Ӯ ҳамин ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳодисаҳо такрор мешаванд” ва аҳли оила намедонанд, чӣ кор кунанд. Сангпартоӣ, оташсӯзӣ, пайдо шудани навиштаҷоти аҷибу ғариб дар бадани кӯдакон ва дару девори хона аз ҳодисаҳоест, ки ба қавли Рустамбек Сафиев хонааш дар деҳаи Файзобод такрор мешавад. Аммо ба қавли иддае аз донишмандон, иддаоҳои Рустамбек Самиев асосе надоранд ва зоҳиран ҳодисаҳои ғайриддӣ дар хонаи ӯ на кори дасти ҷину париву махлуқи ноаён, балки мумкин кори инсоне бошад.
Исомиддин Шарифзода, донишманди тоҷик, ки хурофоту хурофопарастиро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, чунин иддаоҳо заминаи воқеӣ ва илмӣ надоранд ва дар ҷое пайдо мешаванд, ки инсонҳо тафаккуру таҳлил ва далелҳои илмиро нодида мегиранд. Исомиддин Шарифзода ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар ба ҷину махлуқҳои ноаён паёмади хурофотпарастӣ аст, ки ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон дар миқёси васеъ ва нигаронкунанда паҳн шудааст.
Ӯ афзуд, рафтору амали аксари мардум на бар пояи илм, балки бар асоси бовару эътиқод аст. Шарифзода мегӯяд: “Заъфи фарҳанги нақдӣ набудани навандешӣ, пазириши бечунучарои боварҳо, ҳал нашудани мушкилоти оддии зиндагӣ, паст будани сатҳи донишу маърифат ва поён будани арзиши илму олим ва ҷойгоҳи муносиб надоштани мутахассис дар ҷомеа” аз омилҳои ривоҷ ёфтани хурофот дар ҷомеа аст.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ ба ин андеша аст, ки пас аз пош хўрдани шӯравии собиқ мардуми Тоҷикистон дубора ба дину мазҳаб ва бовару эътиқод руй овард ва худшиносиро дар бозгашт ба бовару эътиқодҳои динӣ донист. Вай гуфт: “Аз касби истиқлол, озодиҳои динӣ дар ҷомеа ба миён омад, имону эътиқод аз кори фардӣ ба амали иҷтимоӣ табдил ёфт ва аксар боварҳо ба ҳайси муқаддасот табдил ёфт. Аз ҷумла фолбинию ҷодугарӣ ва даму дегдон ба як навъ касб ва дўконе табдил ёфтааст, ки гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мушкили худро на аз роҳи ақлу хирад, балки аз роҳи имону эътиқод мехоҳанд, ҳал кунанд”.
Агар ҷин бошад, собит кунед
Файласуфи тоҷик иддаоҳо дар бораи пайдо шудани махлуқи ноаён ва ё вуҷуди “ҷин”-ро ғайриилмӣ номид. Ба гуфтаи Исомиддин Шарифзода, шояд барои як фарди боварманд муҳимтар аз ҳама меъёри бовараш бошад, вале мегӯяд, ӯ ин боварро бо далели илмӣ бояд собит кард. Рӯҳониён ва донишмандони улуми дин дар Тоҷикистон ҳам авҷ гирифтани хурофот дар ҷомеаро рад намекунанд, вале мегӯянд, олами ғайб вуҷуд дорад ва инкори ҳарчизе, ки вуҷудашро инсон ба чашм дида наметавонад, дуруст нест.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар чизеро ки илмӣ башарӣ исбот карда натавонист, ба ин маъно нест, ки он вуҷуд надорад. Мутахассиси тоҷик баҳсҳо атрофи вуҷуди ҷин дар табиатро рад накард: “Ҳар чизе ки тақаллубӣ бошад, дар шароити феълӣ дароз намекашад. Рузе он сиру асрор ошкор мешавад. Аммо вуҷуди ҷинҳоро мо ҳатто дар беморон ҳам мушоҳида мекунем. Ҳатто аҳли динҳои насрониву яҳудӣ ҳам ба вуҷуди ҷин бовар доранд.”
Ҷомеашиносону таҳлилгарон мегӯянд, мардум зудбовар ҳастанд ва аз рӯи ихлос ва эътиқод ба ин чизҳо зуд бовар мекунанд. Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, боварҳои мардумӣ ё хурофотпарастӣ ҳеҷ давру замон аз байн нахоҳад рафт зеро ин хусусияти тафаккури инсон аст ва ҳамеша боқӣ мемонад. Ӯ мегуяд, чунин хурофоту боварҳо ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам дида мешавад, ки роботу моҳвораву ҳамачизи дигарро доранд. Ӯ кишварҳои ғарбӣ ва масеҳиро мисол овард, ки дар онҳо: “Барои мисол 8 ва 13 рақамҳои наҳс дониста мешаванд”.
Хурофот ба одат табдил шудааст
Аз нигоҳи пажӯҳишгарони масоили мазҳабӣ, эътиқод ва бахусус хурофот сабаб шудааст, ки мардум эҳтиром ба рӯҳониёнро ба ифрот ва парастиши онҳо бирасонанд. Пажӯҳишгарон зиёрат аз мазору қадамҷойҳои “бузургон”-ро мисол меоранд, ки солҳо боз як одати мардум шудааст. Аз нигоҳи таҳлилгарон, мақомот дар Тоҷикистон на фақат барои аз байн бурдани хурофот тақрибан коре анҷом намедиҳанд, балки мансабдорони зиёде аз ҳисоби рӯҳониёни маъруф “пир”-ҳои худро доранд ва пайваста аз онҳо дуо мегиранд. Ин гуна мансабдорон ба гунае эътиқоди мардум ба ин ё он рӯҳониро бештар мекунанд ва ҳарчӣ амиқтар ба ботлоқи хурофот меғӯтанд.
Исомиддин Шарифзода дар як мақолае дар бораи хурофотпарастӣ навиштааст, баъди ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон бо паст рафтани сатҳи донишу огоҳии ҷомеа сатҳи хурофоту хурофазадагӣ дар ҷомеа ба шиддат боло рафт, ки барои ояндаи ҷомеа хатарнок аст. Дар ин мақола омадааст: “Пўшида нест, ки тайи даҳ соли охир хурофотзадагӣ ва вопасгароӣ, суннатпарастӣ дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нуфуз пайдо кардааст ва нерӯи хурофӣ то ба сатҳи ҳокимияти давлатӣ расидааст. Ҷойи пўшида нест, ки довталабона ва риёкорона анҷом додани талаботи шаръӣ дар байни кормандони мақомотҳои давлатӣ мӯд шудааст ва ин ҳолат дар шароити феълии шиддат гирифтани авзои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сахт нигаронкунанда аст.”