Мақомот мегӯянд, соли гузашта 14 шаҳрванди хориҷӣ тариқи баҳсҳои додгоҳӣ ҳамсарони тоҷики худро талоқ додаанд. Ин омор дар ҳолест, ки солҳои гузашта камтар аз даҳ ҳолати талоқ гирифтани занони тоҷик аз ҷониби ҳамсарони хориҷиашон сабт мешуд.
Хориҷиёне, ки аз ҳамсарони тоҷики худ ҷудо шудаанд, шаҳрвандони Афғонистон, Узбакистон ва Русия будаанд. Мақомот мегӯянд, солҳои гузашта низ талоқи ҳамсарони тоҷик аз ҷониби хориҷиён вуҷуд дошт, аммо аксаран онҳо бидуни баҳсҳои додгоҳӣ сурат мегирифтанд. Аксаран, хориҷиёне баҳси талоқи худро то додгоҳ бурдаанд, ки дар Тоҷикистон молу мулк доштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта 14 шаҳрванди хориҷӣ тариқи баҳсҳои додгоҳӣ ҳамсарони тоҷики худро талоқ додаанд.
Замира (исми шартӣ), як зани 34 солаи тоҷик аст, ки соли гузашта аз ҳамсари афғони худ ҷудо шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳамсараш дар Душанбе коргоҳи таъмири мошинҳои хориҷиро дорад ва чаҳор соли пеш бо ҳамдигар шинос шуда издивоҷ карданд. Замира мегӯяд, ҷудо шудан аз ҳамсараш омилҳои гуногун дорад, аммо баҳси онҳо аз он ҷо ба додгоҳ кашид, ки моликияташон бояд ду тақсим мешуд. "Агар мо қонунӣ никоҳ намедоштем ва дар ин ҷо корхона намедошт, ҳеҷ гоҳ аз тариқи суд ҷудо намешудем", - гуфт ӯ.
Майдагул Наврӯзова, як сокини шаҳри Кӯлоб баръакси Замира 9 сол боз шавҳарашро, ки шаҳрванди Афғонистон аст, ҷустуҷӯ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамсараш тоҷир буд ва пас аз рафтан аз Тоҷикистон дороие аз худ боқӣ нагузоштааст. Ҳоло ин зан мегӯяд, никоҳи расмиашро наметавонад бекор кунад, чун додгоҳ гуфтааст, бояд санаде дар бораи куҷо шудани шавҳараш рӯи даст дошта бошад.
Ин зани 42-солаи тоҷик 9 соли пеш бо Мулло Олими Сулаймон ном шаҳрванди Афғонистон расман издивоҷ кард ва аз ин издивоҷ соҳиби як писар шуд. Ҳамсараш замоне оиларо тарк кард, ки аз таваллуди кӯдакашон як моҳ гузашта буд. Ӯ мегӯяд, шавҳараш он замон бо баҳонаи дуруст кардани шиносномааш барои як ҳафта ба Афғонистон сафар карда, бо ҳамин то имрӯз нопайдо шуд.
Майдагул мегӯяд, аз ҳамон замон то имрӯз дар як ҳолати номуайянӣ ба сар мебарад - на расман талоқ шудааст ва бо ҳамсараш ҳам зиндагӣ намекунад: “Гуфт, ки як ҳафта пас меоям ва як коғазро ба мисли забонхат бароям дод. Лекин то ҳол даракаш нест. Писарам ҳоло синфи ду шудааст. Мехоҳам ӯро пайдо кунам ва ё моро нигоҳ кунад ва ё алимент барои писараш пардохт кунад.”
Ин зан ҳоло барои пайдо кардани шавҳараш ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Майдагул мегӯяд, ҳатто пас аз талоқ гирифтан аз шавҳари хориҷӣ низ дубора шавҳари тоҷик кардан мушкил аст.
Соли гузашта органҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 184 никоҳи занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷиро сабт кардаанд, ки аз он ҳисоб 30 танро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд. Аксаран, шаҳрвандони хориҷие бо занони тоҷик издивоҷ мекунанд, ки дар Тоҷикистон тиҷорат доранд ва ё дар ширкатҳои тиҷоратӣ кор мекунанд.
Мафтуна Наҷотова, корманди як ширкати хориҷӣ мегӯяд, аксари занони тоҷик фикр доранд, ки бо издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ зиндагии онҳо комилан тағйир мекунад: «Бисёри онҳо расмиву ғайрирасмӣ бо хориҷиён издивоҷ мекунанд. Ҳастанд заноне, ки солашон ба як ҷо расидааст ва чун аз тоҷикон ҳамсар пайдо накардааст, мехоҳад бо ягон хориҷӣ издивоҷ кунад. Лекин бисёре аз духтарони мо аз сари ҳавову ҳавас ва фикри ин, ки зиндагии онҳо бо издивоҷ ба хориҷӣ нисбат ба издивоҷ ба шаҳрвандони кишвар хуб мешавад, розӣ ба чунин никоҳҳо мешаванд».
Саодат Сироҷова, як масъули Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, қонунгузории Тоҷикистон аз ҳуқуқи занони тоҷике, ки расман ҳамсари хориҷӣ доранд, хуб ҳимоя мекунад. Соли 2012 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид шуд. Бар асоси он шаҳрванди хориҷӣ танҳо имкони никоҳ бо зани тоҷикро пайдо мекунад, ки як сол дар Тоҷикистон зиста ва қабл аз издивоҷ барои ҳамсараш манзили зист мехарад.
Аз ин рӯ, хонум Сироҷова мегӯяд, занони тоҷике, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ мекунанд, бояд ҳатман никоҳи худро расмӣ кунанд, то дар оянда сарсон нагарданд. Аммо аз замони тағйир дар Кодекси оила шумораи никоҳи хориҷиён бо занони тоҷик ба маротиб камтар шудааст. Маслан, дар соли 2001 қабл аз қабули қонун бештар аз 700 хориҷӣ бо занони тоҷик издивоҷ карда бошад, ҳоло ин омор ҳафт маротиба коҳиш ёфтааст.
Ҷомеашиносон мегӯянд, баҳсҳои додгоҳии ҳамсароне, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, ҳамчунин зиёд аст ва бемасъулиятии бархе мардон дар нисбати оилаҳои худ падидаи наве нест. Дар солҳои охир бо афзун шудани мавҷи муҳоҷирони мардони тоҷик ба Русия ҳолатҳои беному нишон шудани падарҳо, бидуни ғамхориву кӯмаки пулӣ мондани оилаҳояшон дар Тоҷикистон зиёд аст.
Аз ҳамин хотир ҳам, мегӯянд фаъолон, ҳамеша муҳим аст, ки занону духтарон пеш аз издивоҷ дар фикри ҳимояи ҳуқуқи худ ва фарзандони ояндаи худ бошанд: аз сабти расмии ақди никоҳашон гузаранд, санадҳои фарзандони таваллудшудаашонро сари вақт бигиранд, то тавонанд дар ҳолати талоқу азҳампошии оила бо забони дароз ҳақталабӣ кунанд. Дар чунин ҳолатҳо додгоҳҳо бисёр вақт аз ҳуқуқи занони танҳо бо фарзандмонда ҳимоят хоҳанд кард, вагарна исботи ҳақи худ дар додгоҳ душвор мешавад