Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт барои саркӯбии қочоқчиёни афғон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷиҳати саркӯбии қочоқбарони афғон амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ идома дорад.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, идомаи ҳамчунин амалиётро тасдиқ кард, аммо аз тафсилоти бештар ба далели ошкор нашудани асрори амалиёт худдорӣ намуд.

Бино ба манобеи маҳаллӣ, қочоқчиёни афғон аз шаш гурӯҳ иборат буда, ҳудуди 100 нафарро ташкил мекунанд.

Амалиёт дар мавзеи "Деволбарс"-и ноҳияи Шӯрообод бо ширкати нерӯҳои марзбонӣ ва умури дохилии Тоҷикистон як ҳафта ба ин сӯ идома дорад. Бино ба манобеи маҳаллӣ, онро шахсан вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, сарварӣ дорад.

Қаблан, рӯзи 10-уми июн, вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор ва мусодира шудани 100 килову 160 грамм маводи нашъадори навъи бангдона ва як адад силоҳи тамғаи "ТОЗ-16" аз пинҳонгоҳе дар ин мавзеъ хабар дода буд.

Рӯзи шашуми июн ин манбаъ дар пайи задухӯрди дусоата аз торумори як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллоб ва иборат аз шаҳрвандони Афғонистон иттилоъ дода буд, ки аз онҳо ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира шудааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ низ нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар қитъаи Шӯрободи марз бо Афғонистон бо гурӯҳи қочоқбарон вориди даргирӣ шуданд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он вақт гуфта буд, яке аз қочоқбарон захмӣ шуда, даста тавонистааст, бозпас ба Афғонистон фирор кунад. Даргирӣ миёни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва қочоқчиёни афғон бори аввал нест.

Ин дар ҳолест, ки Бунёди Сорос бо интишори гузорише аз истифодаи ғайримуассири кумакҳои кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ барои ҳифзи марз марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон танқид кардааст. Дар ин гузориш таъкид шуда, ки вуҷуди фасоду ришват дар таъмини амнияти марзҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод намудааст.
XS
SM
MD
LG