Сафири ИМА дар Сербистон Кайл Скотт рӯзи 12 июл бо пахши изҳороте дар шаҳри Белград нахуст аз ҳукумати Сербистон барои пазириши ду зиндонии собиқи Гуантанамо изҳори сипос кард. Дар идома ӯ гуфт, ки аз рӯи тасмими ҳарду ҷониб, собиқ зиндониҳои Гуантанамо - шаҳрвандони Тоҷикистон ва Яман, ки ба Белград рӯзи 11 июл оварда шуданд, "ба ҷомеаи Сербистон ҳамоиш меёбанд". Вай зиёд дар ин бора тавзеҳот надод, вале гуфт, ҳамакнун ин ду нафар "шонсе барои шурӯи зиндагии нав доранд".
Рӯзи 11 июл мақомоти Департаменти давлатии ИМА аз ҳукумати Сербистон барои омодагиаш дар қабули ду зиндонии хориҷии Гуантанамо дар ин кишвар изҳори сипос кардаанд. Виктория Нуланд, ёвари вазири хориҷаи ИМА дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Белград шоми рӯзи 11 июл дар ҳузури нахуствазири Сербистон Александр Вучич гуфт, ки маъмурияти Обама аз чунин ҳамкории Сербистон изҳори сипос мекунад.
Ин ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Аврупо гуфт, “Ин қазия ба ҳамагон маълум шудааст ва бо истифода аз ин фурсат ман аз Сербистон ва нахуствазир аз номи президент Обама изҳори сипос мекунам, ки дар тағйири макон кардани собиқ зиндониҳои Гуантанамо дар қатори давлатҳои дигари аврупоӣ саҳмгузор шудааст. Ин саҳми аврупоиҳо дар баста шудани зиндони ҷазираи Гуантанамо қобили қадрдонист”.
Рӯзи душанбе, 11 июл Муҳаммадӣ Давлатов, шаҳрванди Тоҷикистон ва
Мансур Аҳмад Саад Аддайфӣ, шаҳрванди Яман ба Сербистон интиқол ёфтанд. Шумори зиндониҳои Гуантанамо ҳамакнун то 76 нафар коҳиш ёфта, ва ба иттилои мақомоти амрикоӣ, барои дар кишвари худ ҷой додани 27 нафари дигари онҳо кишварҳои хориҷии дигар изҳори омодагӣ кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешаванд ва онҳоро чӣ сарнавиште интизор аст. Дар изҳороти матбуотии худ нахуствазири Сербистон Александр Вучич гуфт, иқдоме, ки Сербистон кардааст, корест, ки дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон ҳам кардааст.
“Ин корест, ки мо ба унвони як шарик дар амалиёти зиёди сулҳомез, аз Қибрису Лубнон сар карда бо Африқои Марказӣ анҷом додаем. Сербистон ба иҷрои нақши ҳамкораш дар тақвияти сулҳи ҷаҳон идома медиҳад”. Дар изҳороте, ки ба ин муносибат вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ шоми 11 июл пахш кард, ИМА аз Сербистон барои чунин як иқдоми башардӯстонааш изҳори сипос кардааст.
Оҷонсии Ройтерс аз қавли як мақоми Пентагон навиштааст, ки ин барои нахустин бор аст, ки ИМА зиндониҳои Гуантанаморо дар Сербистон ҷой мекунад. Дар ҳоле, ки мақомоти Сербистон ҳанӯз дар бораи шарту шурути нигаҳдории ду зиндонии Гуантанамо дар қаламрави худ сӯҳбат намекунанд, як таҳлилгари маҳаллӣ гуфт, ки дар амал Давлатов ва Аддайфӣ озод мешаванд.
Вале Драгомир Анҷелкович, як таҳлилгари сиёсӣ ва нафари наздик ба ҳизби ҳокими “Пешрафт”-и нахуствазир Вучич дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар шаҳри Белград гуфт, аз рӯи қарордодҳои ҳамсони ИМА бо даҳҳо дигар кишваре, ки зиндониҳои Гуантанаморо қабул кардаанд, зиндониҳои собиқ бо барномаи “ресотсиализатсия” пазируфта мешаванд. Ин барнома кӯмаки ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба ин зиндониҳои собиқ дар назар мегирад. Аз ҷумла, онҳо ҳақи иқомати озоди “мисли шаҳрвандони Сербистон”-ро дар суроғаи муайян хоҳанд дошт, зери назорати мақомоти ҳифзи қонуни ин кишвар хоҳанд буд, вале айни замон, ҳақи таҳсил дар мактаб ё донишгоҳро пайдо мекунанд.
