҷрибаи ҳуқуқӣ байналмилалӣ дар даҳсолаҳои ахир ман дар ёд надорам, ки Чин нафареро ба давлати дархосткунанда надода бошад. Аз ин рӯ Чинро ҳамчун як давлати принсипро риоя намекарда шинохта мешуд.”
Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло барои давлати Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар фароҳам овардани шароити истирдод ва ё овардани афроди паноҳҷӯй танҳо аз давлатҳои Аврупо мушкил аст. Ин давлатҳо тибқи конвенсияи байналмиллалӣ дархости кишварҳоеро, ки дар онҳо мавориди шиканҷа ҷой дорад, иҷро намекунанд. Аммо талаботи ин конвенсия дар Русия ва аксар давлатҳои ИДМ пурра қонеъ карда намешавад. Чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия паноҳгоҳ ҷустанд, дубора ба Тоҷикистон бозпас гардонида шуда буданд.
Аз тарафи дигар, Чин низ метавонад аз ин созишнома бо Тоҷикистон ба манфиати худ истифода барад. Аз ҷумла барои таъқиби ҷудоиталабони уйғур, ки чанд даҳсола боз барои истиқлоли ин вилояти як қисми аҳолиаш мусалмони Чин мубориза мебаранд.