Тарҳи наве, ки ҳоло намояндагони ниҳодҳои мухталифи давлати Тоҷикистон омода мекунанд, қарор аст, бардошти ҷавонон ва ҷомеаро аз артиш тағйир диҳад. Бино бар он хидмати сарбозӣ дар кишвар аз 2 то ба 1,5 сол коҳиш ёфта, дар иваз имтиёзи раҳоӣ аз хидмат барои донишҷӯён шояд бекор гардад. Ин нукта ҳам зикр шудааст, ки бе гузаштани хидмати сарбозӣ шаҳрвандон ба вазифаҳои давлатӣ таъин нашаванд.
Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон ки раҳбарии ин гурӯҳи кориро бар дӯш дорад, гуфт, «дар гурӯҳи корӣ баҳсу мунозира дар мавриди кам кардани мӯҳлати хизмати ҳарбӣ, ҷараён дорад. Вариантҳои дигар ҳам ҳаст, аммо ҷонибдорони 1,5 сол бештар аст. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки баъзе аз имтиёзҳо, ки баръакс барои ҷалби ҷавонон ба артиш монеа эҷод бардшта шавад. Тибқи таҳлилҳо,
ҷавононе, ки аксаран дар омӯзишгоҳҳо дохил мешаванд, аслан мақсадашон гурез аз хизмат аст. Масалан аз 56 ҳазор донишомӯзони ин омӯзишгоҳҳо танҳо 10 ва ё 20 дар cадашон пайваста дар дарсҳо ширкат мекунанд, боқимонда танҳо ба ном дар ин муасссиаҳо таҳсил доранд. Барои ҳамин имрӯз зарурати баррасии мондан ва ё намондани ин имтиёз ба миён омадааст.»
Тавре ба назар мерасад, гурӯҳи корӣ танҳо аз намояндагони ниҳодҳои давлатӣ таъсис ёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ беш аз дигарон ба зарурати ислоҳи артиш таъкид кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки вазъи феълии артиш ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намекунад, балки онҳоро водор менамояд, бо ҳар роҳ ки бошад, аз хидмат сарпечӣ кунанд.
Дар ин маврид ҷаноби Холиқов гуфт, гурӯҳи корӣ омодааст дар ҷараёни таҳияи қонуни нав пешниҳоди афроди алоҳида ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ баррасӣ кунад. Аммо намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ бо шунидани аввалин нуктаҳои тарҳи нав аз муваффақияти он изҳори шубҳа мекунанд.
Дилрабо Самадова, раҳбари гурӯҳи ҳуқуқшиносони «Ампаро» мегӯяд, мушкилоти артиш дар Тоҷикистон танҳо бо ним сол кам кардани мӯҳлати хидмат ҳал намешавад. Вай гуфт, «барои он, ки кам кардани хидмат натиҷаи мусбат бидиҳад, бояд он яксола шавад.Дар ин сурат ҳам масъалаи облава ва ҳам меҳтарсолорӣ дар артиш ҳал мегардад. Чунки тавре таҳлилҳои мо нишон медиҳад, аксаран он сарбозоне нисбати
наваскарон зӯриву хушунатро раво мебинанд, ки мӯҳлати хидматашон аз 1 то яку ним сол гузаштааст.Тавре таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, агар хидмат як сола шавад, «дедовшина» камтар мешавад. Яъне сарбозон барномаи 2 соларо дар як сол мегузаранд ва вақти холияшон камтар мемонад. Аз тарафи дигар фарқи миёни наваскарон ва кӯҳна аскарон зиёд намешавад. Онҳо 3 моҳ таълим мегиранд, баъди ин ба қисмҳои ҳарбӣ тақсим мешаванд ва бо гузашти шаш моҳ алалкай «дембилон» барои рухсат шудан омодагӣ мегиранд ва ягон асосе барои зӯроварӣ дар нисбати наваскарон боқӣ намемонад.»
Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи тарҳи ҷадиди хидмати сарбозӣ дар ҳолест, ки ахиран гузоришҳое дар бораи мавориди зиёди хушунат алайҳи сарбозон дар артиши Тоҷикистон пахш мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, аксари ҷавонони синни хидмати сарбозӣ аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд ва баробари хатми мактаб роҳ сӯи муҳоҷират дар пеш мегиранд.
Ба хотири қонунан манъ кардани шеваи "облава" барои таъмини даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ ва таҳияи замина барои таъсиси артиши касбии Тоҷикистон, чанд моҳе қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ лоиҳаи ислоҳи қонуни «ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» -ро ба парлумон пешниҳод карданд, ки ҳанӯз дар ҳоли баррасист. Яке аз пешниҳодҳои ин тарҳ пардохти ҳақмузд ба сарбозон барои хидмат дар артиш аст. Пешниҳоди дигари ҲНИТ ин аст, ки бидуни адои хидмати низомӣ ё пардохти қонунии "ҳаққи хидмат", ки ин ҳам бояд адои ӯҳдадории ҳарбӣ шумурда шавад,ягон шаҳрванд ба мансабҳои давлатӣ таъин нагардад.
Дар ҳамин ҳол, Рустам Гулов, блогнависи ҷавон, ки аксаран масоили марбут ба артишро матраҳ мекунад бар ин аст, ки ба таври «иҷборӣ» намешавад шавқи сарбозиро дар дили ҷавонон бедор кард. Ӯ мегӯяд, «агар ба нафаре, ки дар артиш хидмат накардааст ҳуқуқи кор кардан
дар ниҳодҳои давлатӣ дода нашавад, дар ин ҳолат ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд нақз мегардад. Зеро Сарқонун кафолат медиҳад, ки ҳар кас барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад. Аз ин ҷиҳат монеа пайдо мешавад, барои шахсоне, ки мехоҳанд хидмати давлатӣ кунанд ва аммо аввал бояд ба таври иҷборӣ хидмати сарбозиро анҷом диҳанд. »
Аз сӯи дигар ба бовари Рустам Гулов, дар сурати то якуним сол кам кардаи мӯҳлати хидмат дар артиш ва аммо афзудани шумораи умумии даъватшавандаҳо, мавридҳои аз тариқи облава ҷалб кардани ҷавонон ба сарбозӣ баръакс бештар мешавад.
Бо ин ҳам, гурӯҳи корие, ки ба таҳияи лоиҳаи нави қонун машғул аст то моҳи майи соли оянда тарҳи ин қонунро омода ва барои баррасӣ ба парлумони Тоҷикистон ирсол хоҳад кард. Рӯшан нест, оё ин қонун монанди бархе аз қонунҳои дигари муҳим мавриди баррасии тамоми ҷомеа қарор хоҳад гирифт ё на.