Рамзӣ Гулобови 25-сола дар ҳашт моҳи охир аз ҳафтумин ҷавони марзбонест, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, аз дасти қочоқчиён ва марзшиканони афғон кушта
мешавад.
Неъмат Наимов, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, "афсари марзбон пас аз анҷоми рухсатии меҳнатӣ аз зодгоҳи худ, ноҳияи Ванҷ, барои идомаи ифои вазифа ба ноҳияи Ҳамадонӣ бармегашт. Он шаб марзшиканони афғон дар роҳи Бадахшон-Душанбе, воқеъ дар Шӯрообод, мошини мусофиронро бо ҳадафи ғорат бозмедоранд. Эҳсоси вазифаи марзбонӣ ба ин ҷавон иҷоза намедиҳад, то дар баробари ғорати қочоқчиён хомӯш бимонад ва ҳангоми ҳамла ба як марзшикани афғон аз тири дуввумӣ кушта мешавад."
Аммо Наимов мегӯяд, ин ҷавон пеш аз кушта шудан як қочоқчиро бо
силоҳи худи ӯ, ки ҳангоми ҳамла гирифта буд, маҷрӯҳ намудааст, ки хуни рехташуда аз он гувоҳӣ медиҳад.
Икром Зоиров, масъули додситонии низомӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз он афсарону сарбозоне, ки барои нигаҳбонии марз ҳалок мегарданд, ба таври шоиста қадрдонӣ мекунад. Ба гуфтаи Зоиров, ба хонаводаҳои сарбозони ҳалокшуда бар асоси қонун беш аз 12 ҳазор сомонӣ ва ба хонаводаҳои афсарони ҳалокшуда ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ то 80 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида мешавад.
Ӯ афзуд: "Мо ҳамеша дар ин қисмҳои ҳарбӣ миёни сарбозону афсарон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Риоя кардани қонунҳои ҷории кишвар, содиқ будан ба ин ватанро ба онҳо мефаҳмонем. Ин ватани ҳар як сокини Тоҷикистон ва ҳамаи мо барои он бояд софдилона хизмат кунем. Албатта, сарбозон моро хуб мефаҳманд."
Аммо кушта шудани ҳафт марзбон дар ноҳияи Шӯрообод марзи ҳудуди ин ноҳияро ба хатарноктарин ҳудудҳои марзии Тоҷикистон ворид месозад. Аз ин рӯ, Шӯҳрат, як ҷавони тоҷик мегӯяд, барои ҷалби ҷавонон ба хидмат дар сафи нерӯҳои марзбонӣ дар ҳудуди ин ноҳия бояд имтиёзҳои бештар дода шавад: "Дар Шӯрообод, ки ман медонам, хидмати аскарӣ бисёр мушкил аст. Аз ин рӯ хуб мешавад, агар ба сарбозону афсароне, ки он ҷо хизмат мекунанд, имтиёзи бештар дода шавад. Масалан, ба онҳо маоши хубтар диҳанд ва пас аз хидмат дар ҷойҳои истиқоматиашон замин барои бунёди хона. Инчунин, имтиёзи зиёдтар барои дохил шудан ба Донишгоҳу донишкадаҳо дода шавад. Агар чунин имтиёзҳо дода шавад, фикр мекунам, ки ҳар як ҷавон бо дилу ҷон рафта, он ҷо хизмат мекунад ва марзро боз ҳам қавитар нигоҳбонӣ мекунад."
Ҳамасола дар ноҳияи Шӯрообод, ки беш аз 150 километр хатти марз бо давлати исломии Афғонистон дорад, чандин сарбози тоҷик аз тири қочоқчиён кушта мешаванд.
Дар Шӯрообод,
ки ман медонам,
хидмати аскарӣ бисёр мушкил аст. Аз ин рӯ хуб мешавад, агар ба сарбозону афсароне, ки он ҷо хизмат мекунанд, имтиёзи бештар дода шавад...