Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як қочоқчии афғон дар марз


Дар пайи амалиёти ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон, як қочоқчии афғон кушта ва аз маҳалли ҳодиса беш аз 50 кило маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврвл ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар пайи иқдомоти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ мушаххас гардид, ки гурӯҳи фаромиллии қочоқи маводи мухаддир қасди интиқоли бастаи бузурги маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қумсангири Тоҷикистонро дошт. Ба ин далел кормандони ниҳодҳои амниятӣ амалиётеро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон рӯи даст гирифтанд.

Ба иттилои ин манбаъ, гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ба талаби ниҳодҳои амниятӣ посухи рад дода ва ба сӯи онҳо оташ кушоданд ва дар пайи даргирӣ як қочоқчии афғон кушта ва бақия бори худро партофта ба қаламрави Афғонистон панаҳ бурданд. Ин манбаъ афзуд, ки дар маҳалли ҳодиса се халта бо 53 кило маводи мухаддири навъи канабис кашфу мусодира гардид.

Кашфу мусодираи беш аз 53 килограм аз як гурӯҳи қочоқбари афғон дар марзи Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири кишвар танҳо дар 9 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 757 ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддир сабт шудааст, ки 5 дарсад аз ҷамъи ҷиноёти содиршуда дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Соли гузашта дар 9 моҳ дар Тоҷикистон 787 ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сабт шудааст.

Бино ба гузориши Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 42 шаҳрванди хориҷиро бо ҷурми ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд, ки аксари онҳо, яъне 35 тани онҳо шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Ҳамчунин миёни дастгиршудаҳо шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Эрон ва Қазоқистон ҳам будаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи мустақим дорад, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, бахусус чакидаву ҳероин ба бозорҳои сиёҳи Қазоқистону Русия ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG