Бо гузашти ду сол аз замони мамнӯияти мурофиаҳои додгоҳии Гуантанамо, ахиран раисҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ба азсаргирии мурофиаи гумонбарони терроризм дар ин зиндон иҷоза медиҳад.
Ин ҳам дар ҳолест, ба навиштаи пойгоҳи интернетии ҳафтаномаи амрикоии "Washington City Paper", рӯзҳои ахир дар додгоҳе дар Вашингтон парвандаи Умар Абдуллоев, ягона маҳбуси тоҷики Гуантанамо, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вакили дифои Абдуллоев ҳам ба натоиҷи мусбати ин мурофиа хушбин будааст.
Аммо Фатҳиддин Давлатови 72-сола, сокини ноҳияи марзии Панҷ гуфт, маҳбуси Гуантанамо, ки аз ӯ дар расонаҳои хабарӣ ҳамчун Умар Абдуллоев ном бурда мешавад, дар асл писари ӯ Муҳаммадӣ Давлатов аст.
Хонаводаи Давлатовҳо наздик ба ду сол муқаддам аз раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазорати корҳои дохилӣ хостори мусоидат дар бозовардани Муҳаммадӣ ба ватан шуда буданд.
Аммо Фатҳидин Давлатов мегӯяд, дар ин ду сол ӯву ҳамсараш аз мақомоти расмии кишвар ҳеҷ посухи мусбате дарнаёфтаанд. Вай дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки аз муроҷиатҳои батакрору бенатиҷааш ба мақомот маъюс шуда буд, хабари расонаҳо дар мавриди азсаргирии мурофиаҳои додгоҳии Гуантанамо шӯълаи умедро дар замираш дубора рӯшан кардааст.