Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимзода аз истирдоди Қувватов, "Димон" ва баёнияи "Ватандор" гуфт


Тоҷикистон аз Имороти Муттаҳидаи Араб хостори истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гуруҳи 24" шудааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки чанд рӯзи қабл мақомоти зидахл дар ин маврид ба мақомоти зидахли Имороти Муттаҳидаи Араб дархост фиристодаанд: «Алайҳи Умаралӣ Қувватов аз сӯи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои содир кардани якчанд ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст ва имрӯз барои истирдоди ӯ аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон дархост фиристода шудааст. Дархост чанд рӯзи пеш фиристода шуд.»

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов
Додситони кулл аз ироаи ҷузъиёти бештар дар хусуси иттиҳомот алайҳи раҳбари созмони «Гуруҳи 24» худдорӣ кард. Умаралӣ Қувватовро 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт карданд. Созишномаи миёни Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 соли пеш имзо шуда буд.

Ҳамчунин Шерхон Салимзода истирдоди Давлатбек Давлатбеков ё Димон Ашӯров, сокини шаҳри Хоруғ ва яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшонро аз шаҳри Урумчии Чин ба Душанберо таъйид кард. Вай гуфт, мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Ба қавли Додситони кулл, Димон Ашӯров бо мусоидати корманди милисаи Бадахшон ба Чин фирор кард ва тибқи созишномаи ду кишвар дар мавриди истирдод, ба Тоҷикистон таслим карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода даъвои наздикон ва вакили дифоъи Абдулвосит Латипов, маъруф ба "Қорӣ Восит"-ро, ки мегӯянд, ӯ дар Душанбе дар як ҳуҷраи пинҳонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад, рад кард. Вай гуфт: «Ӯ дар кофтукоби ҷиноятӣ аст. Дар ин бора, ки ӯ ба Тоҷикистон оварда шудааст, ман ҳамчунин Додситони кулл хабар надорам, яъне ин ҷо надорад. Он қадар, ки ман ҳам аз ахбори расонаҳо дарак ёфтам, дар бораи ғайб задани ӯ дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ман инро дар интернет хондам.»

Абдулвосит Латипов, собиқ фармондеҳи ИНОТ моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Волгогради Русия аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳ, ки ба тахмини шоҳидон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буданд, рабуда шуда, то ба ҳол маҳалли иқоматаш маълум нест.

Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор"
Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор"
Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ роҷеъ ба баёнияи созмони «Ватандор» изҳори назар намуда, онро «беасос» хонд. Созмони«Ватандор», ки раҳбарии онро Додоҷони Атовуллоҳ ба дӯш дорад, ду рӯзи қабл тайи як изҳорот ҳукумати Тоҷикистонро барои таҳрезии сӯиқасдҳо ба ҷони шахсиятҳои сиёсӣ ва мухолифини ҳукумат, аз ҷумла раҳбари ин созмон муттаҳам карда буд. Дар ин изҳороти "Ватандор" аз ҷумла гуфта шуда буд, ки Абдуҳалим Назаров, як масъули вазорати дифои Тоҷикистон барои анҷоми ин кор вазифадор шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон, ки аз натиҷаҳои фаъолияти ниҳоди таҳти сарвариаш дар соли 2012 сӯҳбат дошт, аз афзоиши худкушиҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, теъдоди афроди худкуш ба 604 нафар расид, ки дар қиёс бо соли 2011 42 нафар зиёд аст.

Ҳамчунин ӯ аз афзоиши пинҳон доштани ҷиноятҳо аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбат карда, гуфт, тайи соли гузашта ҳамчунин маворид ба 770, яъне 5 дарсад зиёд шудаанд. Вай афзуд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба далели нокифоятии далоил ва ҳам аз даъво гузаштани даъвогарон ҷиноятҳоро сабт намекунанд. Ба қавли Шерхон Салимзода, барои сӯистифода аз мақом ва дигар ҷиноёт 163 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноиву интизомӣ кашида шудаанд.

Додситони кулл гуфт, алайҳи се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар маҳбаси № 1 – и шаҳри Душанбе гумонбар шудаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шерхон Салимзода дар ин маврид тавзеҳоти бештар надод, аммо бино ба иттилои ӯ, соли 2012 ба Додситонии кул аз шаҳрвандон 22 шикоят аз мавориди шиканҷа ворид шуда, 10 корманди ҳифзи ҳуқуқ ба хотири истифодаи шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ва зиндониён, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Бино ба иттилои Додситони кулл, соли 2012 мақомоти амниятии Тоҷикистон 142 узви созмонҳои террористиву тундрав, аз ҷумла 76 узви Ҳаракати исломии Узбакистон, 36 узви "Ҳизбуттаҳрир, 15 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва 11 узви «Ҷамоати таблиғ» -ро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG