Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмал "Mercedes"-ро фурӯхту пулашро барои "ҷиҳод" дод


Дувоздаҳ сокини Истаравшан ва Конибодом бо иттиҳоми таъсиси як гурӯҳи мансуб ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва даъвату ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия, боздошт шудаанд.

12 сокини Истаравшан ва Конибодом бо иттиҳоми таъсиси як гурӯҳи мансуб ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва даъвату ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи манобеъ аз шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд, 12 сокини Истаравшан ва Конибодом замоне дастгир шудаанд, ки баъди бозгашт аз Русия бо ҳадафи ба ҷанги Сурия фиристодани ҷавонон ба ҷамъоварии маблағ машғул будаанд.

Раҳбарии ин гурӯҳро, ба гуфтаи ин манобеъ, амири маҳаллии “Ҷамоати Ансоруллоҳ“ Наҷмидин Шамсиев, сокини ноҳияи Истаравшан бар дӯш доштааст. Вай 28 сол дошта, ҳангоми ҷустуҷӯ кормандони пулис аз манзили зисти вай 2 туфангча ва 85 дона тир дарёфт ва мусодира кардаанд. Бино ба гуфтаи ҳамин манобеъ, Акмал Шукуров, сокини Конибодом автомобили “Мерседес”-и худро фурӯхта, 6 300 доллари маблағи онро ба хазинаи ин гурӯҳ додааст.

Нозим Неъматов, сокини дигари Конибодом, ки гуфта мешавад, бо дастури Наҷмидин Шамсиев ҷавонони ин маҳалро барои иштирок дар ҷанги Сурия тарғиб мекард, худ ҳафтаи гузашта ҳангоми ба Сурия рафтан аз роҳи Қирғизистон дар шаҳри Ҷалолободи ин кишвар дастгир шуда, ба Хуҷанд оварда шудааст. Пулиси қирғиз ӯро бо дархости ҳамтоёни тоҷики худ боздошт кардаааст.

Малик Аброров, масъули бахши дин дар ҳукумати Конибодом дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шунидани хабари боздошти ҷавонони ин маҳал бо иттиҳоми мансубият дар созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мисли раъду барқ дар рӯзи равшан аст: “Мо гумон мекардем, ҷавонони Конибодом ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд, бо ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ иртибот надоранд. Мо танҳо пайравони ҷараёни салафияро ошкор карда будем, ки танҳо дар намозхонӣ аз пайравони мазҳаби суннатӣ каме фарқ мекунанд. Аммо он қадар тундрав нестанд.”

Ҷаноби Аброров афзуд, аммо боздошти ҷавонон дар иртибот ба фаъолият дар созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва даъвату ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия ба онҳо ишорае шудааст, ки ҷиҳати таҳқиқи фазои маҳал иқдом кунанд: “Имрӯз мутахассисони ҷамоатҳо ва шаҳр ҷамъ шуда тасмим гиритем, ин масъаларо ҷуқуртар омӯзем. Ва барои пешгирии он чораҳо андешем.” Мусоҳибам афзуд, вале дар бораи он ки оё ҷавонони Конибодом низ дар ҷанги “муҷоҳидон” дар Сурия алайҳи режими Башор Асад иштирок доранд ё не? - маълумоте дар даст надоранд.

Бино ба иттилоъи шуъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар доситонии Суғд, дар 9 моҳи аввали соли равон кормандони ин ниҳод дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 23 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон, умдатан сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Спитамен ва Панҷакент дар иртибот ба ҷалби одамон барои иштирок дар ҷиҳод ё иштироки худи онҳо дар ҷанги Сурия 12 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Масъулони шуъбаи мазкури додситонӣ ҷавонони суғдии ба Сурия рафтаро “бешафқат” меноманд, ки ҳамсар ва ҳатто духтари худро назди худ, ба ин кишвари ҷангзада мехонанд.

Ба гуфтаи манобеъи интизомии Суғд, сокинони боздоштшуда аз Конибодому Истаравшан ҳамагӣ ҷавон, аз 26 то 38-сола буда, саводи динӣ надоштаанд. Аз манзили бархеи онҳо зимни кофтуков дискҳои бо сабту наворҳои даъват ба ҷиҳод дарёфт шудааст.

Таркиши интиҳорӣ дар Хуҷанд
Таркиши интиҳорӣ дар Хуҷанд

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" як созмони тундрави мазҳабист, ки бори аввал дар сентябри соли 2010, дар як ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд аз худ дарак дод. Ин гурӯҳ масъулияти ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави Тоҷикистонро, ки 3 кушта ва зери 30 захмӣ ба ҷо гузошт, бар ӯҳда гирифт.

Дар апрели соли 2011, баъди қатли Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ошӯбӣ дар водии Рашт низ мақомоти амниятии Тоҷикистон эълон карданд, ки гӯё аз охирин пинҳонгоҳи ин фармондеҳи собиқи мухолифин парчами "Ансоруллоҳ"-ро пайдо кардаанд.

Бовар меравад, "Ансоруллоҳ" созмони ҷангиёни тоҷикест, ки дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин таҷзия касби тарафдори бештар дар Тоҷикистон аст, чунки таҳти парчами Ҳаракати исломии Узбакистон пайдо кардани ҳаводори зиёд дар Тоҷикистон имкон надошт.

Домулло Амриддин ном як узви собиқи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шароити сулҳи Иттиҳоди мухолифин бо ҳукуматро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон баргашт, раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2012 "Ансоруллоҳ"-ро, ки сохтани хилофати исломиро ҳадафи муборизаҳояш қарор додааст, ба "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои ифротӣ шомил карда, фаъолияташро дар Тоҷикистон расман манъ кард.

XS
SM
MD
LG