Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурайё: "Дунёро шодиёнаи озодии Фарзона мекунам!"


Сурайё Қосимова, ҳунарманди саршиноси тоҷик
Сурайё Қосимова, ҳунарманди саршиноси тоҷик

Сурайё Қосимова, ҳунарманди саршиноси тоҷик, чандест дар бистари беморист ва гуфт ҳабси духтараш дили ӯро шикастааст.

Ӯ дар манзилаш дар шаҳри Кӯлоб ба муолиҷа машғул буда, наметавонад мустақилона ҳаракат кунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба дидори хонум Сурайё ба манзили ӯ рафт ва бо ӯ сӯҳбате анҷом дод. Нахустин суол ба хонум Сурайё дар мавриди вазъи сиҳатии ӯ буд.

Сурайё Қосимова гуфт: «Моҳи октябр як дӯстам маърака дошт. Либосҳоямро пӯшида, озими ин маърака шудам. Ҳангоми вуруд ба хонаи дӯстам дар остонаи дар афтодам. Ҳамон афтоданро дар хотир дораму тамом. Яке ба ҳуш омадам, ки дигар маҷоли хестан надорам. Табибонро даъват карданд. Мошини ёрии таъҷилӣ омад. Бемористон бурданд. Баъди ташхис маълум шуд, ки устухони миёнам шикастааст. Ҳоло се моҳ аст рӯи бистар ҳастам. Баъди чаҳор рӯзи ин ҳодиса бародарам аз ҷаҳон даргузашт. Худо биёмурзад, бародари азизамро, ки 51 сол дошт ва аслан бемор набуд».

-Замоне бо шумо ин ҳодиса рух дод, Шабнам - духтари Шумо дар сафари ҳунарӣ буд?


-Шабнам баъди як рӯз инҷо омад. Вай дар сафари ҳунарӣ набуд. Дар Тоҷикистон буд. Ҳамон шаби ҳодиса беморхона ба наздам омад. Чандин шабу рӯз дар паҳлӯям буд.

-Баъди иттифоқоте, ки бо духтари шумо Фарзона рух дод ва ӯро ба ду сол ҳукм карданд, дигар тақрибан дар шабакаҳои телевизион ва радио пайдо намешавед.Чаро?

- Дар радио сурудҳоямро мешунавонанд. Дар телевизион нишон намедиҳанд. Касе, ки меҳнат кардааст, албатта дилаш месӯзад.

-Вале агар касе ба шумо хабари раҳоии Фарзона аз маҳбасро бирасонад, чӣ шодиёна хоҳед дод?

- Ҳамин дунёеро, ки дорам. Ҳамеша ин хабаровар барои ман наздиктарин хоҳад буд.

- Дар ҷое аз қавли Шумо хондам, ки агар Фарзона ба озодӣ бирасад, ҳамроҳ бо хонавода Тоҷикистонро тарк хоҳед кард. Чаро чунин тасмим гирифтед? Ин ба кадом маъност?

- Охир одам озод бошад. ҳақ дорад, ки ҳарҷо биравад. Лекин он на ба он маъност, ки ӯ тарки ватан мекунад. Шахси беватан, бемодар ҳеҷ кас аст. Ҳозир ҳар кас ҳарчӣ менависад. Бисёре аз навиштаҷоти онҳо дурӯғ аст. Бисёрии вақт аз худашон менависанд. Бале дар якҷо навишта буданд, ки агар озод шавад, меравем, аммо ин гапҳо ҳамаашон беасосанд, дурӯғанд.Танҳо барои ватан бояд хизмат кард.

- Имрӯз вақте хонаатон меомадам, дидам чанд тан аз хориҷиҳо берун шуданд.

- Бале, дӯстонам аз Амрикову Олмон барои аёдат омада буданд.

- Мо аз Худованд таманнои ҳарчӣ сиҳат ва саломат шудани шуморо мекунем ва албатта мардум эҷодкор доимо дар такопӯву ҷустуҷӯст. Ҳоло чи нақшаҳо доред?


- Ман аз 13-солагӣ дар рӯи саҳна астам. 41 сол аст, ки дар саҳна ҳастам. Саҳнаро, овозхониро, тамошобинро дӯст медорам. Мухлисони худро дорам барояшон ваъда медиҳам, ки сурудҳои нав ба навро барояшон тақдим хоҳам кард. Барои ватан ва мардуми азиз ҳамеша хидмат хоҳам кард.

Сураё Қосимова дар ноҳияи Мӯминобод дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш овозхон буда, таронаҳои мардумиро хуб месароид. Нахустин суруди Сурайё шеъри «Ленин бародар раҳнамо»-и Сайидалӣ Вализода аст, ки онро дар овони мактабӣ сароидааст. Ин суруд аз тариқи радиои ҷумҳурӣ он замон борҳо садо додааст. Сипас хонум Сурайё ба шаҳри Кӯлоб омад. Зери раҳбарии Қурбон Зардаков дар театри ин шаҳр ба кор шурӯъ кард. Ҳамин тавр бо садо ва ҳунари Сурайё тамоми кишвар ошно шуд ва худи ӯ ба яке аз овозхонони шинохта табдил ёфт. Ӯ соҳиби унвони баланди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст. Ду духтараш - Шабнам ва Фарзона низ ба пайроҳаи модар қадам ниҳода ва ҳоло аз овозхонони маҳбуби ҷавонони тоҷик мебошанд.
XS
SM
MD
LG