ҲУКМЕ КИ ҲАМАРО ТАККОН ДОД
“Фарзонаи Хуршед бо моддаҳои 36(қисми 5), 365(қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад. Ба Фарзонаи Хуршед бо моддаҳои 36(қисми 5), 365(қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳӣ таъйин карда шавад.”
Қозии додгоҳи ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон Сулаймон Қосимов рӯзи 23 феврал бо эълони ин ҳукм ба парвандаи пурсарусадо ва бесобиқае, ки беш аз як моҳ аст, саҳнаи эстрадаи тоҷикро дар ҳоли шок қарор дода буд, гӯё як нуқтаи ғафси таммат гузошт ва умеди то охирин лаҳазот зиндаву қавии пайвандонаш ба сафед шудани ӯро замин кард.
Лутфия Сафаралиева, вакили мудофеъи Фарзона, ҳанӯз қабл аз эълони ҳукм гуфта буд, ки дар сурати зиндонӣ шудани муваккилаш онҳо ҳатман ба додгоҳи болотар шикоят хоҳанд бурд: “Имрӯз як рӯйдоди таърихӣ ва як рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Дар рафти мурофиа исбот нашуд, ки Фарзонаи Хуршед бо Фаррух Рӯзиев маслиҳати пешакӣ дошт. Агар дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ бошад ва додрасони тоҷик дар ҳақиқат мустақил ва устувор бошанд, бояд як ҳукми одилан, яъне ҳукми сафед нисбат зерҳимояи ман бароранд. Вагарна мо дар зарфи 7 шабонарӯз ба додгоҳи болотар шикоят хоҳем бурд.”
МИСЛИ ЯК ФИЛМИ ҲИНДӢ
Худи қазия монанди сужаи филмҳои ишқии ҳиндист. Аммо ба фарқ аз филмҳои ҳиндӣ достони ишқи Фарзонаи Хуршед ӯро на ба кадом Кохи ақди никоҳ, балки дар ниҳоят ба зиндон бурд. Худи достон рӯзи 12 январ, замоне оғоз ёфт, ки Фарзонаи Хуршед дӯстдоштааш Фаррух Рӯзиевро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани як нафар бо исми Бозоров ба маблағи 33 000 доллар дар боздошт қарор дошт, аз назди дарвозаи додгоҳи ноҳияи Сино гирифт ва бо мошини “Лексус” –аш роҳии Варзоб шуд. Оғози ин достон мисли оғози таронаи “Ёракум омад” буд, ки худи Фарзона мехонад.
Аммо мақомот дар қиболи ин қазия чандон эҳсоси лирикӣ надоштанд, ки Фарзонаву Фаррух. Ҳарду дилдодаро баъди як рӯз дар Варзоб боздошт карданд. Фарзона баъди 4 рӯзи боздошт раҳо ёфт, вале баъд аз чанд рӯзи дигар ӯро дигарбора дастгир карданд ва овозхони шинохта рӯзи 9 феврал бори аввал ба додгоҳ таҳти назорати посбонон эҳзор шуд.
Сулаймон Қосимов, додраси парванда дар оғози мурофиа гуфт, ки Фарзона дидаву дониста ба фирори Рӯзиев аз маҳбас мусоидат кардааст: “Фарзонаи Хуршед бо мошини тамғаи “Лексус” ба қафои бинои додгоҳи ноҳияи Сино омад. Рӯзиев аз қафои фургон ба курсии қафои мошин нишаст ва бо Фарзона машғули сӯҳбат шуд. Фарзонаи Хуршед дидаву дониста, ки Рӯзиев дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад ва дар зери назорати посбон ба мулоқоти ӯ баромадааст, ва омада кӯшиши гурехтан аз зери назорати посбон ва ҷойи ҳабси пешакиро дорад, ба хоҳиши Рӯзиев итоат карда, аз паси чанбараки мошин ба нишастгоҳи паҳлуӣ нишаста, бо ин роҳ мошинро барои гурехтани Рӯзиев пешкаш кард.”
ФИТНАИ ЁР?
Пайвандони Фарзонаи Хуршед боисрор мегӯянд, ки ӯ аз қасди фирорро дар сар доштани дӯстдоштааш огоҳ набуд.
Сурайёи Қосим, модари Фарзона, ки дар рӯзи оғози мурофиа – 9 феврал бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт: “Ман худ бори аввал мебинам, ки одам аз бинои додгоҳ бидуни ҳеҷ чиз берун биояд ва гӯяд, ки маро ҷавоб доданд. Хайр, вақте Фарзона мебинад, ки Фаррух ҳатто дастбанд надорад, бовар мекунад ба ҳарфаш.”
Лутфия Сафаралиева, вакили мудофеъи Фарзона низ мутмаин аст, ки дар ин қазия маслиҳати пешакӣ матраҳ нест, балки дӯстдоштааш Фарзонаро фиреб додааст: “Вақте Фаррух Рӯзиев Фарзонаи Хуршедро бо як телефони мобили бегона занг зад, ки барои як дидори кӯтоҳ ба наздаш биояд, ва Фарзона ба назди дарвозаи додгоҳ ҳозир шуд, Фаррух Рӯзиев алакай дар назди дарвоза бе дастбанд ва бидуни назорати посбонон онҷо истода буд. Фарзонаи Хуршед вақте ӯро бе дастбанду беназорат дид, фикр мекунад, ки ӯро ҷавоб додаанд. Фарзона дар ними роҳ мефаҳмад, ки ӯ гурехтааст. Вале азбаскӣ ӯ зан аст, аз нигоҳи хусусияти ҷисмониаш пеши роҳи ин ҷиноятро гирифта наметавонист.”
Дар ҳар сурат, фарҷоми ин достон моро ба ёди таронаи дигари Фарзона мебарад, ки мехонд:
“Эй чашмхумор, шикор кардӣ ту мара,
Бадномзадаи диёр кардӣ ту мара.”
СИТОРАБОРОН
Дар рӯзи эълони ҳукми Фарзона дар канори модару хоҳарбузурги низ ситорааш – Сурайёи Қосим ва Шабнами Сурайё гурӯҳи бузурге аз ситораҳои дигари эстрадаи тоҷик, бо шумули Садриддини Наҷмиддин, Зикриоллоҳ, Остони Азиз ва Ҷонибеки Мурод, низ ба ҳавлии додгоҳи ноҳияи Сино фурӯ рехта буд. Овозхонони маъруф ҳатто расман аз додгоҳ хостанд, ки Фарзонаро зери васояти онҳо гузорад. Аммо додрас Сулаймон Қосимов ин дархостро радд кард: “Додгоҳ дархости як гурӯҳи сарояндагони санъати тоҷикро нисбат ба Фарзонаи Хуршед оиди ба тарбияи онҳо додани ӯро муҳокима карда, ҳолатҳои содиршавии ҷиноят ва маводи парвандаро дар маҷмӯъ баҳо дода, ба хулосае омад, ки дархости мазкурро радд намояд.”
“ЗИҚ ШУДЕМ БАРОЯШ…”
Ду сол ҳукми зиндони Фарзонаи Хуршед нафақат барои пайвандони ӯ, балки барои ҳамкасбонаш низ мисли шок буд. Овозхони маъруф Зикриоллоҳ: “Диламон месӯзад барояш, зан аст охир, ҷавон аст. Зиқ шудем барояш хеле.”
Нобовари Чанор, овозхони гурӯҳи овозадори “Шамс” мегӯяд, хабари боздошти Фарзонаи Хуршед барояш чунон боварнокарданӣ буд, ки ибтидо фикр мекард, ки шояд ин як навъ рекламаи ӯ бошад: “Ман нафаҳмидам, ки ин то чунин дараҷа ҷиддист. Фикр мекардам, ки шояд пӣ-ар бошад. Ҳунарманд аст дигар, аз хурд то бузург ӯро дӯст медоранд, дар ҳар як хонаводаи тоҷик сабти ӯро доранд, гӯш мекунанд, духтаракҳо ба ӯ тақлиду пайравӣ мекунанд. Акнун ки пояш лағжид, набояд аз ӯ душман тарошид ва ба ҳама чиз ӯро гунаҳкор кард. Ин хуб нест.”
Диловари Мизроб, корсози Фарзонаи Хуршед, мегӯяд, боздошти Фарзона барномаҳои консертии ӯро ба ҳам зад: “Чанд консерте ҳаст, ки ман бо онҳо то ҳол наметавонам қарордод бандам ваё посухе бидиҳам. Ин консертҳоеянд, ки бояд дар 4 шаҳри Амрико баргузор мешуд.”
ФАРЗОНА ТАНҲО НЕСТ
Фарзонаи Хуршед танҳо ҳунарманди тоҷик нест, ки болҳояшро дар авҷи парвоз мебуранд. Дар авоили солҳои 80 овозхони фақид Тоҷиддини Муҳиддин бо ҷурми дузанагӣ аз гурӯҳи маъруфи “Гулшан” ихроҷ шуд, вале ӯро на ба зиндон, балки барои умрбод ба як дастаи гумноми ҳунарӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҳисор ба истилоҳ “бадарға” карданд.