Дар сурати бидуни мушкил пеш рафтани зиндагии онҳо дар марҳилаи аввал, баъдан шароити будубошашон дар ин кишвар озодтар мешавад. Мӯҳлати санҷишии зиндагӣ дар Сербистон ҳамчунон маълум нест. “Вале дар марҳилаи аввал сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ назорат мекунанд, ки то куҷо рафтору амали ин нафарон мутобиқ ба қонун буда, бо афроди машкук ва ё ҷинояткор дар тамос набошанд”, гуфт Драгомир Анҷелкович.
Дар бораи тасмими интиқоли Давлатов ба кишвари сеюм гуфта мешавад, ки ҳанӯз шаш соли пеш шаш сохтори ҳукуматии Амрико тасмим гирифтанд, ки ӯро на ба Тоҷикистон, балки ба макони амни дигар интиқол диҳад.
Сабаби ин – пофишории Давлатов ба мавриди шиканҷа ва азияту озор қарор гирифтанаш дар зиндонҳои Тоҷикистон будааст. Аз рӯи гумонҳои муфаттишони амрикоӣ, Давлатов ба унвони як узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар қароргоҳҳои террористии Ал-Қоида тамрин дидааст, иттиҳоме, ки худи ӯ ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи тасмими ба Сербистон интиқол ёфтани Давлатов хабаре надоранд.
Дар вазорати умури дохилаи ин кишвар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора аз матбуот огаҳ шудаанд, вале дар дасти онҳо ҳеҷ иттилое дар бораи ин шаҳрванди Тоҷикистон мавҷуд нест. Аз рӯи иттилои расмӣ, Муҳаммадӣ Давлатови 38-сола ва сокини ноҳияи Панҷ то замони ба Сербистон интиқол ёфтанаш тақрибан 14 соли зиндагиашро дар зиндони амрикоии Гуантанамо дар Куба сипарӣ кардааст. Муҳаммадӣ Давлатов тавассути вакили дифоаш гуфта буд, ки ӯро соли 2001-ум нерӯҳои амниятии Покистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ дастгир карданд ва ба дасти сарбозони Иёлоти Муттаҳида доданд.
Ӯ гуфта буд, ки дар пайи нооромиҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо зиндагӣ мекард ва баъди шурӯи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 ба Покистон рафтааст.
Дар гузашта ин маҳбуси тоҷик бештар дар матбуот бо номи Умар Абдуллоев ёд мешуд. Вале соли 2010 модараш Шамъигул Нуруллоева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номи ӯ на Умар Абдуллоев, балки дар асл Муҳаммадӣ Давлатов аст. Вай аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки фарзандашро ба кишвар биёранд.
Рӯзи 12 июл ба радиои Озодӣ дар ҷамоати шаҳраки Панҷ воқеъ дар маркази ноҳии Панҷ гуфтанд, ки модари Давлатов хонум Шамъигул Нуруллоева як сол пеш даргузашт ва ҳоло падари ӯ Фатҳиддин Давлатов саробони ин хонавода аст. Замоне, ки Давлатов ба Гуантанамо интиқол ёфт, соли 2001 буд ва он замон шумори маҳбусони ин зиндон то 600 нафар мерасид. Шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Гуантанамо то 12 нафар мерасид ва то имрӯз аксари онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Баъзе аз он бандиёни тоҷики Гуантанамо, ки ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд, бо гуноҳи узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ба зиндон андохта шудаанд. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо соли гузашта Амрикоро барои ба Тоҷикистон фиристодани чанде аз бандиёни собиқи Гуантанамо танқид карда буд. Ин созмон гуфт, баъди интиқол ба Тоҷикистон додгоҳ ҳадди ақалл се бандии собиқи Гуантанаморо ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.