Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи охирин тоҷики Гуантанамо


Умар Абдуллоев ё Муҳаммадӣ Давлатов?
Умар Абдуллоев ё Муҳаммадӣ Давлатов?

Волидони Муҳаммадӣ Давлатов, ки дар расонаҳои хабарӣ аз ӯ ҳамчун Умар Абдуллоев ва «охирин маҳбуси тоҷик дар зиндони террористони Гуантанамо» ном бурда мешавад, аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, дар интиқоли ӯ ба ватан мусоидат кунад.

НОУМЕДИЕ, КИ БА УМЕД ТАБДИЛ ШУД

Фатҳиддин Давлатови 70-сола, сокини ноҳияи Панҷ, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, дар 12 соли ахир ӯву ҳамсараш аз аҳволи Муҳаммадӣ ҳеҷ паёме ё хабаре надоштаанд, ҷуз он иттилоъ, ки расонаҳо дар борааш нашр кардаанд. Фатҳиддин Давлатов ва Шамъигул Нуруллоева, ки иддао мекунанд, волидони «охирин маҳбуси тоҷик дар зиндони Гуантанамо» мебошанд, мегӯянд, акси фарзанди худро дар рӯзномаҳои тоҷикӣ пайдо карда, мутмаин шудаанд, ки вай на Умар Абдуллоев аст, тавре ном бурда мешуд, балки Муҳаммадӣ Давлатов - писари ин хонадон мебошад.

Фатҳиддин Давлатов:
«Мо аслан умед надоштем, ки писари мо зинда аст. Аммо намехостем ба овозаҳо дар бораи марги ӯ ҳам бовар кунем. Охир аз соли 1998 дигар ӯро надидем, на хату на хабар аз ӯ. Ҳатто мешуд, ки чанд сол пеш ба хонаи мо ҳамсояҳо, дӯстони собиқи Муҳаммадӣ меомаданд барои фотеҳахонӣ. Аммо мо ягон маъракаи ёдбуд доир накардем. Аммо ҳамин охирҳои соли гузашта чанд намуд газетаро ба мо оварданд аз Душанбе, гуфтанд, ки ба писарат монанд, мо акси Муҳаммадиро шинохтем, модараш, ҳама хешовандон шинохтанд. Аз мӯйи духтарон барин дарозашу ришу қошони сиёҳаш ва бузбалагиаш шинохтем. Бачаи худамро чи хел намешиносам?! Баъд фаҳмидем, ки зинда аст, лекин номашро Умар Абдуллоев навишта буданд дар рӯзномаҳо…»

Шамъигул Нуруллоева: «Дили модар гувоҳӣ медиҳад, ки вай писарам аст, ҳатто шубҳа надорам. Ҳама аломатҳои чеҳрааш қариб ки тағйир наёфтаанд…»

ПУЛИС МУТМАИН НЕСТ

Милисаи маҳаллӣ ҳам бо дархости ақрабои Муҳаммадӣ, аз рӯйи аксҳое, ки дар рӯзномаҳо нашр шудаанд, таҳқиқот бурдааст. Шовалӣ Умаров, муовини аввали сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ, мегӯяд, саддарсад мутмаин нест, аммо, ғолибан дар рӯзномаҳо акси Муҳаммадӣ Давлатов ҷой дода шудааст:

Шовалӣ Умаров
: «Ҳоло милитсия ба масъалаи аниқ кардани он ки оё дар ҳақиқат маҳбуси тоҷикистонӣ, ки дар Гуантанамо аст, Муҳаммадӣ Давлатов мебошад ё Умар Абдуллоев ва умуман, он ҷо аз Тоҷикистон ягон нафар нигоҳдорӣ мешавад ё хайр, машғул мебошад. Аммо тамоми чизҳое, ки тасдиқи худро ёфтаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар аксе, ки аз ӯ Умар Абдуллоев муаррифӣ мешавад, ҳақиқатан Муҳаммадӣ Давлатов аст, фарзанди оилаи Давлатовҳо мебошад. Инро шоҳидони бисёре тасдиқ карданд, аз ҷумла ҳамсояҳо, собиқ ҳамсабақону дӯстонаш ва онҳое, ки дар як воҳиди низомӣ бо ӯ буданд. Идораи ҷамоат ҳам маълумотномаи тасдиқшуда дод дар ин бора. Вазорати корҳои дохилӣ ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Амрико муроҷиат карда буд дар бораи муайян кардани шахсияти маҳбуси тоҷики Гуантанамо. Ҳоло мушаххас гуфта наметавонам, ки оё посухе дарёфт шудааст ё на…»

ЗЕРИ РАҲБАРИИ МИРЗО ЗИЁЕВ

Муҳаммадӣ Давлатов 11-уми октябри соли 1978 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омада, пас аз хатми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ин ноҳия, барои адои хизмати ҳарбӣ ба Душанбе рафтааст.

Ба гуфтаи Фатҳиддин Давлатов, писараш Муҳаммадӣ то соли 1998-ум дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ таҳти раҳбарии генерали марҳум Мирзо Зиёев кор карда, ба таври асрорангез аз ҳамон ҷо нопадид шудааст. Вай мегӯяд, бори охир писараш Муҳаммадиро ҳамроҳ бо генерал Мирзо Зиёев пас аз истиқрори Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ноҳияи Панҷ дидааст. Аз ӯ пурсидам, ки оё боре аз Мирзо Зиёев оид ба тақдири писараш пурсон шуд?

Фатҳиддин Давлатов: «Росташа гӯям, ҳамон мардаки раҳматӣ ягон касро ёрдам кардагӣ нест. Нигаҳ мекардам ба корҳояш, барои ҳамин пешаш нарафтам. Аммо ба худи вазорат борҳо рафтаам, аз бачаҳое, ки хобгоҳашон бо писарам якҷоя буд, рафиқонаш, ки дар МЧС буданд, мепурсидам, ки куҷо шуд Муҳаммадӣ. «Э, ака, - мегуфтанд онҳо, - агар ягон ахбор мешуд дар бораи зинда ё мурда буданаш, мо дарак меёфтем». Ҳамин хел ахбор медоданд бачаҳо ба ман.…»

РОҲ ТО БА ГУАНТАНАМО

Мақомоти милиса мегӯяд, агар ҳам Муҳаммадӣ Давлатов феълан дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад, вай дар хориҷ аз Тоҷикистон, ғолибан, дар Афғонистон ё Покистон дастгир шуда ва ба он сӯйи уқёнус интиқол ёфтааст.

Шамъигул Нуруллоева, модари 63-солаи Муҳаммадӣ мегӯяд, барои вай то ҳанӯз норӯшан аст, ки чӣ гуна ва аз кадом роҳ писараш аз коргоҳи худ - Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ - то ба Афғонистон расидааст.

Холаи Шамъигул: «Ҳоло аз телевизион манзараи азоби зиндоне дар рӯйи ҷазираро дида дилам реш мешавад, бандаҳоро дасту пояшонро баста, рӯяшон рӯймол гузошта буданд. Тарс мегирад одамро. Писарам чӣ ҳол дошта бошад…»

УМАР АБДУЛЛОЕВ Ё МУҲАММАДӢ ДАВЛАТОВ?

Тибқи иттилои расмӣ, Умар Абдуллоев (ё Муҳаммадӣ Давлатов?) соли 2001 баъд аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар қаламрави Покистон боздошт шуда, ба зиндони Гуантанамо таҳвил гардидааст. Вай худро бегуноҳ шумурда, гуфтааст, ӯро бо роҳи фиребу шиканҷа ба дасти маъмурони амниятии Амрико супурдаанд.

Вале ӯ ба унвони охирин маҳбуси тоҷик дар Гуантанамо ҳудудан як сол пеш гуфта буд, ки намехоҳад ба зодгоҳаш Тоҷикистон истирдод шавад.

Волидони Муҳаммадӣ мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ, вай ба хотири ҳифзи ҷони ақрабояш дар Тоҷикистон худро Умар Абдуллоев муаррифӣ кардааст:

«Вай гуфтааст, ки зодгоҳи ман Шарора аст. Хешу таборам дар Шарора таги хок мондаанд. Тарсидааст шояд. Барои он дурӯғ гуфтааст, ки падару модарашро ғам надиҳанд, кашокаш наандозанд. Шояд намедонад, ки ҳоло дар Тоҷикистон тинҷӣ аст…»
«Вай ягон асос барои наомадан ба Тоҷикистон надорад, ба назари мо. Вай оромтабиат буд, дар мусулмонӣ сахт буд. Доим китобҳои динӣ мехонд. Ҳоло мегӯянд, ки вай дар ҳамон Гуантанамо дар пешаш оби гарм, оби хунук, Қуръон, ҳам китобҳои илмӣ, исломӣ мехонад…»

ЧАРО ОХИРИН ТОҶИКИ ГУАНТАНАМО МЕТАРСАД?

Аз Шовалӣ Умаров, муовини аввали сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ, пурсон шудем, ки оё Муҳаммадӣ Давлатов чӣ асосе барои тарс аз бозгашт ба Тоҷикистон дошта метавонад ва магар алайҳи ӯ дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятие ифтитоҳ шудааст?

Ҷаноби Умаров: «Нисбат ба Муҳаммадӣ Давлатов ягон парванда нест. Вай танҳо дар рӯйхатҳои аъзои гурӯҳи Мирзо Зиёев дар солҳои ҷанг ҳаст. Лекин иштирокчиёни ҷонибҳои даргири ҷанг ҳама афв шудаанд. Ҳоло ҳама собиқ пайравони генерал Зиёев дар озодӣ гашта истодаанд, дар ин масъала ягон гап нест. Аммо агар замоне ягон гуноҳи ҷиддӣ карда бошаду донад, ки дар ин ҷо шоҳидони бевоситаи ҷинояташ ба сар мебаранд, дар ин бора чизе гуфта наметавонам, дигар намедонам, ки чаро маҳбуси охирини Гуантанамо ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳад…»

«БА ЗАНҶИР БИОРЕДАШ!»

Муҳаммадӣ дар ин сурат дар тарафи чап нишастааст. Акс аз соли 1988
Бо ин вуҷуд, волидони Муҳаммадӣ дар номаи худ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон хостори он шудаанд, ки барои бозгашти фарзандашон ба Тоҷикистон мусоидат кунад. Фатҳиддин Давлатов мегӯяд, аз мақомоти кишвар мехоҳад Муҳаммадиро иҷборан ҳам бошад, ба ватан баргардонанд:

«Мо ба ҳамин мазмун нома навишта будем, ки имконияти моли овардани писарамона надорем. Ба мақомот гуфтем, ки агар наояд, дасту пояшро баста биёред. Ҳамон занҷирашро накушода, маҷбур биёред. Бигзор ҳабс кунанд. Ман ба ҳамааш розӣ. Чӣ коре кунанд, кунанд, фақат ҳамин ҷо бошад. Одамон одам мекушанд, дуздӣ мекунанд, ин писари мо дар ҷанг иштирок накарда бошад, ҷинояткор набошад. Бигзор биёяд, то бубинемаш…»

Фатҳиддин Давлатову Шамъигул Нуруллоеваи бознишаста сарфи назар аз ин ки соҳиби 8 фарзанданд, ҳоло дар танҳоӣ дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Панҷ ба сар мебаранд. Ба қавли онҳо, Муҳаммадӣ Давлатов писари саввуми ин хонавода буда, феълан, тамоми фарзандон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва Қазоқистон будаанд.
XS
SM
MD
LG