Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки ифшогариҳои ахири созмони байналмилалии журналистони таҳқиқотгар, маъруф бо номи "Панама-гейт", ҳеч таъсири амалие ба режимҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари таҳти нуфузи Кремл нахоҳад дошт.
Ӯ рӯзи 4 апрел, ҳангоми шарҳи ин ифшогариҳо, гуфт, "барои нухбагони ҳукмрони ин кишварҳо ҳамеша ҳукумат кардан ин сарватманд шудан аст. Барои онҳо ҳукумат кардан хешу табору ҳамшаҳриҳо ва фарзандонро сарватманд кардан яке аз мақсади асосии онҳо аст. Бинобар ин, аз нигоҳи амалӣ ва аз нигоҳи сиёсат ҳеч таъсире ба ин режимҳо нахоҳад расид."
Аммо Дӯстов гуфт, онҳо хулосаҳое дар баробари ин қазия хоҳанд кард ва кӯшиш хоҳанд кард, ки шеваҳои дигари пинҳон кардан ё қонунӣ кардани сармоя ва сарватҳояшонро пайдо намоянд. "Вижагиҳои чор кишвари Осиёи Марказӣ дар он аст, ки нухбагони ҳукмрони ин кишварҳо тамоми кишварро ба моликияти худ табдил додаанд. Онҳо ҳокими мутлақи обу хоку замину паррандаҳои ин кишварҳоянд. Бинобар ин фикр мекунам, ки ҳадди ақал номҳои инҳоро дар он рӯйхат ёфтан кори маҳол хоҳад буд," - афзуд ин таҳлилгари тоҷик.
Миллиардҳои Путин дар соҳилҳои дур
Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) матолиби бузургеро дар бораи фасод дар мақомоти олии Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербия, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигар чоп карданд. Бахши аслии ин матлабҳо дар мавриди афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки онҳо тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои оффшории Панама беш аз 2 миллиард долларро "обу лой" кардаанд. Ба қавли ин манобеъ, ин миқдор пул аз тариқи муомилоти "шубҳанок" ба даст омадааст.
Ба далели мавқеияти ширкатҳои оффшорӣ ин интишорот "Панам-гейт" ном гирифтааст. "Панама-гейт" бузургтарин маълумоти ба дасти журналистон расида ҳисоб меёбад, ки дар шакли электронӣ ҳудуди 2,6 терабайтро ташкил медиҳад.
Матлабҳои комили марбут ба мақомоти Русия, сиёсатмадорон ва фарзандони онҳо дар торнамои вижаи "Новая газета" нашр шудааст. Ба дунболи он, ин торнамо ва Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) мавриди ҳамлаи хакерӣ қарор гирифтаанд.
Қисмати асосии "бахши Русия"-ро ҳуҷҷатҳо дар бораи афроди наздик ба Владимир Путин - виолончии Санкт-Петербург Сергей Ролдугин ва "шабакаҳои оффшорӣ"-и ба Путин алоқаманд ташкил медиҳанд. Инчунин, дар пажӯҳиш номи Александр Махонов - муовини вазири корҳои дохилии Русия, Игор Зубов - писари муовини дигари вазири корҳои дохилӣ, Татяна Навка - ҳамсари Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Максим Лискутов - раҳбари Идораи нақлиёти Маскав ва вакилони Думаи давлатӣ аз ҳизби "Русияи воҳид" ва аъзои Шӯрои Федеросиюн зикр шудаанд.
Дар матлабҳо таъкид шудааст, ба эҳтимоли яқин бонки тиҷоратии "Россия" ва одамони наздик ба президент Путин дар амалҳои пулшӯӣ даст доранд.
Зимнан, рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ хабаргузории Reuters дар мақолае дар бораи ба ихтиёри наздикони Владимир Путин гузаштани дороиҳои ғайриманқул маълумот дода буд. Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти ин хабаргузорӣ, соҳибкори Санкт-Петербург Григорий Баевский дороиҳои ғайриманқули гаронбаҳоро ба чор зан - духтари хурдии Путин Катерина Тихонова, ба ду хеши наздики гимнасткаи собиқ Алина Кабаева, ки ӯро расонаҳои Русия "маъшуқаи Путин" мехонанду то ҳол маълумоти тақсдиқкунанда дар ин замина вуҷуд надорад, додааст. Нафари чорум донишҷӯ Алиса Харчева будааст, ки дар соли 2012 аксаш дар тақвиме ба ифтихори зодрӯзи раиси ҷумҳури Русия чоп шуда буд.
Дар соли 2013 Баевский ҳавлӣ ва қитъаи замини наздиҳавлигиро дар минтақаи Успенскии вилояти Маскав ба Анна Засепинаи 81-сола, бибии Алина Кабаева ва дар соли 2009 хонаеро ба хоҳари ӯ Ляйсан Кабаева додааст. Баъдан дар маҷмааи коттежҳои Маскав хонаеро дар ихтиёри Алиса Харчева гузоштааст. Дар бораи арзиши ин муомилот маълумоте нест.
Григорий Баевский ёрдамчии соҳибкор Аркадий Ротенберг, дӯсти қадимаи Путин аст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи ду соли ахир ширкате, ки дар он Баевский ҳамшарик аст, дар корҳои сохтмонии давлатӣ ҳудуди 6 миллиард рубл ё 89 миллион доллар ба даст овардааст.
Аз ин пеш, рӯзи 28 марти соли ҷорӣ, Дмитрий Песков - сухангӯи Кохи Кремл аз омода шудани "ҳамалоти иттилоотӣ" алайҳи Владимир Путин, хонавода ва дӯстонаш дар расонаҳои кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дода буд. Песков гуфта буд, Консорсиюми байналмилалии таҳқиқоти журналистӣ барои пайдо кардани иттилоот дар бораи Путин, оилааш, дӯстони даврони бачагиаш, соҳибкорон (Ковалчук, Ротенберг) ва ширкатҳои офшорӣ ба ҷониби Русия муроҷиат кардааст.
Дмитрий Песков ин иқдомро "худнамоӣ"-и навбатӣ хонда ва гуфта буд, ки Кохи Кремл ба саволҳои ворида посух нахоҳад дод.