Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Теҳрон. Санади ҳамкориҳои амниятӣ кай имзо мешавад?


Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ.
Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ.

Роҳбарияти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, созишномаи ҳамкории ин ниҳод бо додситонии Эрон дар ҳоли коркард аст ва ба зудӣ ба имзо хоҳад расид.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ рӯзи 7-уми феврал изҳори назар карда гуфт, санади ҳамкории ниҳодҳо аз ду ҷониб омода мешавад: «Ин созишномаҳоро мо аллакай омода кардаем ва дар арафаи анҷомёбӣ ва ба имзо расидан ҳастанд. Ҳадаф ҳам ин аст, ки мо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонамонро, ки ҷиноят кардаанд, ҳимоят карда тавонем ва ҳам онҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҷиноят карда, ба он кишвар фирор кардаанд, аз тариқи ҳуқуқӣ аз мақомоти Эрон талаб кунем».

Санади ҳамкорӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, ки чанд сол ба ин сӯ ҳатто дар санадҳои имзошуда аз сӯи раҳбарони Тоҷикистону Эрон зикр мешавад, то ба ҳол имзо нашудааст. Ҷаноби Салимзода мегӯяд, дар Эрон ҳастанд афроде, ки ҷониби Тоҷикистон метавонад онҳоро талаб кунад, аммо мисоле наовард.

Шерхон Салимзода.
Шерхон Салимзода.
Дар сафорати Эрон дар Душанбе ба «Озодӣ» гуфтанд, ки ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон 7 эронӣ, умдатан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба сар мебаранд. Дар ҳоли истирдод ба Эрон онҳоро ҳукми қатл мунтазир аст. Ин сафорат дар гузашта гуфта буд, ки 25 шаҳрванди Тоҷикистон аксаран бо иттиҳоми қаллобӣ ва фасоди молӣ зиндонӣ ҳастанд.

Аз омодагиҳои Тоҷикистону Эрон ба имзои созишномаи ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 5-ми феврал дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ва сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ баргузор шуда, ин масъала меҳвари гуфтушуниди мазкурро ташкил дод.

Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон роҷеъ ба ин мулоқот мегӯяд: «Ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи ахбор, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва тиҷорати ғайриқонунии яроқу аслиҳаро ба баррасӣ гирифтаанд. Ду кишвар таҷрибаи кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазорати кишвари Эронро ҳам мубодила карда, дар омода кардани кадрҳои ҷавон саҳм хоҳанд гирифт».

Бино ба иттилои ин манбаъ, дар ин мулоқот зикр шудааст, ки Созишномаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният дар марҳалаи коркард қарор дорад ва пас аз имзои ин лоиҳа заминаи ҳуқуқии ду ҷониб дар ин замина фароҳам мешавад.

Дар асл Созишномаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният солҳост, ки омода мешавад , дар ҳоле ки чунин санаде байни Эрон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ солҳо пеш имзо ва тасвиб шудааст. Пас сабаби чист, ки имзои ин санад бо Тоҷикистон ба дарозо кашидааст? Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд ва дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки аслан мушкиле миёни ду кишвар нест.

Аммо коршиносон мегӯянд, то ба имрӯз ду кишвар дар ин замина ва бидуни ҳеҷ гуна тавофуқи расмӣ ҳамкорӣ доштаанд. Ба қавли онҳо, дар ҳарду кишвар ягон мухолифи ҳукумат ва ё ҷинояткор ҳеҷ гоҳ паноҳ набурдаву нахоҳад бурд, танҳо ба ин далел, ки онҳо ин ду кишварро барои худ амн ҳисоб намекунанд ва хуб медонанд, ки равобити ду кишвар хеле хуб аст.

Зафари Сӯфӣ.
Зафари Сӯфӣ.
Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки таҷрибаи кор дар Эронро дорад, мегӯяд, солҳои ахир танҳо табодуле, ки дар ин замина сурат гирифт, донишҷӯёне буданд, ки дар минтақаи суннишини Зоҳидони Систон – Балуҷистон буданд:
«Танҳо ҳамин буд, ки бидуни ҳеҷ ягон санад иҷро шуд. Аз Душанбе гуфтанд, аз Теҳрон доданд. Он чӣ ба мухолифони Эрон рабт дорад, онҳо бештар ба Дубайу кишварҳои дигари Халиҷ мераванд. Мухолифони сиёсии Эрон асосан дар Аврупо ҳастанд. Хуб медонанд, ки дар Тоҷикистон амн нахоҳанд буд»

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар доираи барномаи баргардонидани донишҷӯёни худ аз кишварҳои исломӣ даҳҳо нафарро аз Эрон баргардондааст. Расонаҳо дар ин бора низ навиштанд, ки ҷангиёни тоҷики «Ансоруллоҳ» тариқи Зоҳидон ба Вазиристони Шимолии Покистон мераванд. Ҳатто Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳабибулло Идиев, дастпарварони донишгоҳи Зоҳидони Эрон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Ансоруллоҳ» ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Дар гузашта ҳам ҳудуди 10 нафар бо иттиҳоми узвият дар «Ҷамоаи таблиғ» ва аз донишҷӯёни Зоҳидон зиндонӣ шуда буданд.

Аммо бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар Зоҳидони Эрон ягон донишкадаи расмӣ фаъолият намекунад ва донишомӯзони тоҷик ҳам ба он ҷо ғайрирасмӣ рафта, ғайрирасмӣ дар макотиби назди мадорис таҳсил мекунанд. Аз ин хотир, истирдоди онҳо аз сӯи полиси Эрон сирф ҷанбаи дохилиэронӣ дорад.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Дар ҳамин ҳол, Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир хеле судманд хоҳад буд, зеро таҷрибаи Эрон дар ин замина хеле бой аст: «Дар масъалаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир худи СММ расман эътироф кардааст, ки дар баробари Чин Эрон кишварест, ки дар ҳақиқат мубориза мебарад. Эътироф мекунанд кишварҳои ғарбӣ инро, қатъи назар аз ин, ки муносибати Эрон бо созмонҳои байнулмилалӣ он қадар хуб нест.»

Ҳамчунин коршиносон ҳадс мезананд, ки эҳтимолан созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи амният ва мубориза бо ҷиноятҳо масъалаи истирдоди шаҳрвандони ду кишварро ҳам осон мекунанд. Аммо дақиқан ин созишнома кай ба имзо хоҳад расид, дар изҳороти расмии ду кишвар зикр намешавад.
XS
SM
MD
LG