Дар ҳамон солҳои 80-ум Зафар Аюбов, маъруф ба Зафарча, роҳии зиндон шуда, ва Сангалии Мирзо, маъруф ба Сангалии Норакӣ бо ҷурми ҳунарнамоӣ дар тӯю сӯри мардум низ чанд солро дар ҳабси, ба истилоҳ – “химия” ба сар бурд. Албоми таронаҳои зиндонии Сангалӣ маҳсули ҳамон солҳост.
Аммо Файзалӣ, бародари овозхони шинохта Сироҷиддини Фозил, ки мисли Фарзона нахустин қадамҳояшро дар майдони ҳунар мегузорад, мегӯяд, ҳукми шартӣ барои ӯ кофӣ буд.
КӮЧА МЕРӮФТ, БЕҲТАР БУД
Нобовари Чанор низ мегӯяд, агар ҳадаф ислоҳ ва тарбияи Фарзона бошад, пас ҳатмӣ набуд, ки ӯро ба зиндон биафкананд, балки роҳи беҳтар судури як ҳукми намоишӣ буд, масалан барои чанд муддат ба кӯчарӯбӣ дар мазҳари омм маҳкум кардани ӯ, ки метавонист ҳам барои Фарзонаи Хуршед сабақ шавад ва ҳам барои издиҳоме ки барои тамошои кӯчарӯбии ин ситора дар он рӯзҳо ҳатман ба кӯчаву хиёбонҳои Душанбе мерехтанд: ”Имрӯз дар мо чунин қонун вуҷуд надорад. Агар чунин қонун мебуд, ман ҳам тарафдориаш мекардам. Агар қонунро вайрон кунем, кӯча бирӯбем мо, ситораҳо, беҳтар аст назар ба ду соли зиндон. Пушти панҷара тамоман як чизи дигар аст.”
Зеваршоҳ, таҳлилгари масоили ҳунарии Тоҷикистон дар радиои Бӣ Бӣ Сӣ, ки ҷараёни додгоҳи Фарзонаи Хуршедро аз оғоз то анҷом пайгирӣ кардааст, мегӯяд, то охирин лаҳза касе интизор надошт, ки ӯро равонаи зиндон хоҳанд кард: “Рафти қиорати ҳукми додгоҳ ба ҳамон самт мерафт, ки ӯро озод мекунанд, вале дар лаҳзаи охирин ба ду соли зиндон маҳкум шудани Фарзона хеле шокӣ кард маро. Фикр мекунам, ду соли зиндон хеле ҳукми сангин аст барои гуноҳе, ки ӯ кардааст. Ман интизор медиҳам, ки ба ӯ як сол ҳукми шартӣ медиҳанд, як соли берун аз маҳбас, вале бо маҳрум кардан аз ҳаққи ҳунарнамоӣ. Бигзор ягон кори ҷамъиятиро анҷом медод, барои ягон сағирахона ройгон кор мекард. Ҳукми зиндон на ба фоидаи Фарзона аст ва на ба фоидаи ҷамъият. Ягон сабақе аз ин ду соли зиндон ӯ нахоҳад гирифт.”
Истифодаи чунин навъи ҷазо, яъне кори иҷборӣ ба фоидаи омм дар қиболи ситораҳои маъруф дар Ғарб хеле роиҷ аст. Метавон барои мисол, аз Майк Тайсон, қаҳрамони собиқи ҷаҳон дар муштзанӣ ёд овард, ки бо ҳукми додгоҳе дар Амрико тайи чандин моҳ иҷборан дар як муассисаи хайрия кор кард. Ваё Перис Ҳилтон, ки баъди чанд рӯзи дар зиндон ба сар бурданаш дар хиёбонҳои Лос-Анҷелес чанд рӯзи дигар кӯчарӯбӣ ҳам кард ва ҳазорон нафар дар ин рӯзҳо ба ин кӯчаҳо рехтанд, ки ҷорӯбзании ин ситораро тамошо кунанд.
Ба назари равоншиносон, чунин шеваи муҷозот нафақат ба ислоҳ ва тарбияи шахси маҳкум, балки боқӣ аъзои ҷомиа низ назар ба ҳукми зиндон мусоидати бештар мекунад.
Вале хабарнигори тоҷик Маҳбуби Ганҷалӣ, ки бештар масоили шоу-бизнес дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, муттассифона, қонунгузории Тоҷикистон дар қиболи афрод ваё тоифаҳои алоҳида, масалан, ситораҳои ҳунар, чунин ҳукмҳои намоиширо аслан пешбинӣ намекунад: “Додгоҳҳои мо дар мавриди афроди алоҳида гузаштҳои алоҳида надоранд. Агар чунин гузашт мешуд, дар матбуот ва умуман дар ҷомиа инро ба як гунаи тамоман дигар печ медоданд ва фикр намекунам, ки ин ба манфиати мақомоти додгоҳии кишвар мешуд.”
РОҲИ ФАРЗОНА
Фарзонаи Хуршед бо онки акнун ба синни 21 пой ниҳодааст, ҳанӯз 10 сол пеш ва ҳатто қабл аз хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё ба саҳнаи ҳунар омад. То кунун танҳо як албоми таронаҳояш ба бозор даромада ва соли гузашта ба муносибати 20-сола шуданаш нахустин консерти бузургашро дар Душанбе барпо карда буд, ки гарм истиқбол шуд.
“Ёр, биё, ёр”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯянд. Фарзона ба фарқ аз Шабнам, ки бештар ба таронаҳои афғонӣ таваҷҷӯҳ дорад, бештар аз таронаҳои эронӣ мехонд ва охирин сурудааш “Тақвими ишқ” буд, ки ба тозагӣ дар ҳамроҳӣ бо хоҳараш Шабнам ва Садриддини Наҷмиддин иҷро кардааст.
Вале Зеваршоҳ, таҳлилгари масоили мусиқии тоҷик дар радиои Бӣ Бӣ Сӣ мегӯяд, Фарзонаи Хуршед ҳунарманде буд, ки роҳи худ ба сӯи қуллаҳои ҳунарро тоза оғоз карда буд: “Ҳамчун овозхон Фарзона як шогирд аст ва бояд ки роҳи зиёдеро тай мекард. Ман бо он сарусадоҳое, ки Фарзонаи Хуршедро як ситора қаламдод мекунанд, чандон мувофиқ нестам. Фарзона ҳанӯз як роҳу равишу услуби хоси худашро пайдо накардааст. Аммо худи қазияи ба додгоҳ кашидани Фарзона номи ӯро бештар вирди забонҳо кард, таваҷҷӯҳ ба ӯ зиёдтар шуд.”
АКНУН ЧӢ ХОҲАД ШУД?
Аммо акнун масъалаи дигари матраҳ ин аст, ки ҳукми зиндон ба ояндаи Фарзонаи Хуршед ҳамчун як ҳунарманд чӣ таъсире ба ҷо хоҳад гузошт. Саидвалии Тоҳир, овозхони тоҷик мегӯяд, ҳукми Фарзона бахусус барои модараш, ки ӯ хеле дӯст медошт, мусибати сахт, вале барои Фарзона як сабақ аст ва зиндон бояд акнун барои таронаҳои ояндаи ӯ мавзӯъ диҳад.
Ба эътиқоди таҳлилгари масоили шоу-бизнеси Тоҷикистон Маҳбуби Ганҷалӣ, Фарзонаи Хуршед баъди адои ҳукм низ имкони бозгашт ба саҳнаро дорад, вале ин ба он вобаста аст, ки ҳаводоронаш то куҷо ба ӯ содиқ хоҳанд монд: “Агар дар мисоли Сангалӣ бубинем, ҳоло ҳам ҳаводорони ӯ зиёданд. Албатта, барои карйераи Фарзона ин ду соли зиндон таъсири манфӣ мегузорад, вале Фарзона агар инро бихоҳад, метавонад баъд аз адо шудани ин қазия ба саҳна баргардад ва муваффақ ҳам шавад. Аммо ин ба он вобаста аст, ки онҳое ки ӯро гӯш мекунанд, дар ин ду сол аз он доирае, ки таронаҳои Фарзона буд, берун намераванд.”
Аксари онҳое, ки ҷараёни додгоҳи Фарзонаи Хуршедро таъқиб мекарданд, ду сол ҳукми зиндон дар қиболи ҷинояти ба гардани ӯ дайншударо беш аз ҳадд сангин мехонанд.
Ва аммо дар асл дар чордевори ин додгоҳ чӣ мегузашт ва чаро натиҷа ҳукме чунин сангин шуд, то ҳол сиррест пӯшида, ки дар ҳамин чордевор боқӣ мемонад.