Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои волидони як ҷавон аз Фархор: Писари беморамро бурданд. ВИДЕО


Муҳаммад Сафаров
Муҳаммад Сафаров

Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот рӯзи 10-уми май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад.

Мақомоти ноҳияи Фархор ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Ҳамчунин маълум нест, ки ташхиси тиббии ӯ чиро нишон додааст ва оё ӯ ҳаққи хидмат дар артишро дорад ё не. Дар гузашта масъулони Вазорати дифои кишвар мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артишро рад карда, гуфта буданд, ки "баръакс, солҳои ахир сафи довталабони хидмати сарбозӣ афзудааст".

"Мисли одамрабоӣ аст"

Бобохон Сафаров, падари Муҳаммад, аз рӯйи аъмоли кормандони ҷамоат ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор ба додситонӣ шикоят кардааст.

Ӯ рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "касе қонунро риоя накард, бояд ҷазо гирад. Инро ҳамин хел намемонем. Имрӯз фарзанди маро чунин карданд, пагоҳ аз дигареро мекунанд. Ба модар нишон надиҳиву гирифта, гурезӣ, чӣ хел мешавад? Мисли одамдуздӣ аст."

Дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки аризаи шикоятии волидони Муҳаммад Сафаровро гирифтаанд, вале тафсилоти бештар надоданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷо бинед:

"Облава" дар Фархор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

"Дигарон гапи ӯро чӣ хел мефаҳмида бошанд?"

Наздикону ҳамсояҳоро ба хидмат бурдани Муҳаммад Сафаров ба ҳайрат овардааст. Онҳо мегӯянд, ӯ лакнати забон дошт ва гапаш чандон фаҳмо набуд ва набояд чунин афрод ба хидмат ҷалб шаванд.

"Маззааш набуд. Гап мезад, чизеро намефаҳмидӣ. Акнун чигуна гузориш медиҳад ва дигарон гапи ӯро чи хел мефаҳмида бошанд?" – гуфт Рӯзигул Тошмуродова, яке аз ҳамсояҳои Муҳаммад Сафаров.

Ба қавли волидон, Муҳаммад Сафаров чанд бор шӯхиомез аз кормандони комиссариати ҳарбӣ хоста будааст, ӯро ба хидмат баранд, вале хоҳишаш рад шудааст. Бобохон Сафаров мегӯяд, "онҳоро дар роҳ медид ва мегуфт, ки маро ба артиш баред. Мешинохтанд. Мегуфтанд, ки забонат дарммемонад, туро намебарем. Ҳоло бурданд."

Бобохон Сафаров
Бобохон Сафаров

Ба гуфтаи наздиконаш, ин ҷавон феълан дар комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, қарор дорад. Панҷ рӯз боз волидон натавонистаанд, ки ба ҷуз ин иттилои дигаре дар бораи фарзанди худ ба даст оранд.

Падари Муҳаммад Сафаров умедвор аст, ки додситонӣ аризаи ӯро мунсифона баррасӣ хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ манъ аст, аммо дар мавсими даъват, ҷалби иҷбории онҳо маъмул мешавад. Дар як моҳи охир сокинон дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз чанд мавриди ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш хабар додаанд.

Мақомот бо вуҷуди нашри видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чопи матолиб, мегӯянд, кормандонашон ба чунин аъмол даст намезананд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурате ки ҷавонон даъватномаро гирифта, дар вақташ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд, бо ёрии маъмурони милиса ба комиссариат бурда мешаванд.

Дар Тоҷикистон соле ду дафъа даъвати ҷавонон барои хидмат дар артиш сурат мегирад. Коршиносон мегӯянд, хабарҳои латту кӯб, шиканҷа ва марги баъзе аз сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ зоҳиран ҷавононро ба ҳарос андохтааст ва онҳо ба ҳар роҳе аз хидмат саркашӣ мекунанд. Вале мавридҳое низ зиёданд, ки ҷавонон бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ мераванд.

XS
SM
MD
LG