Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои ташкили биржаи саҳмияҳои Роғун


Ҷамъияти саҳҳомии “Нерӯгоҳи Роғун” аз Биржаи фондӣ, ё савдои коғазҳои қиматноки Тоҷикистон хостааст, ки бозори фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ташкил кунад.

Як манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир Биржаи фондӣ масъалаи ба рӯйхат гирифтани саҳмияҳои Роғунро баррасӣ мекунад ва ташкили биржаи саҳмияҳо бар уҳдаи «Амонатбонк» гузошта мешавад.

820 миллиони саҳмияҳои Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон дар натиҷаи як маъракаи густарда шурӯъ аз 6 январи соли равон то ба ҳол тавонистааст ҳудуди 15 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро фурӯшад. Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳукумат ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмия ба фурӯш баровард, аммо фақат 820 миллион ба даст овард.

Коршиносон яке аз далоили кундии фурӯши саҳмияҳоро фақат ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхтани саҳмияҳо медонанд. Онҳо муассирии иқдом дар мавриди ба бозори коғазҳои қиматнок баровардани саҳмияҳоро таҳти шубҳа мегузоранд, зеро ин дафъа низ танҳо атбои кишвар ҳақ доранд, онҳоро харидорӣ кунанд.

Олим Давлатов, коршинос дар умури молия мегӯяд, баҳсҳои сиёсӣ перомуни сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки ба сатҳи байнулмилал баромадааст, эътимоди мардумро ба саҳмияҳояш низ костааст.

Ӯ афзуд: «Аҳолии Тоҷикистон дигар бо боварӣ ба ин тарҳ наменигарад. Бештари мардум розиянд, ки ба нархи арзонтар, шояд ними нарх ва 3 бар 1 онҳоро фурӯхта, лоақал қисми маблағашонро баргардонанд».

Биржаи мардумии саҳмияҳо

Аммо ҳамсӯҳбати мо аз вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар бозори коғазҳои қиматнок саҳмияҳои Роғун ба ҳеҷ далел арзон фурӯхта намешаванд, зеро ин як иншооти стратегист ва дар оянда ба саҳҳомонаш фоидаи зиёд хоҳад овард.

Бекзод, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон яке аз афродест, ки ба қиматҳои арзонтар аз ҳамсабақон ва дигар афрод саҳмияҳои Роғунро ба маблағи ҳазор сомонӣ харидорӣ кардааст. Вай мегӯяд, онҳо аз коруфтодагӣ саҳмияҳояшонро фурӯхтаанд.

«Агар саҳмияи «100 сомонӣ» бошад, ба маблағи 50 ва «500 сомонӣ» бошад ба 300 сомонӣ харидам. Ман бовар дорам, ки рӯзе мерасад «Роғун» фаъол мешавад ва ман аз саҳмияҳоям фоидаи калон ба даст меорам», - меафзояд ӯ.

Саҳҳомони аслӣ интизори фурсатанд


Манбаъи мо дар вазорати молия вуҷуди ҳамчунин бозори ғайрирасмии тиҷорати саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро таъйид ё такзиб накард, аммо гуфт, ин гуна бозор шояд дар сатҳи маблағҳои хурд вуҷуд дошта бошад.

Вай афзуд, рӯйхати афроде, ки беш аз 5 ҳазору 100 сомонӣ саҳмия харидаанд дар вазорати молия вуҷуд дорад, аммо то ба ҳол касе аз фурӯши онҳо ба шахси дигар иттилоъ надодааст. Вай афзуд, агар касе саҳмияашро фурӯшад бояд вазоратро огоҳ кунад, то он ба номи саҳҳоми нав сабт шавад.

Тибқи ин манбаъ, шурӯъ аз соли нави милодӣ саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун метавонанд ба 5 бонки Тоҷикистон — Амонатбонк, Ориёнбонк, Тоҷпромбонк, Бонки рушди Тоҷикистон ва Агробонк муроҷиат кунанд. Вай афзуд, онҳо саҳмияи худро нархгузорӣ мекунанд ва бонкҳо саҳмияҳоро ба даллолон ё брокерҳои Биржаи фондӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин харидорон метавонанд ба ин Биржа тариқи бонкҳо дархост бифиристанд.

Дурнамои бозори дасти дуввуми саҳмияҳо

Олим Давлатов мегӯяд, иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ташкили бозори дасти дуввуми саҳмияҳо агар дар кӯтоҳмуддат номуваффақ аст, дар дарозмуддат саҳҳомони аслии нерӯгоҳи барои рушди кишвар муҳимро рӯи кор меорад, ки барои сохтмони он ҷиддан кӯшиш хоҳанд кард.

Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, тайи соли равон ба ҷои 650 сомонӣ, ки дар нақша буд, ҳудуди 500 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар ба бунёди нерӯгоҳи Роғун равона шудааст. Тибқи ин манбаъ соли оянда ин маблағ 850 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир ташхиси фанниву муҳитизистии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва низ фишорҳои мухолифи тарҳ Ӯзбакистон сари Тоҷикистон идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ин ҳол шурӯъи корҳои асосӣ дар сохтмонро ба таъхир гузоштааст.
XS
SM
MD
LG