Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Котиби райком ба "ҷиҳод" рафт


6 узви як хонавода аз ноҳияи Аравани Қирғизистон ба Сурия рафтаанд. Аз ҷумла Дилоромхон Каримоваи 63-сола, ки дар замони Шӯравӣ дар кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист дар як мақоми баланд кор мекард.

Илҳом Каримов, сокини ноҳияи Аравани вилояти Ӯши Қирғизистон чаҳор сол пеш бародарашро Икромҷонро барои мардикорӣ ба Русия гусел кард ва тасаввур ҳам намекард, ки рӯзе ӯ ба Сурия меравад ва нисфи хонаводаашонро ба он кишвари ҷангзада мекашад. Аз паси Икромҷон Каримов ду сол пеш зану писари чаҳорсолааш ба Сурия рафтаанд ва баъди ин модару хоҳари Икромҷон низ моҳи апрели соли 2013 роҳи он кишварро пеш гирифтаанд. Ҳоло аз хонаводаи Илҳом Каримов дар Сурия 6 нафаранд, бародарашу ҳамсару фарзандаш ва модари 63-солаву хоҳараш, ки ӯ низ фарзандашро бо худ бурдааст.

Ӯ мегӯяд: Соли гузашта модарам ва хоҳарам рафтанд. Як сол аз ин гузашт. Модарам бемор шуд ва барои табобат ба Русия рафт. Чаҳор сол пеш бародарам рафта буд ва мо шунидем, ки ӯ аз роҳи Маскав ба Туркия рафтааст.”

Хатти сафари бародари Илҳом Каримов айни хатти сафари бисёре аз он ҷавонони тоҷик ба Сурия аст, ки аввал ба Русия мераванд ва зери таъсири шиорҳои “ҷиҳоду мубориза зидди кофирон” монда, роҳи Туркияро пеш мегиранд ва дар ниҳоят ба Сурия мерасанду ба сафи гурӯҳи тундраву ифротӣ мепайванданд.

Дилоромхон Аҳмадова, модари Илҳом 63-сол дорад ва як сол боз аз ӯ ҳам дараке нест. Илҳом мегӯяд, фақат ҳаминро шунидааст, ки модараш ҳам аз паси Икром, ки зоҳиран ба гурӯҳҳои тундрав пайвастааст, ба Сурия рафтааст. Икром мегӯяд, охирин дафъа бо модару хоҳараш, ки дар Маскав буданд, як сол пеш телефонӣ сӯҳбат кард ва дигар садояшонро нашунидааст ва намедонад, ки онҳо чӣ ҳол доранд? Дар куҷои Сурия ҳастанду чӣ кор мекунанд?

Модари 63-солаи Илҳом дар замони шӯравӣ узви ҳизби коммунист будааст ва дар мақомҳои баланде кор кардааст, вале баъди бознишастагӣ якбора рӯ ба Ислом овардааст: “Модарам пеш кори хуб дошт, бештар аз 10 сол дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ кор кардааст. Замони Шӯравӣ дар райком (кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист) кор мекард, вале вақте бознишаста шуд, панҷ вақт намоз ва Қуръон мехонд. Ҳоло ман намедонам, ӯро дар куҷо ҷустуҷӯ кунам.”

Бо тарки Қирғизистон кардану ба Сурия рафтани 6 узви ин хонавода, парастории бибии 94-солааш бар ӯҳдаи Илҳом афтодааст ва ӯ мегӯяд, барои бозгардонидани модарашу бародараш саъй ҳам намекунад, зеро ҳеҷ коре дар ин роҳ аз дасташ намеояд. Илҳом афзуд: “Ман фарзанд дорам, бибӣ дорам, ду писар дорам, куҷо меравам? Ба фикри ман, ба ҳеҷ ҷо рафтан лозим нест, онҳо намедонанд, ки (барои ҷангҷӯён) тӯъмаи осон шудаанд. Ман бояд бачаҳоямро ба воя расонам. Ҳадафи ман бузург кардани фарзандонам аст.”

Хонаводаи Илҳом Каримов дар минтақае зиндагӣ мекунад, ки мардумаш назар ба сокинони манотиқи дигари Қирғизистон мазҳабитар ҳастанд. Танҳо дар ноҳияи Араван дар вилояти Ӯш 110 масҷид сабт шудааст, вале мақомоти расмии Қирғизистон намедонанд, ки чанд нафар аз ин ноҳия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ба мисли созмони Давлати исломӣ пайваста ва дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, бештар аз 150 шаҳрванди кишвар дар сафи шӯришиён ва ё гурӯҳҳои тундрав бар зидди нерӯҳои давлатӣ дар Сурия меҷанганд.

XS
SM
MD
LG