Дар Тоҷикистон қариб ҳар хонавода соҳиби саҳмияи Роғун аст, аммо кам касоне медонанд, ки ин коғази арзишдор ба онҳо чӣ фоида хоҳад овард?
Чандин нафар аз онҳое, ки бо беҳтарин орзуҳо саҳмияҳои Роғунро харида буданд, мегӯянд, умедашонро аз он ки саҳмияҳо ба бунёди Роғун кӯмак мекунанд ва ба соҳибонашон фоидае меоранд, кандаанд, вале бархе ҳам мегӯянд, тарҳи Роғун шӯхӣ нест ва бо иҷрои он ҳиссаи худро аз фоидаи фурӯши нерӯи барқ хоҳанд гирифт.
Неъмат Собиров, сокини шаҳри Душанбе ва яке аз саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, дар соли 2010-ум вақте маъракаи пуршӯри харидории саҳмияҳо эълон шуд, бо вуҷуди имкони андаки молӣ дар ҳаҷми бештар аз 1200 сомонӣ саҳмия харид. Вай мегуяд: "То ҳол ягон фоида аз саҳмияҳои Роғун нагирифтаам. Намедонам ин нерӯгоҳ кай ба кор медарояд ё не? Рости гап, аз январи соли 2011-ум ба ин ҷониб дар бораи ба кадом роҳ ин саҳмияҳо фоида меоранд, таваҷҷӯҳ накардам ва иттилоъ ҳам надорам."
На танҳо Собиров, балки аксарияти ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, аслан намедонанд, ки ҳамчун соҳибони саҳмияҳои Роғун чӣ ҳаққу ҳуқуқ доранд.
Ҷамшед Шерматов, роҳбари Оҷонси рушди бозори коғазҳои қимматноки Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳар як соҳиби саҳмияи НБО Роғун мисли дигар саҳомони ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дорои ҳуқуқҳои гирифтани фоидаи ҷамъияти саҳҳомӣ дар шакли суди саҳмияҳо, ҳуқуқи иштирок дар идоракунии ҷамъияти саҳҳомӣ тавассути иштирок дар маҷлиси умумии саҳмдорон, ки мақоми олии идоракунандаи ҷамъият ба ҳисоб меравад, доро мебошанд”.
Ҷаноби Шерматов афзуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани амалиётҳои хариду фурӯши биржавии коғазҳои қимматнок дар давоми соли ҷорӣ бо иштироки бонкҳои тиҷоратӣ ташкил додани биржаи фондӣ дар назар аст, ки он имкони муайян кардани қурби реалии саҳимияҳои ҷамъият саҳомиро фароҳам меорад.
Вобаста ба саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун», ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати ман, дорандагони он метавонанд ҳангоми гузаронидани аҳдҳои гузариши ҳуқуқҳо нисбати саҳмияҳо, ин амалиёти хешро дар оҷонсии мо сабт намуда, номи дорандаи феълӣ дар феҳристи саҳмдорон дохил карда мешавад.
Давлати Тоҷикистон сар аз 6-уми январи соли 2010 ба маъракаи фурӯши густардаи саҳмияҳои НБО Роғун оғоз карда буд. Ҳукумат дар ҳаҷми 6 миллиард сомонӣ 5 миллион дона саҳмияи Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомониро нашр кард. Дар панҷ-шаш моҳи аввали фурӯши саҳмияҳо ва ҷамъоварии пули хайрия барои эҳдоси Роғун беш аз 819 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шуд. Маъракаи фурӯши саҳмияҳои ихтиёрӣ-маҷбурии Роғун чунон густурда ва осемасарона буд, ки тарроҳони он танҳо баъди ҷамъ шудани ин миқдор пул ба фикри он заданд, ки чӣ гуна ин пулҳоро аз туъмаи инфлятсия ва ё таваррум наҷот диҳанд.
Маъракаи фурӯши саҳмия бошад танҳо баъди дахолати намоядагии Сандуқи байналмилалии пул хотима ёфт. Он ҳукумати Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки ҷамъоварии ин миқдор маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш хоҳад ёфт.
Ба ҳисоби тахминии иқтисоддонҳо, дар тӯли ду моҳ пас аз ҷамъоварии пулҳои саҳмия ду дарсади он туъмаи инфлятсия шуд. Баъдан Вазорати молияи Тоҷикистон ба хулосае омад, ки 175 миллион сомонии ин пулҳоро ба панҷ бонки тиҷории кишвар бо баҳрабардории солонаи 10 дарсад вом диҳад. Пас аз як соли додани вом Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар эълон дошт, ки вомҳои дар бонкҳои тиҷорӣ гузошташудаи Роғун 11,9 миллион сомонӣ фоида оварданд. Наҷмиддинов гуфта буд, ки ин маблағҳоро саҳҳомони Роғун хоҳанд гирифт, вале шӯрои саҳҳомони Роғун муайян хоҳад кард, ки ин пул чӣ гуна тақсим мешавад.
Аммо даҳ саҳҳоме, ки ба маблағи аз 500 то 14 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кардаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, боре ҳам аз ҳисоби саҳмияашон баҳра ё сарбахш нагирифтаанд. Дар мавриди тақдири минбаъдаи пули саҳмияи Роғун иттилои пурра дар даст нест. Ҳеҷ яке аз масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон ҳозир нашуд дар ин бора ба мо маълумот диҳад.
Сироҷуддин Мирзоев, котиби корпаративии ҷамъияти саҳҳомии Роғун низ дар суҳбат ба РО гуфт, ки вай дар мавриди куҷо будан ва ё дар куҷо масраф шудани пулҳои саҳмия ҳеҷ маълумот надорад. Ба гуфтаи вай, дар ин бор танҳо дар ҷаласаи саҳҳомони ҷамъият маълумот пешкаш хоҳад шуд: “Рӯзи 15-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи саҳҳомони Роғун мешавад ва дар он аз шаҳри Душанбе 100 нафар, аз вилояти Суғд 40 нафар аз Хатлон 50 нафар ва аз Бадахшон 5 нафар ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин ҳайати ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин ҷаласа ширкат хоҳанд кард “.
Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, дар ин ҷаласа ба саҳҳомон дар мавриди чигунагии хароҷот ва нигоҳдории пулҳои эшон гузориш дода хоҳад шуд. Аммо чанде аз ҳамсуҳбатони мо бо ишора ба вазъи феълӣ гуфтанд, аз ин ҳамоиш интизориҳои зиёде надоранд.