Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мониторинг: Таъмини маишии сарбозон беҳтар мешавад. САДО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як таҳқиқоти фаъолони ҳуқуқи башар нишон медиҳад, ки таъминоти маишиву ғизои сарбозон дар қисмҳои ҳарбии кишвар тадриҷан беҳбуд меёбад, вале дар масъалаи робитаҳои инсониву оинномавӣ ҳанӯз ҳам мушкил вуҷуд дорад.

Либоси ҳарбии онҳо “ҳам тозаву озода аст”, вале“дар масъалаи муносибати байни сарбозон ҳанӯз ҳам мушкилиҳо вуҷуд дорад

Масъалаи таъминоти иҷтимоии сарбозон дар артиш яке аз масоилест, ки гоҳҳо мавриди интиқод дар матбуот ва гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи башар қарор мегирад ва дар бархе арзёбиҳо, фаъолони ҳуқуқ ин масъаларо таъсиргузор дар обрӯ ё имиҷи хизмати сарбозӣ дар чашми ҷомеаи Тоҷикистон меноманд. Як таҳқиқоти ахир собит кардааст, ки назар ба соле пеш, сифати ғизову таъминоти маишии сарбозон беҳбуд ёфта, имконияти шикоят ва ё танқиди сарбозон аз шароити хизмат ҳам беҳтар шудааст.

Дилрабо Самадова.
Дилрабо Самадова.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ рӯзи 2 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯби як таҳқиқот ва ё мониторинги муассисаҳои пӯшида ва қисмҳои ҳарбӣ, ки ҳамроҳ бо намояндагони ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон анҷом шудааст, вазъи қисмҳои ҳарбӣ ва зиндону боздоштгоҳҳои муваққатӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуд.

Мониторинги вазъи сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ анҷом шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

“Ғизои сарбозон бегӯшт нест“

“Агар дар қисмҳои ҳарбӣ дар соли 2015 дар як шабонарӯз ба ҳар сарбоз 180 грамм гӯшт дода мешуд, дар соли 2016 ба 200 грамм баробар шудааст ва ё агар 20 грамм шакар дода мешуд, акнун ба 30 грамм оварда шудааст. Масалан, соле аз ин пеш дар субҳ ба як сарбоз тахминан 15 грамм равғани маска дода мешуд, акнун 30 грамм дода мешавад”, мегӯяд Дилрабо Самадова.

Ӯ гуфт, намуди зоҳирии сарбозон, либоси ҳарбии онҳо “ҳам тозаву озода аст”, вале“дар масъалаи муносибати байни сарбозон ҳанӯз ҳам мушкилиҳо вуҷуд дорад ва мо барои бартараф кардани онҳо кор бурда истодаем. Дар доираи монторинг вақте, ки аз сарбозҳо дар бораи муносибати командирҳо суол кардем, онҳо мегуфтанд, ки хуб аст”.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Манзур аз ин суол -- робитаҳои инсониву оинномавии миёни низомиён аст, ки аз назари вуҷуди мушкили меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" – як масъалаи ҷиддии артиши Тоҷикистон таҳқиқ шудааст. Ҳамасола фаъолони ҳуқуқи инсон аз даҳҳо ҳодисаи латукӯби сарбозон дар артиш дар натиҷаи муносибатҳои ғайрионномавӣ ва ҳатто марги мармузи низомиён хабар медиҳанд. "Дар давоми ду соли гузашта ба ҳангоми хизмат дар артиши Тоҷикистон дастикам 8 сарбоз ба ҳалокат расидааст",- мегӯяд Эътилофи зидди шиканҷа.

Сандуқҳои арзи шикоят ва телефонҳои боварӣ дар артиш

Гурӯҳи кории бозрасӣ ҳамагӣ аз чаҳор қисми ҳарбӣ дидан намуда ва бо 40 сарбоз суолу ҷавоб кардааст. Инчунин маълум шудааст, ки дар назди қисмҳои ҳарбӣ сандуқҳо барои арзи шикоят ва телефонҳои боварӣ амал мекунад.

Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон аз натиҷаҳои ин таҳқиқот изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки беҳбуди вазъ дар артиш ба манфиати кор аст. Ҳусниддин Нидоев, муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, дар қиёс ба солҳои пеш натиҷаи бозрасӣ нишон медиҳад, ки вазъи сарбозҳо рӯ ба беҳбуд овардааст.

Ҳусниддин Нидоев аз ҷумла гуфт, “вақте, ки мо бо 40 сарбоз аз қисмҳои ҳарбӣ сӯҳбат кардем, онҳо ба суолҳои мо оид ба ҳуқуқи инсон посух дода тавонистанд, ки пештар ин хел набуд. Назди онҳо телефонҳои боварӣ гузошта шудааст ва илова ба ин, ҳар сарбоз ҳақ дорад, ки аз телефонҳои командирони худ истифода кунад ва ғизои сарбозон то 25 дар сад афзоиш дода шудааст”.

Бархе нозирони умур мегӯянд, ки вуҷуди сандуқҳои шикоятӣ ва ё имкони сӯҳбат бо телефон ҳарчанд пешравии хуб аст, вале ҳамоно сарбозон дар дохил ва дар шароити баста на ҳамеша омода мешаванд аз мавридҳои азияту озор ва ё поймолшавии қонун ошкоро шикоят кунанд. Танҳо дарсади хеле ками ин ҳодисаҳо ба мақомоти масъул ва созмонҳои ҳуқуқи башар маълум мешавад.

Вазъи бархе муассисаҳои баста ҳам таҳқиқ шуд

Бар иловаи қисмҳои ҳарбӣ, бозрасии муассисаҳои пӯшида дар 10 боздоштгоҳи мувақатӣ дар шаҳру вилоятҳои кишвар ба истиснои вилояти Бадахшон низ анҷом дода шуд.

Сӯҳроб Шоев, мушовири миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар шароите, ки ҳанӯз Тоҷикистон протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷаро қабул накардааст, бозрасии мазкур аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаҳои Омбудсмен механизми муҳими дастрасӣ ба иттилоот дар муассисаҳои пӯшида ба шумор меравад. Аз ин рӯ, минбаъд фаъолияти гуруҳи кории мониторинг тақвият дода шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Шоев, бозрасӣ дар соли равон ҳамагӣ дар чанд клиникаҳои психиатрӣ ва якчанд боздоштгоҳи муваққатӣ сурат гирифт ва беҳтар мешавад, ки аз боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳотӣ низ дидан кунанд ва тавсияҳои худро пешниҳод намоянд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳодисаи азияту озори боздоштшудаҳо маъмулан баъди боздошт дар марҳилаи бозрасии пешакӣ бо ҳадафи дарёфти баёноти гумонбарон рӯй медиҳад ва танҳо баъди гузаштан аз ин сахтиҳо, бархе аз шиканҷашудаҳо иқрор мешаванд, ки мавриди озор қарор гирифтаанд.

Эътилофи зидди шиканҷа охири соли 2016 китоберо бо сарнавишти фоҷеабори 14 гумонбарро нашр кард, ки дар он тафсилоти боздошти мармуз ва марги боздоштшудаҳо дар пайи шиканҷа тасвир шудааст. Дар нишасти ахири Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар соли 2016 ҳам аз Тоҷикистон тақозо шуд, ки дар амри хатми таҷрибаи шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо иқдомҳои ҷиддӣ бигирад.

Масъулин мегӯянд, бозрасӣ ё худ мониторинги муасисаҳои пӯшида ва қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи кории муштараки Созмонҳои зидди шиканҷа ва идораи Омбудсмени Тоҷикистон аз соли 2014 ба ин тараф оғоз шуда то ҳол идома дорад.

Зимнан, то ҳол Тоҷикистон тавсияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба масъалаи шиканҷаро напазируфта ва аз имзои протоли иловагии Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ худдорӣ кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад, Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки ба нозирони байналмилалӣ иҷоза бидиҳад, ки худашон ба кишвар омада дар дохили зиндонҳо бо вазъи маҳбусону боздоштшудаҳо шинос шаванд.

XS
SM
MD
LG