Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин тоҷики Гуантанамо: Умар ё Муҳаммадӣ?


Умар Абдуллоев ё Муҳаммадӣ Давлатов?
Умар Абдуллоев ё Муҳаммадӣ Давлатов?

Як зани 63-сола дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ хостааст, то дар бораи фарзандаш Муҳаммадӣ Давлатов, ки дар расонаҳо аз ӯ ба унвони Умар Абдуллоев ва “охирин маҳбуси тоҷик дар Гуантанамо” ном бурда мешавад, маълумоти дақиқ диҳанд.

“Ӯ писари ман аст”

Шамъигул Нуруллоева, ин зани 63-сола, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ баъд аз 18 соли ҷудоӣ акси фарзанди худро дар рӯзномаҳои тоҷикӣ пайдо ва шиносоӣ кардааст. “Акси ӯро рӯзномаҳои Душанбе чоп кардаанд. Бачаҳо ӯро дида, ба назди мо оварданд. Мо ҳам ӯро шинохтем ва дар ин бора ба милисахона хабар додем”,- афзуд ӯ.

Холаи Шамъигул мегӯяд, фарзанди ӯ Умар Абдуллоев ном надошта, балки Муҳаммадӣ Давлатов аст, ки соли 1978 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шуда, соли 1992, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба нияти ин ки ба шаҳри Душанбе меравад, бе ному нишон шудааст.

Вай афзуд, дар ин бора борҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда, хостори пайдо кардани писараш шудааст. Ҳамчунин, ба барномаи ҷустуҷуии “Жди меня” дар шабакаи аввали Русия рафта, ба мардум дар ҳар канори дунё муроҷиат ва акси писарашро нишон додааст: “Аз соли 1992 ба ин сӯ фарзанди ман бедарак шуд. На дар бораи мурда буданаш ва на дар бораи зинда буданаш чизе намедонистем. Ман худам чанд бор ба Маскав кофтанӣ рафтам, ба барномаи “Жди меня”. Ба ин барнома ҳам нома навишта ва аксашро фиристодаам. Лекин то ҳанӯз ҷавоби мусбате нест”.

Чӣ хел бовар кунем?

Аммо дар як они воҳид бовар кардан ба ин нақли модари 63-сола чандон осон ҳам набуд. Аз ин рӯ, кунҷкобона аз ӯ пурсидам, ки чӣ гуна фарзанди худро шиносоӣ кардааст, дақиқтараш аз рӯйи чӣ аломате? Вай гуфт, “сурати ӯро аз мӯйи сар ва абрӯву чеҳрааш шинохтам. Писари худат ширин метобад (механдад). Чӣ хел намешиносӣ? Ман ҳамин хел писари худро шинохтам”.

Шамъигул мегӯяд, интизории тӯлонӣ ва ҳамчунин бехабарӣ аз ҳоли фарзанди азиз ӯро бемор кардааст. Ва ӯ феълан аз бемории қанд ва фишори баланди хун ранҷ мебарад. Аммо ӯ гуфт, аз дидани акси фарзандаш ва шунидани хабари ин ки ӯ зинда аст, хушҳол аст. Вай мегӯяд, алорағми хабарҳое, ки қаблан дар замимаи тарҷумаи ҳоли Умар Абудуллоев нашр шудаанд, шавҳари ӯ Фатҳуддин Давлатов низ зинда буда, ба ронандагӣ машғул аст.

ВКД ҳам хабар дорад

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, онҳо низ номаи Шамъигул Нуруллоевро дар бораи ин ки Умар Абдуллоев писари ӯст ва номи аслияш Муҳаммадӣ Давлатов аст, дастрас карда, дар пайи таҳқиқи ин қазия ҳастанд. Як намояндаи Раёсати кофтукоби ҷиноятии ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи аввалияи онҳо ҳанӯз рӯшан накардааст, ки Умар Абдуллоев дарвоқеъ Муҳаммадӣ Давлатов ва фарзанди Шамъигул Нуруллоева аст, ё каси дигар.

Муҳаммадиро намешиносанд…


То кунун дар ҳич санади марбут ба зиндониёни Гуантанамо аз Тоҷикистон низ аз Муҳаммадӣ Давлатов ном бурда нашудааст. Аксар собиқ бандиёни Гуантанамо низ аз ӯ ном набурдаанд. Агарчӣ дар сӯҳбатҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки Умар Абдуллоевро дидаанд ва сӯҳбат кардаанд.

Зайнулобиддин Меъроҷов, ки ҳоло дар ҷамоати “Сайёд” - и ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекунад, дар зиндони Гуантанамо тӯли тақрибан ҳафт сол бо исми “Ҷумъаҷони Намангонӣ” зистааст. Вай дар як сӯҳбати худ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тӯли тақрибан як соат бо Умар Абдуллоев сӯҳбат доштааст.

Зайнулобиддин Меъроҷов дар сӯҳбати дигари худ бо ҳафтаномаи “Фараж” гуфтааст, ки дар зиндони Гуантанамо ӯро Меҳрубон аз ноҳияи Панҷ, Абдулкарим аз Душанбе, Юсуф, Собит ва Ҳайдар аз Исфара, Мазҳариддин, Муҳибулло ва Абдулғаффор аз Қубодиён ва Умар аз деҳаи “Шарора”-и ноҳияи Ҳисор ҳамроҳӣ мекарданд.

…аммо Умар маъруф аст

Номи Умар Абдуллоев ба унвони охирин маҳбуси тоҷик дар Гуантанамо ҳудудан як сол пеш рӯи забонҳо омад. Замоне ки вай гуфт, намехоҳад ба ватанаш Тоҷикистон истирдод шавад. Вайро соли 2001 баъд аз шурӯъи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар Покистон боздошт карда ва сипас ба Гуантанамо бурдаанд. Абдуллоев дар муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки “қурбонии ҳарисии маъмурони амниятии Покистон шудааст”, ки ба хотири инъом гирифтан, ӯро бо роҳи фиребу шиканҷа ба дасти маъмурони амниятии Амрико супурдаанд.

Дар шарҳи ҳоли Умар Абдуллоев, ки як созмони ҳомии ҳуқуқи Амрико нашр кардааст, мехонем, ки ӯ замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1992 дар синни 13-солагӣ бо хонаводааш аз тарси таъқиб ба Афғонистон фирор карда, то соли 1994 дар урдугоҳи Имом Соҳиб, наздикии шаҳри Қундуз ба сар бурдааст. Баъди шунидани хабари қатли падараш дар Тоҷикистон, Умар бо наздиконаш орзуи бозгаштро аз сар дур карда ва соли 2001 бо модараш ба урдугоҳе дар Пешовари Покистон рафтаанд. Ва 25-ӯноябри соли 2001 ба дасти маъмурони амниятии Покистон афтида, сарнавишташ то ба Гуантанамо кашидааст.

Бо ин ҳол, то кунун як суол беҷавоб мондааст, ки охирин тоҷик дар зиндони Гуантанамо кист: Умар Абдуллоев ё Муҳаммадӣ Давлатов?
XS
SM
MD
LG