Мунисахон Тағоева як моҳ аст, ки барои фаҳмидани омилони марги фарзанди сарбозаш дар ба дари мақомот мегардад. Намояндагони Вазорати дифоъ мегӯянд, фарзанди Тағоева ҳангоми хизмати сарбозӣ аз зарби тир ба ҳалокат расидааст, вале танҳо тафтишот муайян мекунад, ки ҳодиса чӣ гуна рух дод.
Мунисахон Тағоева, модари Ҳадятулло Ализода, сарбози собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, мақомот то ҳол дақиқ нагуфтаанд, ки сабаби марги фарзанди ӯ чист? Кормандони вазорат рӯзи 21-уми август ҳангоми супурдани ҷасад ба волидон гуфтаанд, Ҳадятулло бо аслиҳа худкушӣ кардааст. Аммо модар ба ин фарзия шубҳа дорад ва мегӯяд, талош хоҳад кард, то рози марги фарзандаш ошкор шавад.
"Ба ман гуфтанд, ки худашро паррондааст. Ман инро то охир мебинам. Дар хизмат то ҷое медонем, тамоми рӯзашон мисли хонандаҳои мактаб таҳти назорат аст. Чӣ хел ин ҳодиса рух додааст, ки касе намедонад, чӣ шуд?"- гуфт Тағоева.
Ҳадятулло Ализода ба гуфтаи модар соли 2017 довталабона ба артиш рафт ва то анҷоми хидматаш 40 рӯзи дигар монда буд. Модари сарбоз гуфт, дар гуфтугӯи ахир писараш хушҳол ба назар мерасид, аз ин рӯ модар бовар надорад, ки ҷигарбандаш даст ба худкушӣ зада бошад. "Агар худкушӣ мекард дар ноболиғияш мекард. Замоне ки мо сахт эҳтиёҷманд будем. Замони мактабхонӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе ароба мекашид. Аз синфи 4-ум мол тиҷорат мекард. Агар сустирода мебуд, чаро дар он вақт накард худкушӣ? Ӯ босабр буд,"- гуфт модари сарбози ҳалокшуда.
Дар маълумотномае, ки ба модари сарбози фавтида доданд, гуфта мешавад, "Ҳадятулло Ализода, аз захми тир ба косахонаи сар ва дар ҳудуди қисми ҳарбии 06 870 фавтидааст". Масъулини вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бинобар фарзияи пешакӣ сарбоз Ҳадятулло Ализода худкушӣ кардааст.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Ориф Нозимиён, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои аслии марги сарбозро додситонии ҳарбӣ таҳқиқ хоҳад кард.
Нозимиён афзуд, "ҳар коре, ки аз Вазорати дифоъ вобаста буд, кардем. Барои бурда расонидани ҷасад ва гузаронидани маъракаҳо кӯмаки худро расондем. Сабаби аниқи марги сарбозро додситонӣ муайян мекунад."
Мунисахон Тағоева талаб дорад, ки як комиссия сабабҳои марги фарзанди ӯро мӯшикофона таҳқиқ кунанд ва касе ба марги ӯ сабабгор аст, муҷозот шавад.
Созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ки аз ҳуқуқи сарбозон ва наздикони онҳо ҳимоя мекунад, дар пайи муроҷиати модари Ҳадятулло Ализода аз додситони ҳарбии гарнизони Душанбе хостааст аз натиҷаи санҷиши ҳодисаи марги сарбоз ба онҳо маълумот пешниҳод кунад. Шоҳсанам Шодиева, корманди созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба мо аз додситонӣ шифоҳӣ посух доданд, ки ҳоло санҷиш ба охир нарасидааст."
Ҳалокати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ҳарфи тоза нест. Танҳо дар соли равон ба "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" волидони чаҳор сарбоз муроҷиат кардаанд, ки 3 нафари онҳо ҳангоми хидмат фавтидаанд. Волидони сарбозон ба шарҳи расмии мақомот оид ба марги фарзандашон шак доранд ва мехоҳанд, сабабҳои аслии марги онҳоро бидонанд.