Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштаю боздошт шудани афроди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода


Дар пайи задухӯрди неруҳои амниятии Тоҷикистон бо афроди боқимондаи гурӯҳи шӯришии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ, як узви ин гурӯҳ кушта ва ду нафари дигар боздошт шудаанд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти интизомӣ хабар дод, ин ҳодиса шаби 29-уми сентябр дар қисматҳое дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва Ваҳдат рух додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин се нафари муссалаҳ дар маконе пинҳон буданд ва ҳангоми ошкор шудан ба сӯи кормандони мақомоти интизомӣ оташ кушодаанд.

Манбаъи мақомоти интизомӣ аз тафсилоти бештари ин задухӯрд худдорӣ кард, аммо гуфт, аз нахустин бозпурсии ду нафари боздоштшуда барояшон маълум шуд, ки инҳо аз гурӯҳи мусаллаҳи қаблан таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода ҳастанд.

Ҳоло ба гуфтаи мақомоти интизомӣ даҳҳо тан аз аъзоёни гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон ҷустуҷӯ мешаванд ва тибқи иттилои пешакӣ аксари онҳо мусалаҳанд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон низ зикр шуда буд, ки гурӯҳи Назарзода бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад ва ҳоло танҳо камтар аз 150 нафарашон боздошт шудаанд.

Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки то ҳодисаи рӯзи 4-уми сентябр муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд, 7 бародар ва ду хоҳар дорад.

Ҳамлаҳои 4-уми сентябр ба дастгоҳи Марказии вазорати дифоъ ва ШКД-и ноҳияи Ваҳдатро кори дасти Назарзода дониста, бо фармони президенти Тоҷикистон “бинобар содир кардани ҷиноят” ӯро аз вазифа барканор карданд.Мақомот ӯро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва хиёнат ба давлат айбдор донистанд.

Амалиёти ҷангӣ алайҳи ӯ ва ҷонибдоронаш 12 рӯз дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат идома кард. Рӯзи 16-уми сентябр расман аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз ҷонибдоронаш хабар нашр шуд.

Бар асоси иттилои расмӣ давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шуд. Ҳоло беш аз 120 нафар ҷонибдорони гурӯҳи Назарзода боздошт шудаанд ва даҳҳо тани дигар бо гумони узви гурӯҳи Назарзода ҷустуҷӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG