Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми нахустин истирдод аз Чин ба Тоҷикистон чист?


Мурғоб, роҳ ба самти Чин
Мурғоб, роҳ ба самти Чин

Димон Ашӯров, дар гузашта Давлатбек Давлатбеков, аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз Чин ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ин шахс 20-уми августи соли 2012, замони амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон, бо иттиҳоми қаллобӣ, ки гуфта мешавад ҳанӯз соли 2007 иттифоқ афтодааст, боздошт шуд. Дертар аз ошёнаи сеюми Раёсати умури дохилии вилоят худро поин андохт ва пои худро шикаст. Дар ҳоле ки дар бемористон зери дидбонии пулис қарор дошт, ба Чин фирор кард ва рӯзи 8-уми январ аз бемористоне дар шаҳри Урумчии Чин аз сӯи Хадамоти муҳоҷирати Чин боздошт шуда, ба Тоҷикистон бозгардонида шуд.

Ба қавли Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, интиқоли мавсуф бар пояи тавофуқоти ду кишвар ба таври қонунӣ сурат гирифтааст: "Мақомоти дахлдори ду кишвар бо тартиби риояи Конвенсия оиди боздоди дастгиршудагон аз Ҷумҳурии халқии Хитой ба мо ӯро доданд. Ҳам ҷинояти қаллобӣ ва ҳам иштирокаш дар ҳаводиси Хоруғ мавриди тафтиш қарор мегиранд ва ман боварӣ дорам, ки нисбати ӯ қарори қонунӣ қабул мешавад."

Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода
Додситони кул аз иттиҳомоте, ки алайҳи Ашӯров вуҷуд доранд, ба далели махфӣ будани сирри тафтишот чизе нагуфт. Аммо Ғайрат Ашӯров, ки дар Чин бародарашро ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, дарёфт кардани раводиди ин кишвар барои онҳо бидуни мушкил анҷом шуда, танҳо шиносномаҳои худро ба сафорати Чин дар Душанбе фиристодаанд ва дар марз низ мушкиле надоштанд: "Аз он ҷо малах гузашта наметавонад. Тафтиши сахт мекунанд, аксатро мегиранд. Мо дар ҷустуҷӯ набудем, дар рӯйхати гумруку марзбонӣ набудем. Аммо он ҷо рафтем, шунидем, ки гуфтаанд, мо гурехтаем. Мо куҷо мегурезем?"

Заминаи қонуние, ки истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистону Чинро ба қаламрави якдигар фароҳам мекунад, Конвенсияи Шонгҳой аз соли 2001 аст, ки бино ба моддаи 1-и он кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва сепаратизм тааҳҳуд кардаанд. Дар заминаи ин Конвенсия соли 2003 миёни Тоҷикистону Чин Созишномаи ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва сепаратизм имзо шуд, ки тибқи моддаи 7-уми он дастгиршудагон бо иттиҳоми терроризм бояд истирдод шаванд. Мувофиқи ин созишнома ҳатто кишварҳо ҳақ надоранд афродеро, ки ба терроризм муттаҳам мешаванд, паноҳгоҳ диҳанд.

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров
Моҳи январи соли 2011 дар Душанбе бо дархости Чин се уйғури зодаи Шинҷон, ки ду нафарашон шаҳрванди Туркия буданд, боздошт гардиданд. Туркия аз Тоҷикистон озод кардани онҳоро талаб кард. Як созмони ҷаҳонии уйғурон дар шаҳри Анқара даст ба гирдиҳамоӣ зада, тақозо кард, ки боздоштшудаҳо ба Чин дода нашаванд. Давлати Чин онҳоро аз раҳбарони ҳаракати ҷудоихоҳони уйғур эълон карда буд, ки даҳ сол пеш фирор карда, шаҳрвандии Туркияро ба даст овардаанд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, он замон изҳор дошта буд, ки сарнавишти ин се уйғурро бо кишвари сеюм ҳал нахоҳанд кард. Пас аз ин, расман касе дар бораи ин ки ин уйғурҳо куҷо шуданд, чизе нагуфт ва ҳоло низ намегӯянд. Бино ба манобеи дигар, Душанбе онҳоро таҳти фишорҳои хориҷӣ бидуни сару садо раҳо кард.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Чин бо истирдоди Димон Ашӯров барои мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамеша ҷазабаи худро гум кард. Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, Чин обрӯи худро ҳамчун кишваре, ки бо роҳи ҳуқуқӣ меравад ва ҳам ҳамчун узви Шӯрои амнияти Созмони Милал коҳиш дод:

"Чин як шаҳрвандро худ иҷоза дода, боз бо ҳамин роҳ иҷозаи худро қатъ кард. Намебоист худро то ин ҳад бадном ва ин гуна рӯякӣ рафтори сабук кунад. Аввал, ин ки Чин дар бораи Давлатбек Ашӯров иттилоъ надошт. Дуввум, вақте хабар надошт ва қазияи онеро, ки бо виза расман вориди қаламраваш шуд, намедонист, бояд меомӯхт, пас тасмим мегирифт. Лоақал мегузошт, ки мӯҳлати визаи Ашӯров тамом мешуд. Асоси сиёсие ҳам барои Чин ҳамчун узви Шӯрои амният набуд ва ба ин кор ҳуқуқ надошт."

Ҳамзамон Чин дар баробари Афғонистон кишварест, ки дар қиёс бо Русияву Амрико аз амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар Бадахшон пуштибонӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG