Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шубҳабарангези сарбоз баъди 18 рӯзи хидмат. Додситонӣ таҳқиқ мекунад


Ҷовидон Амирхонов фақат чанд рӯз дар шифохона будааст.
Ҷовидон Амирхонов фақат чанд рӯз дар шифохона будааст.

Додситонии низомии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги сарбозе оғоз кардааст, ки баъди 18 рӯзи хидмат ҳалок шудааст. Ҷовидон Амирхонов аз ноҳияи Фархорро рӯзи 15-уми октябр барои хидмат ба як воҳиди низомӣ ба ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) фиристодаанд ва ӯ шаби 11-уми ноябр дар шифохонаи низомии шаҳри Душанбе вафот кард.

Сокини 22-солаи деҳаи Давлатободи ҷамоати Гулшанро рӯзи 12-уми ноябр дар зодгоҳаш дафн карданд. Хешовандонаш иддао доранд, ки ӯ бар асари латту кӯби афсаре ҳалок шудааст, аммо барои тасдиқи иддао далели собите намеоранд. Дар додситонии минтақаи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз иллати марги сарбози 22-сола маълум нест ва тамоми иддаоҳо ва фарзияҳоро месанҷанд, то сабабҳои ҷавонмарг шудани сарбозро маълум кунанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар додситонӣ, ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт: "Марги сарбоз тафтиш карда мешавад, хоҳ аз беморӣ бошад, ё ҳар чизи дигар. Баъд аз он қарор қабул мекунем. Тафтиш ҳадди аксар 2 моҳ идома мекунад, вале аксарият кӯшиш мекунанд, ки зудтар анҷом ёбад."

Бародари сарбози ҳалокшуда Баҳодур Амирхонов рӯзи 15-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди марги бародараш, ки дар қисми низомии 02011А-и Вазорати дифоъ дар ноҳияи Лахш хидмат мекард, ба додситонии низомии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Ӯ гуфт, аз додситонӣ омада, аз аҳли хонавода баёнот гирифтанд ва гуфтанд,сабабҳои марги сарбози ҷавонро тафтиш мекунанд.

Иддаои хешовандон

Баҳодур Амирхонов иддао дорад, ки бародараш ба сабаби латту кӯб ҳалок шудааст, аммо дақиқ нагуфт, ки Ҷовидонро кӣ ва чаро латукӯб кардааст. Табибон ҳам ба онҳо гуфтаанд, ки сарбоз бар асари беморӣ фавтидааст, на зарбаи сахт, ё осеби дарунӣ. Хешовандонаш сабти видеоии сӯҳбат бо Ҷовидон Амирхоновро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, ки бо сару рӯи варамида бехуду беҳол сӯҳбатҳои парокандае мекунад ва мегӯяд: "Камбудӣ надоштам, якбора касали дил маро гирифт. Якбора касал шудам, ҳамин хел шуд".

Дар видео аён аст, ки рӯй ва чашмони ҷавон варамида аст, вале осори зарба дар рӯяш дида намешавад. Ба гуфтаи табибон, рӯй ва ё узвҳои дигари инсон метавонанд, бар асари бемориҳои гуногун варам кунанд.

Дар ин видео баъдан як нафар дар бораи кадом як суҳбат ва латту кӯб шудани Ҷовидон Амирхонов гап мезанад.

Хешовандонаш дар ин видео Ҷовидони беморро, ки зоҳиран ба дарки суханонаш намеравад, маҷбур мекунанд, ки “росташро бигӯяд”, вале ӯ бехудона гапҳои пароканда ва номафҳум мезанад.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари афсарони воҳиди низомиро бигирад, аммо яке аз хешовандони дигари Ҷовидон Амирхонов ба Радиои Озодӣ навишт, ки фармондеҳи қисми низомӣ бо изҳори таассуф гуфтааст: "Қисми ҳарбии мо дар баландии баландии 2300 метр ҷойгир аст, ҳаво сард аст ва аз ин сабаб ҳар кас ба обу ҳавои онҷо тоб намеорад, барои ҳамин касал шуд.”

Назари комиссияи даъват

Масъулони комиссияи даъват ба сафи артиш дар Фархор мегӯянд, Ҷовидон Амирхонов аз ташхиси тиббӣ гузашта буд. Насрулло Вализода, раиси комиссия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷовидон бо ду ҳамсинфаш довталабона омада, аз ташхис гузаштанд ва ба хизмат рафтанд.

"Аз ташхис гузаштанд, ягон беморӣ надоштанд. Мақомоти дахлдор омада, парвандаашро гирифтанд ва санҷида истодаанд, ки чӣ гузаштаасту чӣ шудааст", -- афзуд ӯ.

Қаблан мавридҳое будаанд, ки ҷавонони беморро ба сафи артиш фиристодаанд ва баъди хуруҷи бемории музмин (хроникӣ) фармондеҳони воҳиди низомӣ маҷбур шудаанд, сарбозро ба хонааш баргардонанд. Як табиби тоҷик ҳам дар суҳбати хусусӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, худаш шоҳиди он буд, ки чӣ гуна ҳамкораш дар комиссияи тиббӣ баъди маълум шудани бемории сил дар як ҷавони даъватӣ, ташхиси рентгении ӯро канор монд ва дар парвандааш ташхиси рентгении ҷавони солимеро гузошт, то ӯро ба артиш баранд.

Мақомоти додситонии низомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳаматарафа таҳқиқ мекунанд, сабаби воқеии марги ҷавон чӣ буд, беморӣ, бадрафторӣ ва ё латту кӯб? Аммо хешовандони Ҷовидон Амирхонов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, падари хонавода иҷоза надодааст, ки барои маълум кардани сабабҳои марг ҷасади писарашро колбадшикофӣ кунанд.

Ҳалокати сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ

Ҳалокати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ҳарфи тоза нест. Танҳо имсол ба "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон волидони чаҳор сарбоз муроҷиат кардаанд, ки 3 нафари онҳо ҳангоми хидмат фавтидаанд. Волидони сарбозон ба шарҳи расмии мақомот оид ба марги фарзандашон шак доранд ва мехоҳанд, сабабҳои аслии марги онҳоро бидонанд.

XS
SM
MD
LG