Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: Ҳамлаи "Ҳоҷӣ Ҳалим" 5 сол пеш тарҳрезӣ шуда буд


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода аз панҷ сол қабл гурӯҳҳои мусаллаҳро ташкил намуда ва онҳоро сармоягузорӣ менамуданд.

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шаби гузашта гузориши Додситонии кулл роҷеъ ба ҳаводиси ахири кишварро пахш кард, ки тибқи он Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ бо дастури Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ аз панҷ сол пеш гурӯҳҳои мусаллаҳро ташкил кардааст.

Ин гузориш мегӯяд, ки аз соли 2010 то моҳи августи 2015 муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо дастур ва раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳадафи таъсиси "иттиҳодияҳои ҷиноятӣ" беш аз 20 гурӯҳ дар ҳайати аз 10 то 30 нафарӣ ташкил намудааст.

Бар пояи ин гузориш, аксари афроди ин гурӯҳҳо аз ҳисоби размандагони Иттиҳоди мухолифони пешин буданд ва ба онҳо аз маблағҳои "сарчашмааш номаълум", моҳона аз 400 то 600 сомонӣ пардохт мешудааст. Шумораи ин афродро Додситонии кулли Тоҷикистон 300 нафар мегӯяд, ки раҳбарии умумии онро худи Абдуҳалим Назарзода ба зимма доштааст.

Тибқи ин гузориш, ҳар яке аз ин гурӯҳҳоро аз ҷумла полковник Ҷунайдулло Умаров, сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа, полковник Назармаҳмад Сафаров муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳ, полковник Умар Юнусов сардори шуъбаи разведкаи ҳарбии қушунҳои хушкигард ва дигар хизматчиёни баталиони 25-и қисмии ҳарбии 31001 раҳбарӣ мекарданд ва нақшаи ҳамла ба ниҳодҳои қудратӣ дар Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакиро тарҳрезӣ намуданд.

Гузориши Додситонии кулл мегӯяд, ки генерал Назарзода бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ ва якҷоя бо ҳаммаслаконаш озодона ба қисмаҳои ҳарбӣ ворид шуда ва миқдори зиёди аслиҳа, аз ҷумла аз ҷумла 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 64 ҳазору 445 дона тирҳои қутрашон ҳархеларо тасарруф карданд ва шаби 3 ба 4 сентябр ба нерӯҳои интизомӣ дар Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ ҳамла намуданд ва 9 корманди ҳифзи ҳуқуқро куштанд.

Ба дунболи ин ҳамлаҳо афроди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба дараи Ромит дар 50 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон паноҳ бурданд ва ҳамин тавр амалиёти нерӯҳои давлати алайҳи онҳо оғоз шуд ва 12 рӯз давом кард. Мақомоти тоҷик рӯзи 16 сентябр аз кушта шудани Ҳоҷӣ Ҳалим ва поёни амалиёт хабар доданд. Тибқи иттилои расмӣ дар ин амалиёт 14 нафар аз нерӯҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи вижаи "Алфа"-и КДАМ Рустам Амакиев кушта шуданд. Мақомот шумораи кушташудагони гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалимро 25 нафар эълон карданд.

Ин барои бори дувум аст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба таври расмӣ Ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам мекунад. Аз ин қабл низ, дар таърихи 17 сентябр Додситонии кулли Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода айбдор карда буд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ иттиҳоми додситонии кулро бепоя номида рад кард.

Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба ин изҳорот гуфт: “Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кулл ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд."

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, “тамоми талошҳои мақомот барои таҳрики ҳизби мо ба иқдомоти тунд ва тундраву ифротгаро эълон кардани мо натиҷа надод ва дар ниҳоят ошӯби генерал Назарзода дасти онҳоро кушод. Ошӯби генерал танҳо баҳои хубе барои иҷрои нақшае гардид, ки кайҳо боз омода мешуд. Назарзода ҳеҷ гоҳ узви ҳизби мо набуд. Гузашта аз ин, солҳои охир ӯ аз мо фосила гирифта буд ва тамоси хеле кам дошт. Ангезаҳои амалҳои ӯро бояд дар сиёсати хатои худи ҳукумат ҷуст, мисли ангезаҳои сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафи созмони “Давлати исломӣ” пайваст.”

XS
SM
MD
LG