Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як сарбози тоҷик. Худкушӣ кард ё парронданд?


Ҳадятулло Тағоев.
Ҳадятулло Тағоев.

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки то анҷоми хидматаш чиҳил рӯзи дигар монда буд, аз захми тир ба ҳалокат расидааст. Мақомот ҳодисаро худкушӣ эълом доштаанд, вале наздикони сарбоз инро рад мекунанд.

Мақомот шоми 21-уми август ҷасади Ҳадятулло Тағоев, сарбози Вазорати дифоъро ба волидонаш дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара супурданд. Маросими дафни ӯ рӯзи панҷшанбе баргузор шуд. Тағоев моҳи октябри соли 2017 баъди бозгашт аз муҳоҷират довталабона ба сафи артиш пайваста буд.

Мақомот то ҳол сабабҳои марги Ҳадятулло Тағоевро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд, вале ҳангоми супурдани ҷасад ба наздикон гуфтаанд, ки гӯё худкушӣ кардааст. Наздикони Тағоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тир ба пешониаш задааст ва онҳо ба фарзияи гӯё худкушии ӯ бовар надоранд.

Алиҷон Тағоев, сокини деҳаи "Сомониён"-и ҷамоати Чоркуҳи Исфара, баъди дафни писари 21-солааш гуфт, ба додситонии ҳарбӣ шикоят бурда, сабаби марги фарзандашро талаб хоҳад кард.

"Як полковники Вазорати мудофиа бо ду сарбоз ҷасади фарзандамро оварда доданд. Полковник номашро нагуфт. Дар бораи сабаби марги Ҳадятулло танҳо ҳаминро гуфт, ки худаш худашро парронд. Ду сарбози дигар гуфтанд, ки вай дар болои манораи дибонгоҳ буд ва онҳо чӣ хел тир хӯрданашро надидаанд".

Тағоев мегӯяд, ба ин фарзия бовараш намеояд, чун ба қавли ӯ, писараш саломат буд ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш телефонӣ сӯҳбат доштанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ то анҷоми хизмати писараш чиҳил рӯз монда буд, ки давраи мушкил набуд.

Аммо дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба суолҳои мо посух надоданд ва ҳанӯз дақиқ нест чӣ гуна ва дар чӣ ҳолату шароит Ҳидоятулло тир хӯрдааст.

Хонаводаи Ҳидоятулло дар Чоркӯҳи Исфара аслан аз мардикорӣ зиндагии худро таъмин мекунанд ва аз оилаҳои камбизоат ба шумор меоянд. Падари сарбоз Алиҷон Тағоев 47-сола буда, мегӯяд, солҳои пеш дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ кор мекард, вале ҳоло бекор аст ва дар хонаҳои мардум кор мекунад.

Дар гузашта низ дар қисмҳои ҳарбӣ чанде аз сарбозон дар ҳолати мармуз фавтидаанд. Мақомот аксари ин ҳодисаҳоро худкушӣ меноманд ё натиҷаи латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG