Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои "амн" барои амонатҳо куҷост -- хона, бонкҳо ё бозори саҳҳом?


Аксарияи сокинони Тоҷикистон дар доираи як пажӯҳиш, ки IFC- Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ баргузор кардааст, гуфтаанд, аз бонк дида “дар хона нигоҳ доштани амонати худро” авлотар медонанд. IFС дар ҷараёни як пажӯҳиши хеш аз сокинон ҳамчунон суол кардааст, ки амонатҳои худро дар куҷо нигоҳ медоранд. Аксарияти сокинон дар посух ба ин суол гуфтаанд, амонатҳояшонро дар хона нигоҳ медоранд.

Сокинон дар шарҳи ин тасмимашон гуфтаанд, ба устувории молиявии бонкҳо чандон бовар надоранд, чун бо шахсоне вохӯрдаанд, ки амонатҳояшонро аз бонк бозпас гирифта наметавонанд. Бархеи дигар гуфтаанд, баҳраи амонатҳои бонкӣ чандон баланд нест ва кирои амонатгузорӣ намекунад.

Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон бо таъсиси Биржаи фондӣ шакли комилан нави амонатгузорӣ ва фоида гирифтан фароҳам шудааст, ки сокинон метавонанд аз он истифода кунанд. Манзур аз гуфтаи онҳо, Биржаи фондии Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе аст, ки дар он нахустин қоғазҳои қимматнок - облигатсияҳо ба фурӯш мебароянд. Ин облигатсияҳо ба бонки "Эсхата" тааллуқ доранд.

Шавкатҷон Калонов, иқтисоддони аршади бонки “Эсхата” рӯзи 28 декабр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, хариди облигатсияҳо барои амонатгузорон якчанд бартариҳое медиҳад, ки бонкҳо онро надоранд. Вай гуфт: “Нахуст ин, ки облигатсия бо 22 фоизи солона ба фурӯш гузошта мешавад. Ҳоло як облигатсияи мо 100 сомонӣ нарх дорад. Агар як нафар як облигатсияро харад, ки мӯҳлати гардишаш ду сол аст, пас аз ду сол ӯ 44 сомонӣ фоида хоҳад гирифт.”

Дар шарҳи бартариҳои ин коғази қимматнок Шавкатҷон Калонов гуфт, дар бозори бонкии Тоҷикистон 22 дарсад баҳраи бонкӣ аз амонатгузорӣ даромади аз ҳама баланд ба ҳисоб меравад. Вай гуфт, бартарии дигари облигатсия ин кафолати бонкӣ аст, ки дар охири мӯҳлати муқарраршуда бонк нархи облигатсияҳоро бо фоизҳояш ба муштариён бармегардонад. Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, муштариён имкон доранд сари ҳар се моҳ фоизҳо ва ё фоидаи худро аз суратҳисобашон бигиранд ва ё дар анҷоми мӯҳлати облигатсия.

Шокир Раҳимов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, як бартарии дигари сармоягузорӣ ба бозори қоғазҳои қимматнок мисли саҳмия ва ё облигатсия он аст, ки дар Тоҷикистон фоида аз даромади қоғазҳои қимматнок аз андоз озод карда шудаанд. Вай гуфт: “Ба хотири рушди қоғазҳои қимматнок, Ҳукумат то 5 сол даромад аз коғаҳои қимматнокро аз андоз озод кардааст. Масалан, агар шахс дар бонке амонат гузорад, дар анҷоми мӯҳлат муштарӣ аз фоидаи гирифтааш андоз месупорад. Аммо дар сурати хариди коғазҳои қимматнок, аз фоидаи ба даст омада андоз ситонида намешавад”.

Айни замон мӯҳлати анҷоми гардиши облигатисия ба фарқ аз амонатҳои бонкӣ тӯлонитар аст. Барои мисол, облигатсияҳои нашркардаи бонки "Эсхата" гардиши дусола доранд ва муштарӣ барои бозпас гирифтани сармояи аввалияи худ бояд ду сол мунтазир бимонад.

Аммо Шавқатҷон Калонов мегӯяд, “муштариён агар ба пул эҳтиёҷ пайдо карданд, метавонанд ду сол мунтазир нашуда, облигатсияҳои худро дар биржа ба шахси дигар фурӯшанд. Ҳоло қиммати як облигатсия 100 сомонӣ аст ва муштарӣ метавонад онро дар биржа гаронтар фурӯхта, аз ин ҳисоб ҳам даромад бигирад”.

Калонов мегяӯд, қонунгузории кишвар имконият медиҳад, ки натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шахсони хориҷӣ низ аз ин облигатсияҳо харидорӣ намуда, аз он фоида ба даст биёранд.

Тоҷикистон солҳо боз талош дошт як бозори фурӯши саҳҳом ва ё биржаи фондиро фаъол кунад. Ҳукумат ҳанӯз соли 1992 заминаи қонуниро барои фаъол шудани чунин як биржа таъмин карда буд. Аммо дар гузашта талошҳо барои таъсиси биржаҳои фондӣ натиҷа надода рӯи коғаз монд.

Ифтитоҳи нахустин биржаи фондӣ дар Тоҷикистон. 12 октябри соли 2015.
Ифтитоҳи нахустин биржаи фондӣ дар Тоҷикистон. 12 октябри соли 2015.

Аз ҷумла, то соли 2007 дар ҷумҳурӣ "Биржаи марказии фондии Тоҷикистон" вуҷуд дошт, ки фаъолият намекард ва иҷозаномааш ҳам дигар тамдид нашуд. Биржаи фондии Душанбе, ки низ чанд сол пеш сабт шуд ва як вазифааш хариду фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун буд, аслан фаъолият накард ва маълум нест, сарнавишти он чӣ шуд.

Билохираи моҳи октябри соли гузашта Биржаи фондӣ дар Душанбе дарҳои худро ба рӯи муштариён боз кард. Муассисони аслии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ширкатҳои “Конофар Майнинг” ва “Дастина” ном бурда мешавад. Бинои Биржаи фондии Осиёи Миёна дар ошёнаи сеюми “Душанбе-Плаза” дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ин барои аввалин бор аст, ки талошҳо барои ташкили биржа аз рӯи коғаз ба амал гузашт ва дари Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ба рӯи муштариён боз шуд. Ҳамзамон бо ин, ҳукумат харидуфурӯши саҳмияҳоро ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз ё молиёт озод кард. Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ки дар маросими ифтитоҳи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ сӯҳбат мекард, гуфта буд, ин тасмим ба хотири рушди бозори коғазҳои қимматнок гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG