Дар пайи манъи парвози ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ба Русия ва "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон мақомоти Русия гуфтаанд, мумкин аст, дигар ширкатҳо низ ба ҳамин сарнавишт дучор шаванд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, дар сурати ҳал нашудани баҳс дар бораи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон мумкин аст, “роҳи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигари ду кишвар ҳам баста шавад.”
Хабаргузории ИТАР ТАСС рӯзи 23-уми декабр гузориш дод, ки ҷанҷол дар бораи парвозҳо танҳо замоне метавонад, рафъ шавад, ки Тоҷикистон талаби Русия дар бораи фурудгоҳи Жуковскийро бипазирад.
Бар асоси қонунгузории Русия, фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав, фурудгоҳи мустақили байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва ба “Ҳалқаи ҳавоии Маскав” дохил намешавад, ки ба он ҳоло фурудгоҳҳои Шереметово, Домодедово ва Внуково шомил ҳастанд.
Созишномаҳо чӣ мегӯянд?
"Мумкин аст, роҳи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигар ҳам баста шавад.”
Бар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия парвозҳои дутарафа аз ин фурудгоҳҳои Маскав байни ширкатҳои ду кишвар тақсим шудааст ва яке аз онҳо наметавонад, бештар аз дигарӣ парвоз анҷом диҳад. ИТАР ТАСС менависад, “ягона шарт барои аз сар гирифтани парвози бемаҳдуди ҳавопаймоҳои Уралские авиалинии ба Тоҷикистон ва аз Сомон Эйр ба Русия ин аст, ки Тоҷикистон фурудгоҳи “Жуковский”-ро марбути ҳалқаи Раменски эътироф кунад”. Яъне иҷоза бидиҳад, ки аз ин фурудгоҳ ҳар қадаре, ки ширкатҳои русӣ мехоҳанд, ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи мусоҳиби ИТАР ТАСС мумкин аст, моҷаро аз ин ҳам бадтар шавад ва парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои дигар низ ба қаламрави Тоҷикистону Русия манъ шавад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ бояд мусофиркашонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ баробар тақсим шавад, аммо ба гуфтаи мақомоти Русия ин муқаррарот фақат ба “Ҳалқаи ҳавоии Маскав” дахл дорад, на ҳалқаи ҳавоии Раменски.
Талаби Тоҷикистон аз Русия
Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Тоҷикистон нақзи тавозун ва хилофи шартномаҳои байни ду кишвар арзёбӣ мекунад. Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамагуна фишор дар ин заминаро ғайри қобили қабул донистанд.
Музокироти ду тараф дар ин бора дар рӯзҳои 21 ва 22-уми декабр натиҷа надоданд ва баъди ин сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо ирсоли ёддоште ба вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки “Тоҷикистон созишномаи иртиботи ҳавоии миёни ду кишварро нақз накардааст ва баръакс, вазорати нақлиёти Русия муқаррароти ин созишномаро нодида мегирад."
Ҷанҷоли ду тараф = саргардонии муҳоҷирон
Баъди онки мақомоти Тоҷикистон ба ширкати "Ямал"-и Русия иҷоза надоданд, аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе парвоз кунад, мақомоти Русия рӯзи 22-уми декабр, ширкати хусусии "Сомон Эйр"-ро ба истиснои шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскав аз ҳаққи парвоз ба чандин шаҳри дигари Русия маҳрум карданд.Тоҷикистон дар посух ба ин қарор, ширкати "Уралские авиалинии"-ро аз ҳаққи парвоз ба Душанбе маҳрум кард. Аммо дар ин ширкат ба Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми декабр гуфтанд, ки билетҳо дар охири моҳ ва моҳи оянда ҳамчунон фурӯхта мешаванд ва дар бораи "қатъи парвозҳо ба Тоҷикистон ба онҳо иттилояи расмӣ нарасидааст."
Айни замон ҳавопаймои ин ширкат бомдоди рӯзи 24-уми декабр ба Душанбе парвоз кард, ҳарчанд аз ин ҳақ маҳрум аст. Дар фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳавопайморо пазируфтанд ва мусофиронашро ҳам қабул карданд.
Ҷанҷол сари парвози ҳавопаймоҳо байни Русия ва Тоҷикистон сабаби саргардонии ҳазорон мусофир ва бахусус муҳоҷирони корӣ шудааст, ки байни ду кишвар рафтуомад доранд. Аз ҷумла "Сомон Эйр" маҷбур шуд, пули як рейсро ба мусофиронаш баргардонад ва аз онҳо бахшиш пурсад.