Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт ду зиндонии пешини маҳбаси Гуантанамо хабар дод, ки ба гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ пайваста буданд.
Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Меҳрубон Одинаев, соли тавалудаш 1962, зодаи ноҳияи Панҷ ва Шафӣ Солеҳов, соли таваллудаш 1978 зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо даъвати Сарабек Муродов ба гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мепайванданд.
Сарабек Муродов, маъруф бо лақаби “Шайх”-ро мақомот дар гурӯҳи ҷиноӣ таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода ҳамчун муовин боздошт кардаанд.
Меҳрубон Одинаев зимни бозпурсӣ эътироф кардааст, ки ӯ чанд рӯз пеш бо даъвати Сарабек ба Душанбе омад ва шаби 4-уми сентябр ба Корхонаи нонпазии Назарзода рафта, дар он ҷо мусаллаҳ шуд. Ӯ мегӯяд, аммо дар роҳ ба сӯи Ромит ҳангоми тирборон аз самти муқобил аз гурӯҳ ҷудо шуда, силоҳашро зери хок кард ва худаш пас аз чанд рӯзи пинҳоншавӣ боздошт шуд.
Тибқи иттилои расмӣ ин ду боздоштшуда соли 1993 дар Ҷумҳурии Афғонистон қарор доштанд ва дар он ҷо ба гурӯҳи фармондеҳи собиқи мухолифини тоҷик Ризвон Садиров ҳамроҳ шуданд. Онҳо баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар соли 1998 қатори садҳо ҷангии мухолифин мавриди афв қарор гирифтанд.
Вале соли 2001, дар ҳоле, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ҳанӯз бо гурӯҳҳои парокандаи ҷангиён вориди даргирӣ буданд, ин ду нафар дубора ба Афғонистон фирор карданд ва ба муқобили нерӯҳои Амрико ҷангиданд. Ҳамон сол дар яке аз задӯрдҳо боздошт ва ба зиндони Гунатанамои Куба интиқол ёфтанд.
Соли 2010 ин ду нафар бо дархости ҷониби Тоҷикистон аз зиндони Гуантанамо ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва баъди ду моҳи боздошт озод шуданд. Мақомот ин ду боздоштшударо аз хатарноктарин аъзоёни дастаи Абдуҳалим Назарзода медонанд.
Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт.
Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузоштанд. Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели“ содир кардани ҷиноят” аз мақомаш барканор ва баъди 12 рӯз дар пайи амалиёти низомии ҳукумат кушта шуд.