Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Шӯҳрат худро парронд?


Ҷасади як сарбози Горди миллиро пас аз панҷ моҳи хизмат, ба зодгоҳаш интиқол доданд. Гуфта мешавад, ки ин сарбоз ба ҳангоми адои ҳизмат бо истифода аз силоҳи “Калашников” худро паррондааст.

Имомдод Таваллоев, сокини рустои Тағдеми ноҳияи Роштқалъа рӯзи ҷумъаи 21 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз қавли масъулини қисмии низомии Горди миллӣ воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе гуфт, ки гӯё писараш Шӯҳрат рӯзи якшанбеи 16 октябр бо истифода аз силоҳе, ки дар дасташ дошт, худро паррондааст. Ба гуфтаи ин падар, ҷасади Шӯҳратро бо кӯмаки хешону наздикон рӯзи душанбеи 17 октябр аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Роштқалъа интиқол додаанд ва дар зодгоҳаш ба хок супориданд.

Масъулони қисми низомӣ сабаби даст ба ин кор задани Шӯҳратро намедонанд ва аз ӯ ба унвони сарбози намунавӣ ва ҷавони хубу ҳушманд ёд мекунанд. Имомдод Таваллоев низ мегӯяд, писараш аз хизмат шикояте надошт. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, Шӯҳрат моҳи майи соли ҷорӣ ба хизмат даъват шуда буд.

Шӯҳрат Таваллоев соли гузашта ба Донишгоҳи иқтисод ва молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил шуд, вале ба сабаби дер мондан, дар нимсолаи дуввум хориҷ гардид. Ҳамин тавр, ӯро моҳи майи соли ҷорӣ ба хизмат дар артиш даъват карданд ва пас аз ҷо ба ҷо кардан, сарбози қисми низомии Горди Миллӣ, воқеъ дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе гардид. Аммо пас аз панҷ моҳи хизмат, авоили ин ҳафта ҷасади беҷони ӯро ба зодгоҳаш интиқол доданд.

Дар ҳамин ҳол як тан аз криминалистон, ки ҷасади Шӯҳратро аз назар гузаронидааст, мегӯяд, ҳарчанд дар бадани ин сарбоз пайи озору азият дида намешуд, аммо ҳолати ҷасад бозгӯ аз он дошт, ки вай бидуни сабабе худро напаррондааст ва зери фишор ба ин кор даст задааст. Бинобар ин, манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, марги Шӯҳрат мармуз мемонад ва кормандони тафтишотро лозим аст, то "муйро аз хамир" ҷудо кунанд.

Дар ҳоли ҳозир додситонии низомӣ дар робита ба ин ҳодиса парванда боз намуда ва се ҳамхизмати Шӯҳратро бозпурсӣ кардааст.

Марги Шӯҳрат дар ҳолест, ки моҳи феврали соли гузашта Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози як қисми ҳарбии вазорати дифоъ бо истифода аз силоҳи “Калашников” қасди ҷони худ кард ва маъюб шуд. Волидони сарбоз фишору мушкилот дар хизматро боис ба талоши худкушии фарзандашон унвон карданд, аммо худи Наҷмиддин баъди ба ҳуш омадан гуфта буд, аз беэҳтиётӣ ба сӯи худ тир холӣ кардааст.

Ҳамин тавр, дар соли 2014 созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, 8 парвандаи марг ё осеби ҷисмонии сарбозонро ҳангоми хизмат ба қайд гирифт, ки яке аз онҳо талоши худмаъюбкунии сарбоз буд. Бархе аз мақомдорон дар ин маврид худи ҷавононро, барои омода набудан ба хизмати ҳарбӣ ва тоб наовардан ба оддитарин мушкилот дар хизмат, интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG