Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи "Қонун дар бораи хизмати алтернативӣ"-ро таҳия намуда ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 26 апрел зимни баррасии "Қонун дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", дар посух ба пурсиши яке аз вакилони порлумон дар робита ба имкони хизмати алтернативӣ дар артиш гуфт, ки ин вазоратхона ҳамакнун ин тарҳро омода ва барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол кардааст.
Вазири дифои Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки иҷрои ин қонун як мушкил дорад ва барои амалӣ шудани он, маблағи бештар лозим аст. Дар ин ҷаласаи порлумон, вакили дигар Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, ки ҷавононе намехоҳанд дар артиш хизмат кунанд, бояд ба вазорати дифои кишвар маблағи муайян бисупоранд. Ин вакили порлумон ҳамчунин пешниҳод кард, ки мӯҳлати адои хизат дар артиш аз 2 соли феълӣ ба 1 коҳиш дода шавад.
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки тарҳи "Қонун дар бораи хизмати алтернативӣ"-ро таҳия намуда ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод кардааст.
Хидмати алтернативӣ ин аст, ки ба ҷои 2 соли хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват ба кор дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ҷалб мешаванд ва ҳиссаи муайяни дастмузди худро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоъ месупоранд.
Тайи чанд соли охир гузоришҳо дар бораи мавориди зиёди хушунати сарбозон дар артиши Тоҷикистон ва аз тариқи “облава” ё ҷалби иҷборӣ ба хизмат ҷалб кардани ҷавонон зиёд нашр мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, аксари ҷавонони синни хидмати сарбозӣ аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд ва баробари хатми мактаб, роҳ сӯи муҳоҷират пеш мегиранд.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.
Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз соли 2014 ба ин сӯ ҳадди ақалл 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст.