Додраси испанӣ Хосе де ла Мата рӯзи 3 май ҳукми боздошти аъзои ду гурӯҳи мафиозии русро содир кард. Дар байни онҳое, ки бо ҳукми Маҷмаи миллии додгоҳии Испания бояд боздошт шаванд, сиёсатмадорони баландпояи Русия, аз ҷумла афроди наздик ба раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин ҳам ҳастанд.
Ин ҳукмҳои боздошт дар пайи анҷоми таҳқиқи парвандаи пурсарусадои гурӯҳи маъруф бо номи “Тройка” аст, ки аз ҳисоби аъзои гурӯҳҳои ҷиноии Тамбов (вилояте дар ҷанубушарқи Русия) ва Малишево (маҳаллае дар шимолушарқи Маскав) ташкил ёфта, муддати беш аз 10 сол дар Испания амал мекард.
Гуфта мешавад, тафтишот далелҳои шайъие дар бораи ҳамдастии чанд мансабдори рус бо ин гурӯҳи мафиозӣ ба даст овардааст. Ду тан аз афроди наздик ба президент Путин, ки ҳоло аз сӯи мақомоти додгоҳии Испания таҳти таъқиб қарор гирифтаанд, Владислав Резник, раҳбари собиқи кумитаи ниҳодҳои бонкӣ ва бозорҳои молии Думаи давлатии Русия, ва генерал Николай Аулов, раиси дастгоҳи вазорати умури дохилии Русия мебошанд. Николай Аулов, ки ҳамчунин раҳбарии сарраёсати умури дохилаи ҳавзаи федеролии марказии Русияро бар ӯҳда дорад, дар нахустин вокуниш ба ҳукми маҷмаи миллии додгоҳии Испания, ҳукми боздошташро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номидааст.
Нашрияи испании “El Mundo” навишт, ки тафтишот далели бо ин гурӯҳ шарик будани як муовини собиқи сарвазири Русияро ҳам дорад. Ин нашрия исми ин мансабдори баландпояро наовардааст, вале қаблан дар бораи ба ҳамкорӣ бо “мафияи русӣ” дар Испания муттаҳам шудани Виктор Зубков, муовини собиқи сарвазири Русия гузориш шуда буд. Зубков падарарӯси вазири собиқи дифои Русия Анатолий Сердюков мебошад.
Зимнан дар таҳқиқоти мақомоти Испания худи Сердюков ва ҳамин тавр, Дмитрий Козак, вазири собиқи рушди манотиқ, Игор Соболев, муовини собиқи нахуствазир ва Леонид Рейман, вазири собиқи технологияи Русия низ ҳамчун аъзои гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ном бурда шудаанд.
Таҳқиқи парвандаи “мафияи рус” дар Испания дар соли 2008, дар пайи боздошти шаҳрвандони Русия Геннадий Петров ва Александр Малишев ҳамроҳ бо ҳудуди 20 нафари дигар оғоз ёфт. Петров ва Малишев фиристодаҳои гурӯҳҳои ҷиноии Русия дар Испания буда, бо дархости “мафия” ва мансабдорони фасодзадаи рус дар он кишвари аврупоӣ машғули шустушӯи пул ва харидани қасру кӯшкҳои пуршукӯҳ бо пулҳои аз ҳисоби фаъолиятҳои мафиозӣ ва фасод бадастомада будаанд.
Судури ҳукми боздошти шарикони Владимир Путин дар чорчӯби парвандаи «мафияи рус» дар Испания дар ҳолест, ки дар ибтидои моҳи апрел Анҷумани байналмилалии журналистони таҳқиқотӣ натиҷаҳои таҳқиқоти фарогираш дар бораи ширкатҳои оффшории дар Панама сабтиномшударо нашр кард.
Бино ба асноди нашршуда, афроди наздик ба Владимир Путин дар ҳисобҳои бонкии ширкатҳои оффшории дар Панама сабтиномкарда миллиардҳо доллар нигоҳ медоштаанд. Танҳо Сергей Ролдугин, як пианинонавози рус, ки аз дӯстони наздики Путин ба шумор меравад, бино ба ин санадҳо, дар ширкатҳои оффшориаш беш аз 2 миллиард доллар доштааст.
Аммо Владимир Путин дар пайи нашри ин аснод ба ҳимоят аз дӯсташ Ролдугин садо баланд кард ва гуфт, “чӣ айб дорад, агар як навозандаи мо чанд сӯм кор кардааст?” Путин гуфт, Ролдугин ин пулҳоро ба хотири харидорӣ кардани асбобҳои нодири мусиқӣ сарф мекард, на барои сохтани ягон зиндагии пуршукӯҳ барои худ.
Чанде аз ин пеш телевизиони ББС филми мустанадеро дар бораи дороиҳои Путин нашр карда буд. Дар он филм бар пояи маълумоти ниҳодҳои иктишофӣ гуфта мешуд, ки сарвати Владимир Путин метавонад то 40 миллиард долларро ташкил диҳад.
Дар Маскав нашри чунин хабарҳо дар бораи миллиардҳои Путин ва ёрони ӯро бахше аз маъракаи таблиғотии Ғарб алайҳи ҳокимони кунунии Русия мешуморанд.